Обу гилаш аз меҳри Ватан сиришта буд…

 Обу гилаш аз меҳри Ватан сиришта буд…

Ба муносибати 80-солагии адиби зиндаёд Аюб Кенҷа

Нависандаи соҳибзавқ Аюб Кенҷаро солҳои зиёд мешинохтам. Ҳама вақт маро хислати нозукбинии ӯ ба ҳаяҷон меовард. Ҳар вақте ки тасодуфан дар ҷойе рӯ ба рӯ мешудем, ҳатман дар мавриди ягон маводи тозаэҷоде, ки дар саҳифаҳои матбуот чоп шуда буд, сухан мегуфт. Агар он матлаб ба қалами ҷавоне тааллуқ дошта бошад, бештар хурсанд мешуд ва изҳори шодмонӣ менамуд, ки дар байни ҷавонҳо соҳибистеъдодҳо ҳастанд. Дар чунин лаҳзаҳо дурахши аҷибе дар чашмонаш дида мешуд.

Моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон баргузор гардид. Дар бахши наср нависанда Аюб Кенҷа низ оид ба ҳусну қубҳи асарҳои адибони ҷавон фикрҳои худро баён мекард. Дар он машварат адибони ҷавон Сурайё Аҳмадзод, Сайидо Шарафӣ, Малоҳат Амакова, Фаридуншоҳ Абдуллоев, Хуштарбек, Ҳомидҷон Умаров ва дигарон иштирок доштанд. Ҷавонон аз навиштаҳои худ намунае мехонданд ва нависандагон фикрҳои худро дар мавриди эҷоди онҳо баён мекарданд. Вақте дар эҷоди нависандаи ҷавоне ангезаи хуше мушоҳида мегардид, Аюби Кенҷа кӯдаквор хурсанд мешуд ва шодона қарсак мезад, ки “ана, бозёфти машварати имсолаи мо ҳамин ҷавонҳои хубанд, ки ояндаи насри моро соҳибӣ мекунанд…” Ёдам ҳаст, ки ҳамон лаҳзаҳо ба чеҳраи нуронии ӯ менигаристаму (эҳсос ва дида мешуд, ки саломатияш он қадар хуб набуд) аз дил мегузаронидам, ки аҷаб инсонҳои бузурге, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат арзишҳои маънавиро боло мегузоранд ва мехоҳанд саҳми худро дар рушди адабиёт, ба хусус наср, гузоранд.

Аюб Кенҷа 5 марти соли 1945 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи деҳқон таваллуд шуд. Дар мактаби 3-и зодгоҳаш 6 сол таҳсил карда, мактаби навбунёди рақами 4-и деҳаро соли 1963 хатм намуд. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Фаъолияти меҳнатияшро аз давраи донишҷӯйӣ-январи соли 1969 ба сифати мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз кард. Дар ин рӯзнома 5 сол ходими адабӣ, мухбири калон буд. Баъдан ӯро ба рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба кор даъват карданд. Солҳои 1974-81 мухбир, мухбири калон, муовини мудири шуъбаи адабиёт ва санъати ҳамин рӯзнома, баъд шаш сол дар Сарредаксияи Илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик ба ҳайси муҳаррири калони илмӣ, муовини мудири редаксияи назорати илмиву таҳрири адабӣ кор кард. Соли 1987 ба зодгоҳаш баргашт. Муддате дар китобхонаи он ҷо фаъолият намуд. Сонӣ, ба рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ба кор омад ва ба ҳайси мухбир, мудири шeъба, муовини котиби масъул кор кард. Аз соли 1991 то соли 2008 мухбири махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд буд. Аз моҳи январи соли 1999 то соли 2003 мухбири махсуси ҳафтавори “Паёми андоз” – нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Солҳои 1998-99 муовини муҳарририи ҳафтаномаи “Шуълаи умед” – нашрияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба дӯш дошт. Ӯ дар ташкили ин нашрия саҳмгузор ҳам буд.

Аввалин ҳикояи нависанда бо номи “Хӯрҷини ало” соли 1967 ва очерки “Давоҷӯ” соли 1969 дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) чоп шуданд. Китоби қиссаву ҳикоёти Аюб Кенҷа – “Оинаи дил” соли 1985 дар нашриёти “Адиб” бо пешгуфтори Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ интишор гардид. Қиссаи “Нони гарм” соли 1998 ба дасти хонандаҳо расид. Муаллифи маҷмуаҳои ҳикоёти “Қӯшчинор” (2005), “Саворони сафинаи сафед” (2006), “Номбардор” (2009), “Инсофи хунполо” (2010) мебошад. Дар таҳияи Қомуси “Парвозгоҳи бузургон” (бо ҳаммуаллифон), ки ба 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, саҳмгузор буд.

Намунае аз эҷодиёти адибони Русия, Доғистон, Молдова, Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард.

Зиндагиномаи як адибро метавон дар чанд сатр баён намуд, аммо бардошту таҷриба, масъулияту дард ва тазоду гирудорҳои ҳаёти ӯро наметавон дар чанд сатр зикр кард, зеро танҳо худи эҷодкор медонад, ки паси як ҳикоя ва ё қисса ва ҳатто як хабари одие, ки дар рӯзнома нашр мешавад, чи чиз нуҳуфтааст ва чи арзиш дорад.

Вақте Аюб Кенҷа дар бораи зиндагии худ нақл мекард, ҳамеша хотирае ӯро ба сутӯҳ меовард. Он замон ӯ хурдсол буд. Фасли зимистон ҳукмрону айёми ҷамъоварии охирин пағаҳои пахта. Модари ӯ низ чун дигар занҳои заҳматкаш кӯдаки навзоди худро ба парпече печонда, рӯйи замини сард ниҳода, аз пайи чидани пахта рафт. Кӯдак бедор шуду талвоса намуд ва аз шиддати талвоса парпеч кушода шуду ӯ ҳамоно ғаш мекард. Аюбе, ки худ ҳанӯз кӯдак буду кӯдакона орзу мекард, чунин ҳолати раҳмовари додараки худро дида натавонист, бо ашки шашқатор кӯдакро ба парпечаш печонду бо дастони ларзон ба тани хунукхӯрдаи худ пахш намуд. Ӯ худ хунук хӯрда буд, аммо сардии ҷисми додарчааш, ки ҳамоно беист мегирист, вуҷуди ӯро бештар ба ларза овард, ончунон ки сардӣ ҳамеша дунболагираш буд ва ба ёдаш меовард, ки додаракаш ҳамон лаҳза чи қадар дард кашид ва он дард то вопасин рӯз озораш медод…

– Шояд чунин дардҳое, ки маро ҳеч гоҳе тарк намекарданд, нависандаам карданд, – гуфта буд боре дар суҳбате нависанда.

– Оё рӯзноманигорӣ ба фаъолияти нависандагӣ халал мерасонад? – пурсида будам ман.

– Набояд фаромӯш кард, ки рӯзноманигорӣ ҳам, нависандагӣ ҳам пеш аз ҳама эҷод аст, – ҷавоб дода буд ӯ. – Аммо новобаста ба ин мақола навиштан аз муаллиф заҳматҳои зиёди дигаре талаб мекунад. Барои навиштани як мақола ё хабар журналист бояд ҳатман сафар бикунад. Санадҳои заруриро ҷамъ намуда, бо масъулон суҳбатҳо намояд. Журналист ҳатто барои эҷоди як хабар ҳам вақти зиёде сарф мекунад. Эҷоди асарҳои бадеӣ вазъи ором, рӯҳияи осуда, вақти зиёд барои андеша ва нишаста навиштанро талаб менамояд.

Ман 40 сол асосан дар матбуоти ҳукуматӣ фаъолият бурдам ва ҳамеша ҳаёти мардум, мушкилоти онҳо, орзуву ормон ва дарду заҳматашонро рӯйи коғаз меовардам. Дар баробари ин мекӯшидам, ки асарҳои бадеӣ низ эҷод бикунам. Рости гап, ҳозир ҳам рӯшод гуфта наметавонам, ки оё ду самт давомдиҳандаи ҳамдигар буданд ва ё «халалрасон». Аммо як чизро дақиқ медонам, ки воқеаҳои асарҳои бадеие, ки эҷод намудам, аз сафарҳои хидматиям сарчашма гирифтаанд. Нависандаи бузург Эрнест Ҳеменгуэй дар ин бора гуфта буд, ки рӯзноманигорӣ истеъдоди адибро ба нобудӣ мебарад. Ба андешаи ман, ин нукта ҳамон вақт бештар ҳақиқати воқеӣ мегирад, ки агар нависанда аз фаъолияти рӯзноманигорӣ барои худ баҳра набардорад, яъне маҳорати нависандагии худро нигоҳ дошта натавонад. Метавон чунин хулоса баровард, ки шахсияти эҷодкор дар ин ҳолат ё созанда аст ва ё сӯзанда…

Аюб Кенҷа яке аз иштирокчиён ва инъикосгарони фаъоли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ӯ ба ҳайси мухбири махсуси вақти ҳафтавори «Ҷумҳурият» дар иҷлосия иштирок дошт. Навиштаҳои нависанда оид ба машварати таърихӣ аз тарафи хонандагон хуб қабул шуданд, зеро дар онҳо дар баробари инъикоси воқеаҳои таърихӣ мавқеи якгунаи муаллиф эҳсос мешуд, зеро ӯ ҳамеша мегуфт, ки эҷодкор бояд дар ҳар давру замон, дар ҳама ҳолат, дар ҳама вазъи сиёсиву равонӣ мавқеи мушаххаси шаҳрвандӣ дошта бошад.

Аюб Кенҷа дар ду давраи таърихӣ – Шӯравӣ ва дар давраи Истиқлол зиндагиву эҷод кард. Дар ҳама маврид навиштаҳои ӯ, эҷодиёти ӯ саршор аз эҳсосҳои хуши инсонӣ будаанд. Ӯ дар навиштаҳояш хислатҳои ҷавонмардӣ, арзишҳои маънавӣ, хештаншиносӣ ва фарҳанги волоро тараннум мекард. Дар тамоми навиштаҳои ӯ мавқеи ягонаи ростини нависанда мушоҳида мешавад. Нависанда дар суҳбате, ки дар бораи эҷодиёташ сурат гирифта буду мавқеи шахсияшро инъикос мекард, гуфта буд:

“Худшиносии миллӣ аз замонҳои қадим ормони бузурги инсонҳост. Олимону адибон дар рушди ин амали худогоҳӣ саҳми арзанда доштаанду доранд. Ба ин метавонем китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ мисол оварем. Ин китобро метавон асари миллатшиносонӣ низ номид. Асари мазкур дар замоне эҷод шуда буд, ки душманони миллати тоҷик мавҷудияти ин халқи бузургро инкор мекарданд. Устод Айнӣ бо эҷоди ин асар бори дигар ба мавҷудияти халқи куҳанбунёди тоҷик таъкид кард ва бо ин асари худ ба душманони миллати тоҷик зарбаи ҳалокатовар зад. Ҳамчуни, ин китоб дар худшиносии миллии тоҷикони аввали қарни бист хидмати бузургеро ба иҷро расонд. Чунки дар он замон худшиносии миллии тоҷикон мувофиқи талаби замон набуд. Ин китоб дар рушди ҷаҳонбинӣ, махсусан хештаншиносии миллии меҳнаткашони тоҷик, саҳми арзанда гузошт.

Бузургдошти 1100-солагии Исмоили Сомонӣ, 1150-солагии устод Абуабдулло Рӯдакӣ, таҷлили 3000-солагии Хатлони куҳан, бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва монанди инҳо омилҳои басо муҳимму муқтадире буданд. Зеро ба ин васила аҳли ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳон имкон пайдо намуданд, ки аз гузаштаву таърихи бузургони миллати худ муфассалтар хабар ёбанд, ба зинаҳои баландтари худшиносии миллӣ бирасанд. Ва имрӯзҳо низ дар кишварамон ин падидаи хуш дар сатҳи баланди сиёсиву маърифатӣ роҳандозӣ шудааст. Барои мисол, як падидаи басо хуши ҷамъияти кунунии кишварро ба ёд меоварам, ки аз фазилати созандаи худшиносии миллии тоҷикистониён гувоҳӣ медиҳад. Ин ҳам бошад, фаъолияту амалҳои бунёдкоронаи соҳибкорони меҳанпарасти тоҷик аст. Шаҳре, ноҳияе, деҳкадае ва ё деҳаеву маҳаллае нест, ки тайи солҳои охир дар он ҷойҳо аз ҷониби соҳибкорон иншоотҳои муҳими истеҳсоливу маърифатӣ ва маишӣ сохта нашуда бошад. Ин аст тимсоли маърифати бузурги худшиносии миллии як тоифаи ҷомеаи Тоҷикистон – соҳибкорони соҳибдилу меҳандӯст. Амалҳои бунёдкоронаву созандаи дигар қишрҳои ҷомеаи кишвар низ хеле назаррас аст.

Баъди эҷоду нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар давраи ҳукмронии ҳизби коммунистӣ фарзандони соҳибдили ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон дар кори тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ саҳифаҳои тозаеро низ боз намуданд. Осори оламшумули адабии устод Садриддин Айнӣ, шеъру достонҳои пайвандгари тоҷикону оламиён Мирзо Турсунзода, осори адабии вассофи бузургии миллати тоҷик Сотим Улуғзода, ашъори меҳанпарастонаю шӯрангези Лоиқ Шераливу Бозор Собир, Гулрухсору Аскар Ҳаким ва бисёр адибони дигар дар тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ мақоми бузург доштанду доранд. Китоби аллома Бобоҷон Fафуров «Тоҷикон» як навъ ҷамъбасти мантиқии ин падидаи сиёсиву равонӣ ва иҷтимоии як миллати куҳанбунёд гардид ва рӯз ба рӯз неруи созандагии ин асар боло меравад.

Ҷавонони имрӯзаи тоҷикро зарури зарур аст, ки маърифати худро бо мутолиаи ин асарҳо баланд бардоранд. Он огоҳ расидан ба манзили мурод – меҳанпарастии комил осон мегардад. Зеро маҳз дониши комилу эҳсосоти баланд инсонро ба қуллаҳои баландтарини орзуву ормонҳо мерасонад».

Ёди нависандаи ватандӯсту ҳалолкор ҳамеша гиромӣ бод!

Матлубаи ЁРМИРЗО

Дигар хабарҳо