НӮШИН УМРИДДИН
УМРИДДИНИ НӮШИН (Юсуфов Умриддин) 1 октябри соли 1974 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1992-1997 донишҷӯи бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баъдан аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи филологияи араби ҳамин факулта будааст.
Солҳои 1999-2002 дар кафедраи филологияи араби факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгорӣ кардааст. Аз соли 2000 то 2014 ба ҳайси ёвари Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии калони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Дар мавзӯи «Ибни Рашиқ ал-Қайрувонӣ ва асари ӯ «ал-Умда фӣ маҳосини-ш-шеъри ва одобиҳ ва нақдиҳ» рисолаи номзади илми филология дифоъ кардааст. Муаллифи беш аз 20 мақолаи илмист.
Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ганҷури ишқ» (2004) ва «Замзамаи обшор» (2010) мебошад.
Иддае аз ашъораш дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Озодагон», «Ҳафтганҷ», «Оила», «Овоза ва ҳақиқат» ва маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» чоп шудаанд.
Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.