Ноширони аврупоӣ хоҳони ҳамкорӣ бо адибони тоҷиканд
Дар дидори ноширони аврупоӣ бо адибони тоҷик, ки рӯзи 25-уми сентябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт, имкони муаррифӣ ва баргардону нашри асарҳои бадеӣ дар Аврупо баррасӣ шуд.
Ато Мирхоҷа – муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон, зимни ифтитоҳи нишаст иброз дошт, ки 4 сол қабл ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои ҳамсуд дар заминаи тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забони русӣ муваффақ гардиданд.
Дар идома Гулсифат Шаҳидӣ, адиби русизабони тоҷик гуфт, Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз” дорад, ки набояд танҳо ба сиёсату иқтисод маҳдуд шавад, балки ба эҷод низ марбут бошад.
“Бояд талош варзем, ки дар бораи осори мо донанд, китобҳои моро хонанд ва ба забонҳои гуногуни ҷаҳон нашр кунанд”, – таъкид кард Г. Шаҳидӣ.
Вай афзуд, ки дар ин замина созмони эҷодии “АвруОсиё”, ки қароргоҳаш дар шаҳри Лондон аст, метавонад саҳим бошад. Ба бовари вай, ин роҳкор ба шахси эҷодкор ангеза хоҳад дод.
Раҳбари созмони “АвруОсиё” Марат Аҳмадҷонов изҳор дошт, ки дар дарозои 20 сол дар Аврупо ба нашру тарвиҷи адабиёти кишварҳои пасошуравӣ, бавижа Ӯзбекистону Қазоқистон ва Тоҷикистон машғул аст.
Ӯ барои густариши адабиёти халқҳо дар муҳити адабии Аврупо мақоми забони англисиро муҳим арзёбӣ кард.
Ба таъкиди Аҳмадҷонов, дар ин замина огаҳии бозаргонӣ (реклама) низ аз аҳамияти вижа бархурдор мебошад.
Аз сӯйи дигар Тайна Каунис – шоири Литва, шеваҳои даст ёфтан ба муваффақияти ҷаҳонӣ барои адибонро зикр кард. Ӯ, аз ҷумла, ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ, дарёфти сарпараст ва роҳандозии тарҳҳои хайриро барои нашри осори бадеӣ муассир донист.
Гуфтанист, ки дар ин нишаст ҳамчунин адибону мунтақидон Абдураҳмон Абдуманнон, Саид Сангин, Ато Ҳамдам ва дигарон ибрози андеша карданд.
Дар фарҷом ноширони аврупоӣ изҳори умедворӣ карданд, ки дар оянда бо адибони тоҷик ҳамкории танготанг хоҳанд дошт.
Ёдоварӣ мекунем, ки созмони эҷодии “АвруОсиё” дорои маҷаллаи “OCA Magazine” ва ҷашнвораву озмунҳои адабӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ду шумораи маҷаллаи мазбур ба Тоҷикистон марбут аст.
Ин созмон осори адибони тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ва Шаҳзодаи Самарқандиро ба забони инглисӣ чоп кардааст.