НОСИРҶОН САЛИМОВ

 НОСИРҶОН САЛИМОВ

НОСИРҶОН САЛИМОВ 3 декабри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони адабиётшиноси маъруф Юсуфҷон Салимов (1935-1978), ба ҷаҳон омадааст. Соли 1978 мактаби миёна, соли 1982 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро ба итмом расонда, солҳои 1982-1984 лаборанти кафедраи адабиёти донишкадаи мазкур будааст. Аз сентябри 1984 дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба ҳайси муҳаққиқи коромӯз ва омӯзгор фаъолият бурдааст. Соли 1990 дар мавзӯи «Ҳофизаи таърихӣ ва масъалаҳои тасвири ҳамзамонон дар насри тоҷикии солҳои 70-80» рисолаи номзадӣ, соли 2002 дар мавзӯи «Пайдоиш ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти форсии тоҷикии асрҳои миёна (X-XIII)» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1988-1989 ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1990-1992 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ будааст. Аз моҳи сентябри соли 1992 ба ҳайси дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба кор пардохтааст. Солҳои 1996-1997 мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, аз январи 1998 то апрели 1999 сарвари Маркази пажӯҳиши тамаддуни аҳди Сомониёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст. Аз моҳи апрели 1999 дар вазифаи ноиби ректори қисми илмӣ, аз моҳи сентябри 2000 ба ҳайси ноиби ректори қисми таълимии донишгоҳи номбурда фаъолият доштааст. Моҳи июли соли 2001 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардидааст. Муддате (2010-2011) ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода будааст. Соли 2012 сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2015 ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад.

Дар тӯли фаъолияти босамари илмию адабии Н.Салимов монографияҳои ӯ «Маърифати бадеии таърих» (1997), «Мероси Оли Сомон» (2001), «Марҳилаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классики форсу тоҷик (асрҳои IX-XIII)» (2002) ба нашр расидааст. Дар таҳияи матну нашри «Ҳазору як шаб» (ҷ.1-2; 1992), «Сомониён дар оинаи таърих» (ҷ.1-2; 1998), «Сафарнома»-и Носири Хусрав (2003) ва «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» (2007) ширкати фаъол доштааст.

То имрӯз беш аз 100 кори илмии ӯ ба чоп расидааст.

Н.Салимов соли 2002 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, соли 2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ҳамчунин, соли 2004 узви вобаста, соли 2008 узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Барандаи Ҷоизаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Ҷоизаи байналмилалии ба номи Манучеҳри Фарҳангист.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо