Носирони ҷавон чӣ мегӯянд?

Мусаллам аст, ки ҳама эҷодкорони ҷавон, сарфи назар аз ин ки дар кадом самт фаъолият мекунанд, ниёз ба дастгириву роҳнамоӣ доранд. Вобаста ба ин ИН Тоҷикистон ҷиҳати кашфи истеъдодҳо ва дастгирии онон ҳамеша тадбирандешӣ мекунад. Яке аз ҳадафҳои асосии Машварати адибони ҷавон, ки бо ибтикори ин ниҳод дар кишвар баргузор мегардад, низ ҳамин аст. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” василаи дигарест ҷиҳати дарёфти истеъдодҳо. Имсол бо ибтикори ИН дар ҳамкорӣ бо Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе маҳфили ҳамеша амалкунандаи «Маҳорати эҷоди наср» роҳандозӣ гардид, ки мақсад аз он низ тарбияти нависандаҳои наврас мебошад. Машварати охирини адибони ҷавон, ки соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, яке аз насрнависони умедбахш Малоҳат Амаковаро бо мо ошно кард. Ин бону, ки айни ҳол шуғли омӯзгорӣ дорад, дар навиштани ҳикоя соҳибистеъдод аст ва пайваста меомӯзад. Осори нависандагони тоҷик ва ҷаҳонро хондааст. Ин аз навиштаҳояш бармалост. Як ҳикояаш дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба нашр расид. Агарчи баъзе камбудҳои ҷузъӣ дошт, вале хуб буд. Дар интихоби мавзуъ, устухонбандӣ, чеҳрасозӣ то ҷое маҳорат дорад. Натиҷаи заҳматҳо ва истеъдоди хубаш буд, ки соли гузашта дар «Озмуни фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар бахши эҷоди наср миёни унвонҷӯён сазовори мақоми аввал гардид. Камбуде, ки ин нависандаи ҷавон ҷиҳати ислоҳи он бояд талош бикунад, муҷазбаёнист. Ба ибораи дигар, пур гуфтан дар бораи масъалаи ночиз ҳусни асарро мекоҳонад. Бояд бештару бештар омӯзад.

Шоир ва пажӯҳишгар Хуршеди Эҳсон низ гоҳе ҳикоя менависад. Назар ба ҳамсолонаш дар ин самт таҷрибаву маҳорати бештар дорад. Муҳим он аст, ки огоҳиаш аз насру паҳлуҳои он комил аст. Ҳарфи худро дорад. Чиро, чӣ гуна ва барои кӣ гуфтанро медонад. Забону баёнаш равон, ҳамафаҳм ва зебост. Барои тақвияти ин нукта овардани ҳамин иқтибоси хурдро аз ҳикояи «Захми ҷигар», ки дар он рӯзгори як муаллими дар муноқишаҳои марзӣ фарзандашро аздастдода ба риштаи тасвир кашида шудааст, бамаврид медонам: «Дар он рӯзҳо ӯ эҳсос кард, ки ба омадани одамҳо ба хонааш хеле ниёзманд аст. Ӯ дарк кард, ки гоҳе як инсон ба танҳоӣ наметавонад мусибатеро таҳаммул ва пушти сар кунад. Дар ин гуна лаҳзаҳо ниёз ба инсонҳои дигар дорад. Он вақт аст, ки инсон қуввати қалб пайдо мекунад ва умеди идомаи зиндагӣ дар ӯ намемирад».

Дар ин навишта ва дар маҷмуъ, дар худи ҳикоя, чи аз нигоҳи забону баён, чи аз ҷиҳати ҷумласозӣ ва ироаи ҳадаф ҳеҷ нақсе дида намешавад. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳикоя воқеияте баён шуда, ки ҳар касе мусибатеро пушти сар кардааст, умқи маънии онро бештар фаҳм мекунад. Умед мекунем, ки ин адиби ҷавон бо саъю дилбастагии бештар ба эҷоди наср таваҷҷуҳ карда, ганҷинаи насри моро ғанитар мегардонад.

Сумайя Бобоева нависандаи дигари навроҳи мост, ки пайваста дар омӯзишу ҷустуҷӯст ва навиштаҳояш хонандаро умедвор месозанд. Соли гузашта як ҳикояи ин нависандаи ҷавони мактабхонро маҷаллаи “Садои Шарқ” ба нашр расонд. Сумайя ба синну солаш нигоҳ накарда, дар навиштани ҳикоя, агарчи ҳанӯз бенуқс ва мукаммал нестанд, маҳорат дорад. Дар онҳо пора ва бандҳое дида мешаванд, ки аз истеъдод ва дониши адабии муаллиф дарак медиҳанд. Ӯ низ яке аз бозёфтҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.

Нависандаи дигар ҷавони мо Фурқати Низом аст. Бо навиштаҳои ӯ ошноии бештар дорем. Дар саҳифаҳои матбуот ва шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” онҳоро хондаам. Аксари онҳо ба маънои куллаш ҳикояанд. Яъне ба талаботи жанри ҳикоя ҷавобгӯ ҳастанд. Ӯ низ мисли чанд нафари дигаре, ки номашон дар боло зикр шуд, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муваффақ гардид. Фурқат кам, аммо хуб менависад. Забону баёнаш шевост. Дунёи ботину ҳолати руҳии қаҳрамонҳои худро бо баёни бадеӣ ба хонанда бозгӯ карда метавонад. Ҳикояҳои хурд зиёд дорад. Чанде қабл як ҳикояи хурди ӯ бо номи “Дунёи хунин” ба дастам расид. Агар дигар ҳикояҳояшро сарфи назар бикунем, бо баррасии ҳамин як ҳикоя аз зовияҳои гуногун бо дилпурӣ метавон ақида кард, ки Фурқат, воқеан ҳам, нависанда аст. Ҳикоя ҳамагӣ ним саҳифа аст, аммо маънии амиқро дар худ ғунҷондааст. Фикр мекунам, тасвири як фоҷеаеро, ки дилҳоро ба ларза меорад, дар ҳамин ҳаҷми танг ғунҷонидан истеъдоду маҳорат мехоҳад. Ҳикоя аз ин қарор аст, ки падар ба фарзандаш кураи замин, яъне глобусро ҳадя намуда, таъкид мекунад, ки агар аз он номи кишварамонро пайдо бикунад, ӯро туҳфаи дигар интизор аст. Кӯдак дар рӯзи дуюм номи Тоҷикистонро меёбаду шод мешавад. Мехоҳад ба падараш мужда диҳад. Аммо ҳама суруру хушҳолии ӯ дар як мижа ба ҳам задан аз миён меравад. Чаро? Барои ёфтани посух ба ҳикоя рӯ меорем: “Ногаҳон чашмаш ба исми кишваре афтод, ки ба хонаи онҳо хеле наздик буд… Вале дар ҳамин лаҳза садои гӯшхарошу тарснок фазоро пахш кард ва ӯро аз по афтонд… Кураи Замин пур аз хун шуд…”.

Тавре дидем, дар ин ҳикоя ҳеҷ ҳарфи зиёдатӣ нест. Анҷоме дорад басо риққатовар. Касро ба андешидан вомедорад ва ҳикояи хуб ҳам ҳамин гуна аст.

Мехоҳам дар мавриди эҷоди дигар нависандаи ҷавонамон Сайидо Шарафӣ чанд нукта бигӯям. Маҷмуаи ҳикояҳояш бо номи “Бибӣ, бобо, набера” ба дасти хонанда расид. Бештар барои бачаҳо менависад. Ҷиҳати ҷолиб дар навиштаҳои Сайидо гуногунии мавзуъ аст. Мусаллам аст, ки барои кӯдак навиштан кори саҳлу осон нест. Заҳмати бештар мехоҳад. Сайидо саъй мекунад бо забони барои бачаҳо фаҳмо нависад ва дар ин самт то ҷое муваффақ ҳам ҳаст. Вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки Сайидо самти эҷоди худро кам-кам тағйир додааст. Ба ибораи дигар, саъй дорад барои калонсолон низ эҷод бикунад. Ҳикояи “Бӯйи модар” аз ҳамин шумор аст. Он оғози хубу ҷаззоб дорад, вале дар идома андаке ба зиёдагуфторӣ пайванд мехӯрад. Бо мушоҳидаи ду самти эҷоди Сайидо метавон ақида кард, ки айни ҳол дар дуроҳа қарор дорад ва аз ду якеро бояд интихоб намояду гоми устувор гузорад.

Мижгона Халилзода аз дигар эҷодкорони ҷавони муваффақи даври ниҳоии Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ..” аст, ки чанд ҳикояаш бо номҳои “Пушаймонӣ”, “Рашк”, “Модар” дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба нашр расидаанд. Мижгона бештар аз ҳаёти занон менависад. Мавзуъҳои хуб ва дархури ниёзи хонандаи имрӯзро интихоб мекунад. Як муваффақияташ дар он аст, ки ҳар мавзуеро интихоб намояд, қаблан аз зовияҳои гуногун онро хуб меомӯзад. Мижгона дар навиштани ҳаҷв низ истеъдоди худро месанҷад. Ҳаҷвияҳои ӯ бо номҳои “Руъё” ва “Бурд” дар саҳифаи “Мушфиқӣ”-и ҳафтаномаи мавриди назар ба табъ расиданд, ки маҳорати ӯро дар ин самт нишон медиҳанд. Чанде пеш қиссаи хурди вай бо номи “Рӯбоҳбача” барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ аз чоп баромад, ки хуб истиқбол ёфт. Ҳамчунин, ӯ дар навиштани филмномаҳо низ маҳорати худро месанҷад. Аммо ӯро мебояд ба забони навиштаҳои худ бештар эътибор диҳад ва аз равиши публитсистию нақл канор равад.

Нависандагони ҷавони дигари мо, аз ҷумла, Муҳаммадалии Истам, Ҳалима Сафарова, Гулзода Шералӣ, Беҳрӯз Қаюмӣ, Доро Суҳробӣ ва дигарон дар ин ҷодаи сангин қаламфарсоӣ мекунанд ва бо навиштаҳои онҳо тариқи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ошноӣ дорем. Аз ин миён шавқу рағбати Муҳаммадалии Истам ба эҷод бештар эҳсос мешавад. Мехоҳад равишҳои нави насрнависиро таҷриба кунад. Ин хуб аст. Дар интихоби мавзуъ ва банду басти асар низ таҷриба дорад. Чун ба насри Эрон ва адабиёти ҷаҳон дар тарҷумаи форсӣ таваҷҷуҳ дорад, аз нигоҳи забон нохудогоҳ зери таъсир қарор мегирад. Вожаҳоеро мавриди корбурд қарор медиҳад, ки муродифи тоҷикии онҳо ба маротиб ширинтару зеботар аст. Ба ҳар ҳол, дар ин ҷодаи пуршебу фароз ва заҳматталаб барояш муваффақият мехоҳем.

Чанд рӯз қабл бо навиштаҳои як нависандаи ҷавон бо номи Гулзода Шералӣ ошноӣ пайдо кардам. Ҳикояи “Оҳуи шохшикастаи ман”-и ӯро хондам. Дарёфтам, ки навроҳ ҳам бошад, маҳорат дорад, аммо онро бояд бештар сайқал бидиҳад. Мавзуи ҳикояи мавриди назар ба иҷтимоъ пайванд мехӯрад. Масъалаи рӯзгордории инсонҳои имрӯзро ба риштаи тасвир кашидааст. Агарчи ҳадаф рӯшан аст, аммо забон ва тарзи баён ниёз ба бознигарӣ дорад. Ин камбудест, ки натанҳо дар осори нависандаҳои ҷавон, балки дар навиштаҳои бархе калонсолҳо низ дида мешавад. Онро бо роҳи забономӯзӣ, ғанигардонии захираи луғавӣ ва дарки масъулият дар назди забони ноби тоҷикиву беолоиш нигоҳ доштани он метавон рафъ кард.

Нависандаи ҷавон қабл аз оғози кори эҷодӣ бояд ба саволи “Чӣ мегузарад, кай ва дар куҷо?” ҷавоб ёбад. Бо пайдо кардани посух дар зеҳн метавон бо итминони комил ба баёну тасвири ҳодиса даст зад. Дигар ин ки аз баёни якмароми рухдод бояд канор рафт. Асари бадеиро ҷо доштани зиддият (конфликт) шавқовару муассир мегардонад. Ва зиддият метавонад миёни персонажҳо, миёни қаҳрамону қувваи табиат, миёни қаҳрамону муҳити ҳукмфармо ва ҳатто бо худ сурат бигирад. Омили дигаре, ки асарро ҷолиб мегардонад, интихоби мавзуи дархури хонандаи имрӯз, забони шево, баёни ҳарфи тоза, муколамаҳои нишонрасу таъсиргузор, банду баст, шиддатгирии зиддият, ба ибораи дигар, гиреҳбандӣ, кулминатсия ё авҷ, коҳиш ва эътидоли бархӯрдҳо, гиреҳкушоӣ ва анҷоми паёмдору пандомӯз аст.

Андешаҳои боло ба мо иҷозат медиҳанд, ақида бикунем, ки солҳои охир нависандагони ҷавони мо дар ин роҳи мушкилписанд азму талош доранд. Умедворем, ки бо талоши бештари онҳо насри тоҷик ҷилои тоза мегирад. Онҳоро мебояд дар баробари идома додани равишҳои суннатӣ аз тарзу равишҳои нави эҷоди наср кор бигиранд. Носирони ҷавон чӣ мегӯянд?

Сироҷиддин Икромӣ,
мудири бахши насри ИНТ

Дигар хабарҳо