Номаҳои андӯҳ дар ёдбуди Сардор Раҳдор

 Номаҳои андӯҳ дар ёдбуди Сардор Раҳдор

Ба муносибати 70-солагии шоир

Бародари қиёматии ман, шодра­вон Сардор Раҳдор чор сол пеш аз ҷашни 70-солагии умр дунёи замини­ро тарк карда, ба арши барин манзил гирифт.

Сардори азиз кулли уҳдадориҳои инсониву шаҳрвандияшро иҷро карда буд. Ҳамон лаҳзае ки мо кӯдаквор аз паси тобуташ мегиристем, ривояти падар ёдам омад: “Офаридгор аз боғи зиндагӣ гулҳои беҳтаринро мечинад”. Расо 4 моҳ боз ман ин матлаби дар­долудро анҷом дода наметавонам. Панҷаҳо сари ҳуруфи роёна шах ме­шаванду гиря маро гулӯгир мекунад. Ашк дастгоҳи ҳуруфи компютерро тар месозад. Гиряи мардро Жола Бадеъ тавонист тасвир кунад:

Чу мард гиря кунад,
                         ханда мекунад шайтон!
Чу мард гиря кунад,
                                  наъра мекашад тӯфон,

…Баҳори соли 1987 сиёсатмадор ва шоири афғон Фарид Аҳмади Маз­дак банда ва Сардор Раҳдорро ба зиёфати наврӯзӣ даъват кард. Ӯ низ шеър менавишт. Аз китобаш дар ху­суси гиря шеърҳо қироат кард. Устод Фарид намедонист, ки Сардор низ шоир аст. То рӯз Сардор шеър хонд.

Мо пас аз хидмат ва кор дар Афғо­нистон ҳафтае бо ҳам дидор доштем. Соле пеш бо Сардор қабл аз сафар ба шаҳри Маскав барои ҷарроҳии дил дар тарабхонаи Боғи “Истиқлол” гирд омадем. Роҳбалад ва танзимгари доимии маҳфили мо Шагарф Мулло Абдол шахсе буд, ки солҳои тӯлонӣ дар мамолики араб ба ҳайси тарҷу­мон кор кардааст. Шагарф сӣ сол боз маҳфилорои доимии дӯстон аст. Академики маҳфили мо Худобердӣ Холиқназар аз овони донишҷӯӣ бо зеҳни закӣ, адаби намунавӣ ва пок­тинатӣ шуҳрат дошт. Аз курси сеюм дар паҳлуи дарсҳои муқаррарӣ дар утоқи илмии дастхатҳои китобхонаи Ҷомӣ кор мекард. Ӯ низ солҳо дар Эрону Афғонистон кор карда буд. Дӯсти дигари мо Шакарбек бо вуҷуди симои рустамона доштанаш дар ум­раш то ҳол мӯреро озор надодааст. Камгапию пуркории ӯ ба ҳама басо маъқул буд. Афсӯс, ки файласуф ва мубаллиғи маҳфил Абусаид Шоҳ­хуморов дар авҷи камолоти умр ин дунёро тарк карда буд.

Мавзуи асосии онрӯзаи маҳфил табобати Сардор Раҳдор буд. Дӯстон ва пайвандонаш зӯран ӯро барои та­бобати дил ба Маскав фиристоданд. Сардор аслан ба дарду дармонаш бепарво буд. Дар ҳолатҳои маризии шадид низ аз шеъру суруд, аксиягӯӣ ва лутф даст намекашид.

– Ҷарроҳии қалби Сардор хеле вазнин аст, зеро дар ин дил тамоми дарду андӯҳи олам ғун шудааст, – бо ҳасрат гуфт Ато Мирхоҷа.

Хабари маризии охирини Сардор­ро он рӯз аз Канада шунидам. Ман дусад метр дуртар аз Қарияи Боло зиндагӣ мекунам. Вале Шагарф, ки дар Канада буд, гиряолуд гуфт, Сар­дор дар шифохона беҳуш аст.

Дар саҳни шуъбаи эҳёи шифохона наздикони шоир ҷамъ омада буданд. Ато Мирхоҷа дар долони бемористон маҳзун қадам мезад.

Ёд дорам, порсол вақти муарри­фии китоби “Сарои санг” Сардор бо ҳаваси холис гуфта буд:

– Агар ин хел роман менивиштам, аз дунё бе ҳасрат мерафтам.

Бо тавсияи табиб барои аз ҳолати беҳушӣ баровардани бемор равон­шиносон дар паҳлуяш истода, нақл кардани лаҳзаҳои хушоянди зиндаги­ашро тавсия доданд. Ман ба ин усул эътимод надоштам, аммо сухани ба­родараш Пасорхонро рад накардам. Дар сари болинаш лаҳзаҳои зиндагии сарбозии соли 1982-1984-ро қисса кардам. Порае аз ин лаҳзаро ба хо­нандагон низ қисса мекунам.

Максим Максимович

Чун узви бадани инсонӣ дили Сардор Раҳдор бори гарони муҳит ва зиндагиро намебардошт, зеро Сардор тамоми ҳаводиси неку бади зиндагиро аз тариқи он ба тафаккур интиқол медод. Сардор барои дарди дигарон ранҷ мекашид.

Баҳори соли 1982 мо аз қисми низомӣ барои хариди мева ба бо­зори Шаҳринав (дар шаҳри Кобул) рафтем. Як рӯз пеш барои мо маош дода буданд. Сардор ба тифлакон ва занони побараҳна пул тақсим мекард. Хуллас, маоши думоҳаашро ба бечораҳо бахшид. Роҳбалади мо прапоршик Витя Бугара гуфт:

– Лейтенанти калон Дилбоваров, (дар шиноснома Сардор Дилбоваров) агар маош бароят вазнинӣ кунад, ман ҳам мисли ин афғонбачаҳо муҳтоҷам.

– Витя, ба ту пул даркор нест. Бароят инсоф лозим. Лекин инсофро дар бозори Шаҳринав намефӯршанд.

Витя аслан маълумоти олии омӯз­горӣ дошт. Сардорро Максим Макси­мович мегуфт. Боре Амон Саидович, яке аз ҳамхидматони мо (руҳаш шод бод) ба Қамчибек Рашидбеков (руҳаш шод бод) ишора карда гуфт:

– Акаи Қамчибек, ин ҷӯраат Витя аз худ рафтааст. Ҳамаи моро лақабу ном мегузорад.

Акаи Қамчибек се усули тарбия дошт. Аввал бо сухан мефаҳмонд, си­пас ба кори иҷборӣ ҷалб мекард. Дар охир агар ин усулҳо натиҷа надиҳанд, гиреҳ мекард. Шодравон Қамчибек устоди ҳамаи тарҷумонҳо буд. Дар Ҳироту Кобул меҳмони олирутбаро ҳамроҳӣ менамуд. Ӯ бо хашм аз Витя пурсид:

– Витя, чашматро кушо. Ана биле­ти ҳарбии Дилбоваров, ин “Максим Максимович” чӣ маъно дорад?

– Ҷавобашро аз повести “Духтари капитан”-и Пушкин хонед, – гуфт Витя.

Ман, ки доиман худамро аз дигарон хонотару доно­тар медонистам, бо хиҷо­лат ба мутолиаи “Духтари капитан” шуруъ кардам. Максим Максимов дар ин повест бо лақаби “Максими дили тилоӣ” тасвир ёф­тааст. Оре, Сардор дили тилоӣ дошт ва дигар мо ӯро “Максим Максимович” хитоб мекардем.

Гулсара, та ба хаёл аз наядум…

Моҳи июли соли 1987 гурӯҳи кории мушовирони Кумитаи марказии Созмони ҷавонони Афғонистон ба вилоёти Қундуз,Тахор ва Самангон сафар намуд. Ману мушовири Институти кадрҳои ҷавон Александр Панкратов ба Са­мангон рафтем. Дар ин ҷо Сардор ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа менамуд. Баъди ду рӯз кори расмии санҷишу мусоҳибаҳо дар Айбак ба охир расид. Бояд рӯзи сеюм моро низомиён аз Айбак бо худ мебурданд, вале чор рӯз мунтазир мондем. 11-уми июли он сол шомгоҳ чанд нафар бадахшонии муқими Айбак моро ба меҳмонӣ даъват карданд. Барои рафтан ба меҳмонӣ бояд сараввал иҷозаи роҳбари дастгоҳи мушовирон дар Кобул Абдуҷаббор Раҳмонов (ҳоло сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон) ва ризоияти Панкратов лозим буд. Абдуҷаббор аз зумраи кормандоне буд, ки аз бисёр маҳдудиятҳо ва робитаҳои алоҳида бо шаҳрвандони Афғонистон чашм мепӯшид. Ё агар сардори гурӯҳ Але­сандр Петрович аз тариқи хабарка­шҳо огоҳ мешуд, Абдуҷаббор зуд сиёҳро сафед мекард. Бадахшониёни Айбак маҳфиле оростанд. Сардор дар маҳфил ба забони шуғнонӣ ва рӯшонӣ суруд мехонд. Рӯзи дигар суруди маъруфи “Гулсара таба хаёл аз наядум” (Гулсара, ба хаёлат ман дигар намеоям) эҷод шуд. Ҳанӯз дар замони шуравӣ суруд машҳур гарди­ду садҳо гулсараҳо аз ғояти рашк аз шавҳарҳояшон калтак мехӯрданд. Вақте ки бо хоҳиши банда овозхони номӣ Душанбе Паллаев (руҳаш шод бод) ин сурудро оҳанг басту хонд, шуҳраташ бештар шуд. Баъдан ҳу­нарманди овозадор Қурбоналӣ Раҳ­мон низ оро суруд. Боре дар шаби назми соли 1989 сари ин суруд баҳс сурат гирифт. Сардор хоксорона гуфт:

– Гулсара зани зебои тоҷик аст. Шояд дар Тоҷикистон ва ҳатто дар Осиё миллион Гулсара бошад. Ин зани хаёлии ман аст.

Банда низ ба баҳс ворид шуда, гуфтам:

– Гулсараро ман нағз мешиносам. Ин аспи қаҳрамони повести “Алвидоъ, Гулсарӣ”-и Чингиз Айтматов аст. Ин повести дӯстдоштаи Сардор аст.

– Ман намедонам, ин шеъри Сар­дор ба асп ё саг бахшида шудааст, ҳаминаш кофист, ки ин суруд ба ал­лаи занони тоҷик табдил шудааст, – илова кард муаллими номдор Шоҳҷон Шонаврӯзов.

Дар тантанаи ҷашни чилсолагии Сардор дар кохи маданияти Баррӯ­шон дар табрикотам зикр кардам, ки Сардор Раҳдор низ мисли ман дузана аст. Толор сукут кард. Пичир-пичир сар шуд. Ман суханамро давом додам. Зани аввали Сардор Ҳусния аст. Зани дуюми Сардор компютераш аст, ки 20 соати шабонарӯзро дар оғӯ­шаш сипарӣ мекунад. Садои қарсак пичир-пичирро пахш кард. Дидам, ки аз ҳама баланд Ҳуснияи ҳамсараш қарсак мезад. Фарзандонаш Субҳия, Заррина, Гуландом аз хурсандӣ гиря карданд, аммо пас аз 10 сол писараш Ноилшо пурсид:

– Амаки Наҷмиддин, падарам чанд компютер дорад?

Хандаи дуру дарози ман ҷавоб ба суол шуд…

Пас аз таваллуди писари меҳру­бонам Наҷибулло моҳи декабри соли 1987 Сардор аз Кобул нома шавишта, дар табрикоташ зикр намуд:

– Модели оилавиятро такрор кар­дам, аммо баръакс, ман се духтар дораму як писар, ту се писару як духтар дорӣ…

Дар омади сухан бояд ёдрас кунам, ки даҳ суруди ирфонии Сардор Раҳдор дар ҷамоати исмоилиёни Покистон, Ҳиндустон, Фаронса ва Канада дар маҳфилҳои расмӣ суруда мешаванд. Банда моҳи апрели соли гузашта шоҳид будам, ки дар Ҳиндустон як суруди Сардор Раҳдорро месуруданд.

Дар маҳфили “Адибони Бадах­шон” устод Ширин Бунёд ҳар узви маҳфилро мисли тахтаи шатранҷ мушаххасан барои амалиёти бозӣ ҷойгир мекард. Ба маҳфил Сардор ба ҳайси “Ниммуҳофизатгар” вориди набард мешуд. Сардор бо ду забон шеър қироат мекард. Авҷи маҳфилро Ато Мирхоҷа таъмин менамуд. Вале дар солҳои навадум Сардор аллакай ба “ҳамлагар”-и қавӣ табдил шуда, баъзан ба “дарвоза”-и худи устод Ши­рин Бунёд гол мезад. Дар таърихи 25 соли ин маҳфил танҳо Ато Мирхоҷа ва Сардор Раҳдор ба шаби эҷодии алоҳида ноил шуданд.

Табибон тавсия дода буданд, ки Сардор дигар кор накунад, вале аз нашрияи дӯстдоштааш “Нақлиёт” дил намеканд.

– Ман дар идораи газета исти­роҳат ва дар хона кор мекунам, – ме­гуфт бо лутф Сардор.

Афсӯс, эй Гулсара, акнун Сар­дор дигар намеояд. Фақат дар дили бозмондагон шуҷоату фазилат, ин­сонпарварии ӯ ва дар хазинаи маъ­навиёти мо осори ӯ боқӣ мемонад. Пас аз чил рӯз дафтари васиятномаи Сардорро кушоданд:

Ба бародаронаш Саттор, Пасор, фарзандонаш Ноилшо, Субҳия, Зар­рина, Гуландом дар баробари осори гаронғояааш, поктинатӣ, шуҷоату далерӣ, инсоншиносӣ, меҳри миллату Ватанро ба ёдгор гузошт.

Ёдат ба хайр, Сардор!

Наҷмиддин Шоҳинбод

Дигар хабарҳо