Номаи шодбошии ИНТ ба шоир Абдусаттори Раҳмон
Абдусаттори Раҳмон омӯзгори фанни риёзист ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ солҳои зиёд кор кардааст, вале муҳаббат ба адабиёти бадеӣ ва шавқи шеър гуфтан ӯро солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба майдони адабиёт низ овард. Ин буд, ки дар силки шоирони ҷавон хома ба даст гирифта, барои атфол шеър гуфт ва ӯро саодати бузург насиб гардид, ки аз маслиҳату дастгирию суҳбати устодони сухан Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Наримон Бақозода ва дигарон баҳраманду бархурдор шуд. Маҳз аз ин сабаб Абдусаттори Раҳмон роҳу равиши хешро дар ин ҷодаи пурзаҳмат пайдо намуда, барои хурдсолон шеър гуфта тавонист. Мудири бахши минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат таъйин шудан, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буданаш низ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Абдусаттори Раҳмон муаллифи маҷмуаҳои зиёд мебошад, аз ҷумла «Мо амак шудем» («Маориф», 1984), «Бибию бобои ман» («Адиб», 1989), «Шакаррез» («Адиб», 1992), «Боғи анор» («Маориф ва фарҳанг», 1999), «Чорбоғ» («Афсона», 2000), «Ҳамсафари беҳтарин» («Маориф ва фарҳанг», 2005), «Ман аз кӣ калон?» («Адиб», 2006), «Тавба» («Маориф ва фарҳанг», 2009), «Резу чош» («Адиб», 2015), «Чанори пур аз лона» («Маориф», 2018) ва ғайра китобҳои писандидаи хурдсолонанд.
Имрӯз бидуни шеъри осонфаҳму латиф, равону хотирмони Абдусаттори Раҳмон адабиёти муосири кӯдаконро тасаввур кардан номумкин аст. “Бача роҳгардон шавад”, “Нон”, “Силоҳпартоӣ”, “Чаро ман аз ҳама хурд?”, “Коҳиш”, “Тарона”, “Нинихобонӣ” ва ғайра аз ҷумлаи шеърҳои хуби бачаҳои мо мебошанд, ки имрӯз вирди забонанд. Чунин саодат насиби ҳар адибе намешавад.
Имсол Абдусаттори Раҳмон ба камоли умру эҷод расида, ба баландиҳои ҳунари шоирӣ сар кашидааст. Мо синни мубораки 70-ро ба шоири маҳбуби бачаҳо ва ба иродатмандону хонандагони бисёраш муборакбод гуфта, барояш саодати зиндагиву барори эҷодӣ орзу менамоем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон