Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам

 Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам

????????????????????????????

Муҳтарам Ҳотам аз зумраи шоирон ва донишмандони номвари замони мост. Ӯ ҳам бо маҷмуаҳои ашъор ва ҳам бо таълифоти илмияш дар байни аҳли илму адаб ва хонандагони тоҷик мавқеи намоён ёфтааст.

Мавсуф баъд аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм ва Институти давлатии педагогии Душанбе ба сифати омӯзгори мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияи Ёвон (1972-1973), муҳаррири хурд, муҳаррир ва мудири шуъбаи нашриётҳои «Ирфон», «Адиб» (1973-1990), тарҷумон дар Ҷумҳурии Афғонистон (1983-1987), раиси муассисаи на­шриявии «Ориёно» (1991-1996), сардабири ҳафтавори «Роҳи умед» (ҳоло «Нақлиёт» (1996-1997), муовини маҷаллаи «Садои Шарқ», ходими ҳаф­тавори «Адабиёт ва санъат» (1997-2000), мудири Котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2015) фаъолият кардааст. Аз моҳи июни соли 2015 то кунун ба ҳайси муовини директори нашриёти «Адиб» кор мекунад. Маҷмуаҳои ашъори «Камароб» (1979), «Дилафшон» (1983), «Сапеда» (1989), «Як қалам сарнавишт-як қадам саргуза­шт» (1996), «Саду яксола шавӣ» (1996), «Чашмору» (2006), «Сурӯши сухан», (2009) «Сухандору» (2009), «Дуруд ва падруд» (2023) ҳосили заҳматҳои ӯ дар ҷодаи шоирӣ мебошанд. Ҳамчун таърихдони хуб низ маъруфият дорад ва дар ин ришта чанд асари арзишманд таълиф кардааст.

Ба ҳайси тарҷумон гулчини ашъори шоирони тоҷику арман «Дасти дӯст» (1989), достонҳо аз «Иллиада»-и Ҳомер, ашъори А. С. Пушкин, И. Некрасов, шеърҳо ва достони «Фариштаи марг»-и М. Лермонтов, афсо­наҳои мардуми русу Шарқи Дур — «Афсонаҳои даврони қадим» ва шоирони дигар халқҳоро тарҷума кардааст. Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ, эстонӣ, белорусӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.

Хидматҳояш бо медали «Хизмати шоиста», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», (1998), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2016), Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2020), унвони «Мушовири давлатии дараҷаи 1» ва Шоири халқии Тоҷикистон (2022) қадр шудаанд.

Соҳибҷашни азизро ба муносибати 75-солагияш самимона шодбош гуфта, барояш тани сиҳат ва рӯзгори пурбаракат таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо