Номаи шодбошии ИНТ ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода

 Номаи шодбошии ИНТ ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода

Ба муносибати 75солагии адиби маъруф Мирзо Шукурзода

Адиби маъруф Мирзо Шукурзода пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ва бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973) дар бахши гуфторҳои адабию драмавии радиои ҷумҳурӣ фаъолияти худро оғоз бахшида, баъдан дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (1973-1982), нашриёти «Адиб» (1983-1984) ва ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ дар Афғонистон (1985-1987) кор кард. Солҳои 1992-2004 ҳамчун муҳаққиқ ва адабиётшинос дар Ҷумҳурии исломии Эрон ифои вазифа намуда, барои таҳкими робитаҳои адабии ду кишвари ҳамзабон хидматҳои шоиста анҷом дод. Баъдан масъулияти бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» (2005-2016)-ро ба дӯш гирифта, дар нашру таҳрири асарҳои нависандагони тоҷик заҳмат кашид.

Аз нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми қарни гузашта рӯ ба эҷод оварда, дар жанрҳои гуногуни адабӣ асарҳои хубу хонданӣ рӯйи чоп овард, ки аз сӯйи аҳли адаб хуб пазироӣ ёфтанд. Маҷмуаҳои очерк, ҳикояву қиссаҳои «Баҳодури Дилварзин» (ҳамроҳи Мулло Боқӣ, «Ирфон», 1976), «Ситораҳои рахшанда» (1986), «Теғи ҷонбахш» («Адиб», 1989), «Тоҷикон дар масири таърих» (1994, 1997, 2006), «Кӯҳкане аз користони дил» (1992, 2001), «Парниёну ҳариру абрешим» (маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2002), «Ҷонпайванд» (маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2006), «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон; 2006, 2007, 2009), «Ашки сари мижгони ман» (маҷмуаи шеърҳо; 2004), «Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон» (маҷмуаи мақолаҳо дар бораи тоҷикону ориёиёну эрониён; 1999, 2001, 2003), «Себи Самарқанд» (гулчини ҳазор рубоӣ аз фолклори тоҷик; 2001, 2008), «Ҳамосаи родмардони Хуросон» (2008), «Кимиёгари дурри дарӣ» (ба забонҳои форсӣ, русӣ ва инглисӣ, 2009), «Размоварони Ҳиндукуш» (2009) ва «Тӯшаи умри падар» (2013), романи «Тӯфони тавсан» («Садои Шарқ», 2014, №11), «Афғонистон дар оинаи хотироти ман» (ба хати форсӣ, «Илм», 2018), «Ёдномаи Мирзо Аҳмадзод», «Ғаввоси дарёи илм» (нашриёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, 2018), «Фарёди фоҷиаи Афғонистон» («Илм», 2019), «Афганские трагедии» (ба забони русӣ, «Илм», 2019), «Фаввораи андӯҳ» (шеърҳо, «Илм», 2019) ба қалами мавсуф тааллуқ дошта, ганҷинаи адабиёти тоҷикро пурбортару пурҷилотар гардонданд.

Самти дигари фаъолияти адиб таҳияву тадвини осорест, ки барои ҳама давру замон аз аҳаммияти вижа бархӯрдоранд. Маҷмуаҳои «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1997), эпоси қирғизии «Манас» (1977), баргузидаи ашъори устод Лоиқ «Рӯҳи Рахш» (1999), маҷмуаҳои «Ашки тӯфон» (1994) ва «Гулчини ашъор»-и Гулрухсор (2001), рисолаи «Ғарбзадагӣ»-и Ҷалоли Оли Аҳмад (2008) ва ғайра аз ин шумор буда, илова ба ин, барои «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст, ки арзиши баланди адабӣ доранд.

Хидматҳои назарраси Мирзо Шукурзода бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (барои маҷмуаи «Ҷонпайванд», 2006) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) қадрдонӣ гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни 75-солагиашон Мирзо Шукурзода сазовори унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон шуданд.

Мо адибро бо камоли самимияту эҳтиром ба муносибати 75-умин солгарди умри пурбаракаташ сидқан тарбик гуфта, барояш сиҳатмандии комил, табъи болида ва рӯзгори хушу осуда таманно дорем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо