Номаи шодбошии ИНТ ба нависандаи маъруф Адаш Истад
Нависанда ва рӯзноманигори маъруф Адаш Истад, ки асарҳои хуби публитсистиву бадеияш писанди хонандагон аст, ба синни мубораки ҳаштод расид. Ӯ, зодаи шаҳри бостонии Самарқанд, баъди ба итмом расонидани факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоӣ ба Душанбе омад ва ба хидмати матбуоту адабиёти тоҷик камар баст. Солиён дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Адабиёт ва санъат” ва Радиои Тоҷикистон ба ҳайси хабарнигор, мудири шуъба ва ходими адабӣ фаъолияти пурсамар дошт. Алҳол муқими шаҳри Самарқанд аст ва дар рушди адабиёт, матбуот, забону фарҳанги тоҷикӣ дар ин шаҳри бостонӣ, тарбияи адибони ҷавон саҳм мегузорад. Мақолаю очерк ва ҳикояву қиссаҳояш дар мавзуъҳои гуногун пайваста дар рӯзномаҳои “Овози Самарқанд” ва “Овози тоҷик” ба табъ мерасанд.
Адаш Истад бо асарҳои хеш дар рушди насри илмӣ-тахайюлӣ (фантастикӣ) саҳми босазо гузоштааст. Китобҳои дар ин жанр таълифкардаи ӯ – “Дарахти пахтачормағз”, “Мавҷи хаёлот”, “Баъд аз ҳазор сол”, “Суруди офтоб”, “Замир”-ро хонандагон ба завқ мехонанду аз ҷониби мунаққидону адабиётшиносон баҳои баланд гирифтаанд. Вай дар навиштани асарҳои таърихӣ низ комёб аст. “Борбад”, “Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад” намунаи беҳтаринанд, ки хонандаро бо рӯзгору ҳунари нобиғаи санъати мусиқӣ Борбади Марвазӣ шинос мекунанд.
Нависанда дар ҳаҷви бадеӣ низ қаламашро санҷидааст, ки маҳсули он ҳикояҳои ҳаҷвии ”Домоди якрӯза”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Даҳон”, “Бузҳо ва гӯсфандон”, мазҳакаҳои “Шайтонпарӣ”, “Хӯса” ва дигарҳоянд. Барои кӯдакону наврасон аз қабили “Парвози меъмор”, “Чароғи сеҳрнок” ном асарҳо, силсилаҳикояҳои “Саргузашти Нахӯдак” ва афсонаҳои адабӣ таълиф намудааст.
Асарҳои публитсистии Адаш Истад, аз ҷумла, мақолаву очеркҳояш дар хусуси эҳёи суннатҳои миллӣ, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, омӯхтани осор ва расмулхати ниёгон, тарғиби эҳёи санъати меъморию шаҳрсозии тоҷикон ва ғайра бо мубрамии мавзуъ, тарзи масъалагузорӣ ва пешниҳодҳои ҷолиб писандиди хонандагонанд.
Асарҳои адиб ба забонҳои русӣ, украинӣ, узбекӣ, чехӣ, қирғизӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Ӯ низ намунаҳое аз ҳикояҳои адибони дунёро ба тоҷикӣ баргардонидааст.
Хидматҳои Адаш Истад дар рушди матбуоти тоҷик бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ шудааст.
Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.
Мо ҳамқалами хешро, ба муносибати 80-солагиаш муборакбод намуда, барояш саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба корҳои эҷодиаш комёбиҳо орзумандем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



