Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 70-солагии адиби моҷаронавис Шарифбек Азизӣ

Шарифбек Азизӣ пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дар тӯли қариб сӣ сол дар ниҳодҳои гуногуни тобеи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.
Мавсуф аз нависандагони камшумори детективнависи адабиёти имрӯзи мост. Собиқаи наздик ба сисола дар мақомоти қудратӣ боис гардидааст, ки таҷрибаи андӯхтаашро дар офаридани асарҳои моҷароӣ ба кор барад. Аз мутолиаи асарҳояш бармеояд, ки аз раванди таҳқиқи ҷиноят огоҳии комил дорад. Дар ибтидо хонандаро ба шахсияти қаҳрамонҳо, хулқу атвор, муносибати онҳо ва шуғлашон ошно месозад, баъдан сар задани ҷиноятро ба риштаи тасвир кашида, онро чун муаммо ба миён мегузорад.
Муаллифи маҷмуаи ҳикояву повест ва романҳои «Дурахши алмос» («Деваштич», 2004), «Порикоб» («Деваштич», 2006) «Парвоз» («Сифат», 2007), «Сангчарх» (ҳамроҳи Ҳокими Азиз), («Адиб», 2013), «Бо навои борон» (романҳо, «Меъроҷ-граф», 2016) ва «Асарҳои мунтахаб» (дар 10 ҷилд) аст, ки фарогири қиссаҳои «Дурахши алмос», «Порикоб», «Парвоз», «Пораи қанд», «Оҳ, Тамара», «Ҷосус», «Ҳодисае дар бӯстонсаро», «Духтаре бо вашми гули лола», “Мафия”, “Кунҷи нигоҳ”, романҳои “Ҷадвали тақдир”, “Нуқта дар хатти буриш”, “Афлотун дӯсти ман аст…”, “Бодовардаро мебарад бод”, “Хокситари сӯзон”, “Гули марг”, “Шикасти рӯҳ”, «Нигоҳе бо баҳои ҷон», «То реша дар об аст», «Рӯзгор оинаро…», «Сангҳои сари роҳ», «Оҳанги тавба» ва ғайра мебошад. Дар асоси романи “Дурахши алмос”-и нависанда шабакаи телевизионии “Синамо” филми ҳунарии ҳамномро наворбардорӣ кардааст.
Бо арзи эҳтиром 70-умин солгарди умри пурбаракати ҳампешаи худро сидқан табрик гуфта, барояш тани сиҳат, дили беғам, хотири осудаву табъи болида таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон