Номаи шодбошии ИНТ ба Исмоил Зарифӣ

 Номаи шодбошии ИНТ ба Исмоил Зарифӣ

Шоир, омӯзгори со­биқадор ва узви Итти­фоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1999) Исмоил Зарифӣ 70-сола шуд.

Мавсуф соли 1982, баъди хатми риштаи суханшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ҳоло ДОТ) чандин сол дар мактабҳои миёнаи зодгоҳаш шаҳри Панҷакент ба омӯзгорӣ машғул шуд. Муддате дар корхонаи тилои «Зарафшон» низ фаъолият дошт. Ду навбат вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Панҷакент интихоб гардид.

Фаъолияти шоирияш ҳамроҳ бо кори омӯзгорӣ пурмаҳсул ҷараён гирифтааст ва маҷмуаҳои манзуми «Чамани хаёл», «Гули Моҳтоб», «Дили шикаста», «Гул­зори роз», «Афсонаи зиндагӣ», «Сад сина алам дорам», «Лаззати нигоҳ», «Лаҳзае то ҷовидон», «Дар пайраҳаи нур», «Таронаи ишқ», «Ғуруби зиндагӣ», «Замини ме­росӣ» ва амсоли инҳо ҳосили заҳматҳояш дар ин ҷода мебошанд.

Дар таҳия ва нашри ашъори баъзе шоирони классик ва шуарои муосири Эрону Афғонистон заҳмат кашида, аз ҷумла девонҳои Саққои Бухороӣ, Фонӣ, Қудсии Машҳадӣ, Урфии Шерозӣ, Махфӣ, Сайфиддини Бохарзӣ, Раҳии Муаййирӣ, Розиқи Фонӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Ҳушанги Соя, Жолаи Исфаҳониро ба хатти кириллӣ баргардон ва нашр кардааст.

Барои хидматҳояш бо Ҷоизаи адабии ба номи Камо­ли Хуҷандӣ, медали «Хизмати шоиста», «Нишони су­хан», Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Ҷашни 70-солагиро ба адиб самимона шодбош гуфта, дар корҳои эҷодияш равнақи бештар таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо