Номаи шодбошии ИНТ ба Зулфия Атоӣ
Муҳтарам Зулфия Атоӣ!
Номи Шумо, бешак, дар радифи бонувони маъруфи суханваре қарор дорад, ки бо осори арзишманди худ соҳиби ному мақоми хоса шудаанд ва дар рушди шеъри навини мо саҳми шоиста гузоштаанд. Дар ин масир нақши Шумо, хусусан, дар қавитар шудани ҷанбаи отифии шеъри муосири мо назаррас аст.
Баъди ба поён расондани таҳсилоти ибтидоӣ дар мактаби зодгоҳатон – деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Деваштич ва таҳсилоти олӣ дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва Институти адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав дар андак муддат ҳамчун адиби ҷавони баистеъдод дар доираҳои адабии Тоҷикистон шуҳрат ёфтед ва шеърҳоятон дар нашрияҳои даврӣ мунтазам ба чоп расиданд. Институти адабии мазкур дар густариш ёфтани доираи донишу биниш ва ташаккул ёфтани завқи бадеиятон бисёр муосидат кард ва роҳро ба сӯи муваффақият ҳамвор намуд.
Ҳамчун рӯзноманигор аз соли 1977 то соли 1983 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») фаъолият доштед ва метавон гуфт, ки ин нашрияи бонуфуз барои устувортар қадам ниҳодани Шумо дар ин роҳ хеле таъсиргузор буд.
Фаъолияти рӯзноманигориятон, махсусан, дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») хеле пурсамару бобарор ҷараён гирифт. Аз соли 1985 корро дар ин маҷалла оғоз намудед ва солҳои дароз дар ин ҷо таҷриба андӯхтед. Баъди як муддат ба ҳайси муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» кор кардан, боз ба идораи маҷаллаи дӯстдоштаатон – «Фирӯза» баргаштед ва солҳои тулонӣ сардабирии онро ба уҳда доштед. Дар ин давра маҷалла ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати муҳтаво хеле беҳтар шуд ва шумораи хонандагонаш афзуд.
Ҳамчун шоири хушқареҳаву хушсухан аз ҷавонӣ эътироф шудед ва китобҳои ашъоре, ки дар имтидоди солҳои гуногун ба табъ расондед, марҳала ба марҳала ташаккулу таҳаввул ёфтани ҳунари шоириятонро ба хубӣ ифода мекунанд. Маҷмуаҳои «Ҷиҳоз» (1977), «Дидор» (1980), «Меваи сабр» (1982), «Зочаи хушрӯи ман» (1984), «Духтари дарё» (1986), «Ишқи як зан» (1992), «Ситораи ваҳшӣ» (ба хатти ниёгон, 1997), «Зан агар ошиқ шавад…» (2000), «Зулфи парешон» (дар ду ҷилд, 2002), «Парандаҳои баҳорӣ» (ба забони русӣ, 2004), «Сояи зулф» (2005), «Девони зулф» (2009) ва ғайра далели гӯёи пуркориву ҷӯёӣ ва пӯёии Шумо дар роҳи сухан мебошанд.
Тарҷума ва чопи ашъоратон ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва чанд забони дигари хориҷӣ гувоҳи он аст, ки берун аз марзи Тоҷикистон низ номошно ҳастед.
Барандаи Ҷоизаи адабии «Парвини Эътисомӣ» (Эрон), Мукофоти адабиву фарҳангии «Товуси тиллоӣ» (Санкт-Петербург, 2013), Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995), Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2005), дорандаи орденҳои «Шараф» (1997), «Дили Данко» (Русия, 2001) ва соҳиби унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон буданатон обрӯву эътибори Шуморо дар назди хонандагон ва давлату Ҳукумат равшан нишон медиҳад.
Бо муборакбодии ҷашни фархундаи 70-солагӣ ба Шумо сиҳатмандии комил, табъи шукуфон ва сарсабзиву шодобии доимӣ таманно мекунем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон