Номаи табрикии ИНТ ба Ҳусейни Назрулло
Муҳтарам Ҳусейни Назрулло!
Меҳру муҳаббат ба адабиёт Шуморо баъди хатми мактаби миёнаи №3-и Истаравшани бостонӣ (1971) ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) овард ва онро соли 1976 бо муваффақият хатм намудед. Фаъолияти кории хешро ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи мероси адабӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз кардед. Баъдан, ҳамчун тарҷумон (солҳои 1978-1981 ва 1984-1987) дар Ҷумҳурии Афғонистон, сипас муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъбаи идораи барномаҳо барои ҷавонон ва адабӣ (1982-1996), сармуҳаррири идораи барномаи дуюм (студияи “Фурӯғи Ориёно”) (1991-1996)-и Кумитаи давлатии назди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, мудири шуъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳияи Зафаробод (1996-2000), котиби матбуотии раиси шаҳри Истаравшан ва сарвари студияи телевизиони маҳаллии «Курушкада» (2000-2003), хабарнигории рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд (2004-2019), ходими илмии идораи «Донишнома» (Энсиклопедия)-и Истаравшан (2017-2020) ифои вазифа доштед. Ҳамзамон бо кор дар вазифаҳои гуногун пайваста ба кори эҷодӣ саргарм будед. Маҳсули заҳмати шаборӯзӣ барои рӯйи чоп омадани китобҳои «Замини Акбар» (Хуҷанд, 2002), «Юбилейный Истаравшан глазами Вароруда» (бо забонҳои русӣ ва англисӣ, Истаравшан, 2002), «Роҳи муқаддас» (ҳамроҳи Ҷ. Маҳкам, Истаравшан, 2001), «Истаравшан-2500» (ҳамроҳи Б. Воҳидпур ва Ҷ. Маҳкам, Душанбе, «Ҳумо», 2006), «Накуниҳод» (Истаравшан, 2006), «Баракати Истиқлол » (Истаравшан, 2007), «Афғонистон: Оташ дар хонаи ҳамсоя» (Хуҷанд, 2009), «Чашми хирад» (Хуҷанд, 2013), «Шикасти Афғон» («Бухоро», 2014), «Раҳовард» (маҷмуаи қиссаҳои мустанад, «Бухоро», 2017) замина фароҳам овард. Хидмати шоистаи Шумо дар таълифи китоби «Донишномаи Истаравшан» (дар ҳаммуаллифӣ бо академик К. Олимов ва профессор М. Ҳазратқулов), ки соли 2021 аз тарафи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик нашр шуд, қобили қайд аст. Имрӯз ҳам очерк, фелетон, памфлет ва мақолаҳои публитсистии Шумо дархӯри ниёзи хонандагонанд.
Заҳмати пурбаракати чандинсолаи Шумо бо Ифтихорномаи Кумитаи Марказии умумииттифоқии комсомол (1986), Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии ИҶШС (1988), Ифтихорномаи Кумитаи телевизону радиошунавонии ИҶШС (1990), унвонҳои соҳавии Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2002), Аълочии фарҳанг (2010), нишони ИНТ «Сухан» (2014), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2014) ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2006) қадрдонӣ гардидааст.
Ҳамқалами гиромӣ, бо самимият фарорасии 70-умин солгарди умри пур аз баракатро табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгор таманно дорем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон