Номаи табрикии ИНТ ба Абдулҳайи Қаландар
Муҳтарам Абдулҳайи Қаландар!
Шумо умри пурбаракати худро дар ду роҳ – эҷоди шеър ва таълими донишҷӯён сарф карда, соҳиби обрӯву эътибор гардидаед.
Аз кӯдакӣ табъи Шумо дар мактаби зиндаву табиии ҳаёт — ҳалқаи хонавода ва пирони ҳикматшиноси зодгоҳатон – ноҳияи Ховалинг бо сухани баланду ширадор тарбият ёфт ва маҳз ҳамин муҳити созанда меҳратонро ба шеъру адабиёт афзун намуд.
Соли 1966, баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дар кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин таълимгоҳ чандин сол омӯзгорӣ кардед ва назокатҳои суханшиносиро ба донишҷӯён омӯзонидед.
Сипас, фаъолияти омӯзгориятон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб идома ёфт ва дар ин даргоҳ низ чандин сол содиқона заҳмат кашидед. Дар баробари таълим, ба кори пажуҳишу таҳқиқот машғул шуда, чанд асари хуби илмӣ таълиф намудед, ки «Се назар ба шеъри Ҳақназар», «Мавқеи ономастикаи бадеӣ дар офаридани образҳо» (дар асоси асарҳои устод Айнӣ) аз он ҷумла мебошанд.
Дар фаъолияти эҷодиятон шеър ҳамеша мавқеи асосӣ дошт ва бо эҷоди шеърҳои хубу хонданӣ аз ибтидо ҳамчун шоир шинохта шудед. Шеърҳоятон дар маҷмуаҳои «Интизорӣ» (1987), «Марди роҳ» (2001), «Хоки Ватан» (2003), «Суруди дил» (2005), «Ашки дил» (2006), «Роҳи дилҳо» (2010) ва ғайра фароҳам омада, пешкаши хонандагон шудаанд.
Шумо аз нахустин адибоне ҳастед, ки барои хидматҳои чашмрасатон бо ҷоизаҳои адабии ба номи Носири Хусрав ва Ашӯр Сафар сарфароз гардидаед. Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон подоши заҳматҳоятон дар роҳи сухан ва унвонҳои Аълочии маориф ва матбуот натиҷаи фаъолияти пурсамаратон дар ин соҳаҳо мебошанд.
Ҷашни ҳаштодсолагиро шодбош ва муборакбод гуфта, ба Шумо дили беғаму хотири ҷамъ таманно мекунем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон