Маҳфили ёдбуди олим ва тарҷумони маъруф Ҷумъабой Азизқулов

 Маҳфили ёдбуди олим ва тарҷумони маъруф Ҷумъабой Азизқулов

Имрӯз ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Ҷумъабой Азизқулов дар толори хурди Иттифоқи нависандагон зери номи «Олим ва тарҷумони тавоно» нишасти илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст адибон ва донишмандони варзидаи кишвар аз қабили Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмон Абдуманнон, Носирҷон Салимӣ, Камол Насрулло, Шералӣ Мӯсо, Шамсиддин Солеҳ ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа маҳфилро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти илмӣ ва адабии Ҷумъабой Азизқулов ба таври муъҷаз маълумот дод. Сипас Носирҷон Салимӣ роҷеъ ба фаъолияти илмӣ ва тарҷумонии ӯ маърӯза ироъа намуд. Маърӯзаи мазкур фарогири фаъолияти бисёрпахлӯи илмиву адабии мавсуф буда, чеҳраи ӯро ҳамчун донишманди дақиқкору мунаққиди соҳибназар ва ҳамчунин муҳаррири ҳирфаии энсиклопедия ба ҳозирин бештар шиносонд.

Дар идома А. Сатторзода, А. Абдуманнон, К. Насрулло ва дигарон аз фаъолияти адабию илмии мавсуф ёдовар шуда, аз ҳаёти ӯ хотираҳои ҷолиб нақл карданд. Дар ин гуфтугӯ муносибати Ҷумъабой Азизқулов бо илм, забон, ҷомеа ва ҳамчунон бо чеҳраҳои тавонои илму адаби тоҷик тавсифи бештар ёфт.

Дигар хабарҳо