Нашри номаҳои Айнӣ ва Лоҳутӣ дар Эрон
Шояд иштибоҳ нашавад, бигўем, ки аввалин кўшиши нашр ва фароҳам кардани номаҳои устодони сухан Айниву Лоҳутӣ аз нимаи дувуми солҳои 50-уми садаи бист оғоз ёфтааст. Аввалин фароҳамоварандаи чанд номаи Айнӣ ба Лоҳутӣ адабиётшинос Камол Айнӣ мебошад, ки дар мачаллаи “Шарқи сурх” (“Садои Шарқ”, №7, 1956 ва №4, 1963) ба табъ расидааст.
Дар ҷилди шашуми “Куллиёт”-и Лоҳутӣ низ 21 мактуб ба номи Айнӣ фароҳам омадааст (Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963, с.133-143). Мураттибон Ситсилия Бону ва Анна Розенфелд тавзеҳоте нисбатан расо бар ин номаҳо нигоштаанд (с. 280-282). Номаҳо дар сурати комил ва иловаҳо соли 1978 асоси китобе ба муносибати 100-солагии Айнӣ дар таҳияи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Хуршеда Отахонова бо номи “Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ” (Душанбе: Дониш, 1978, 84 саҳифа) гардидаанд, ки дар он 60 нома бо тавзеҳот фароҳам омадааст.
Хуршеда Отахонова дар муқаддимаи нашри дувуми китоб (Душанбе: Деваштич, 2003, 140 с.) навиштааст, ки он вақт имкон набуд, то тамоми мактубҳои ин ду устоди сухан ба нашр расонда шаванд. Аз ҷумла, мактубҳо дар солҳои 1937-1938, рухдодҳои замони шахспарастӣ, иғвогариҳо дар атрофи устод Айнӣ ба маҷмуа дохил нашуда буданд. Танҳо баъди нашри аввал ин номаҳо ба даст омада ва ё имкони баҳрамандӣ фароҳам шуда ва бо иловаи чанд мактуби дигар аз бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ асоси такмилаи ин китобро дар бар гирифтаанд.
Ба нашри дувуми «Мукотиба» ҳамзамон номаҳои шахсӣ ва матлабҳои хонаводагӣ, мактубҳои ихтисорёфта дар нашри аввал низ пурра ва дар шакли аслиашон ворид гаштаанд. Миқдори умумии номаҳо дар нашри дувум ба 87 расидааст.
Бо вуҷуди ин, масъалаи нашри номаҳои Айнӣ ва нафақат ин ду устоди адабиёт, балки мукотибаи ў бо дигар ходимони намоёни сиёсат, адабиёт, илм ва фарҳанг аз нуктаҳои ҳалнашудаи айнишиносии тоҷик ба ҳисоб мерафтанд.
Бинобар ин, дар замони Истиқлоли миллии Тоҷикистон ин қазия бештар аз ҳама ҷўшиш ёфт ва бори аввал китоби захиме бо номи “Мактубҳо”-и устод Айнӣ бо саъю кўшиши ду бонуи сухансанҷ – Анзурат Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова таҳия, таҳрир ва тасҳеҳу нашр шуданд, ки тавзеҳоти хуб дорад. Ин китоб соли 2023 дар нашриёти “Меҳроҷ Граф” ба муносибати 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ба зевари табъ ороста гардид. Ба тозагӣ бори дувум ҳам ба нашр расид.
Дар нашри аввали мактубҳо ҳамагӣ 50 мактуб – 30 номаи Айнӣ ба Лоҳутӣ ва 20 номаи Лоҳутӣ ба Айнӣ ҷой ёфтаанд, ки арзиши баланд доранд.
Чанд гоҳ аст, ки муҳаққиқи тозаҷў ва тарғибгари адабиёти тоҷик дар Эрон Муҳсини Фараҳбар ба баргардони форсии номаҳои Айниву Лоҳутӣ манфиати маънавӣ дошт ва ҳамакнун хабар расид, ки ў ин корро ба охир расонида ва ба тозагӣ дар интишороти «Шерозаи мо» моҳи мурдоди соли 1403) ба табъ расонидааст. Ў навиштааст: “Дар номаҳои раддубадалшуда миёни устод Абулқосим Лоҳутӣ – шоир ва кунишгари сиёсии эронӣ, ки дар пайи як шўриши нофарҷоми сиёсӣ дар зимистони соли 1922 ба Иттиҳоди Шуравӣ омад ва устод Садриддин Айнӣ – адиби номдор ва бунёнгузори адабиёти муосири Тоҷикистон, ки дар ин маҷмуа гирд омада ва пешниҳод шудаанд, гузашта аз дўстиву алоқаҳои адабии он ду, аз вазъияти сиёсии Шуравӣ ва шароити ҷомеаи Тоҷикистон низ тасвире ба даст меояд. Дар канори тарсу ваҳшати ҳосил аз яккатозиҳои Столин ва амвоҷи пайдарпайи тасфияҷои сиёсие, ки қоби аслии ин тасвирро ташкил медиҳад, аз саъй ва талошҳои рустамонаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ мехонем барои ҳифзи забони порсӣ дар Фарорўд ва сохтани Ҷумҳурии навпойи Тоҷикистон”.
Сухан кардан дар бораи собиқаи нашри мероси устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар қаламрави Эрон ин нигоштаро ба дарозо мекашад. Ин ҷо танҳо метавонам изҳор дорам, ки нашри номаҳои мазкур ба саъйи Муҳсини Фараҳар барои дарки моҳияти васеи бисёр рухдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии ду кишвар дар заминаи ягонагии пайвандҳои нажодӣ ва ҳампайвандии адабиву фарҳангии ин ду қавми аъзами ориёитабор созгор хоҳад буд.
Субҳон Аъзамзод