НАФАСИ ГАРМ
Ба муносибати 70-солагии Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Дар чанд соли охир як зумра носирони ҷавоне ба саҳнаи адабиёт дохил шуданд, ки азму кўшиши зиёди сухани тозае гуфтан доранд. Эҷодиёти онҳо аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки қариб ҳар яке соҳиби тарзи махсуси мушоҳида ва ифода, тариқи хосаи забону баён мебошад.
Дар байни ин гурўҳ овози Сайф Раҳим баланду ҷозиб аст. Повести «Ситораҳои сари танўр»-и ў, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд, бо нафасу руҳияи тоза ва забону баёни ҷолибаш диққати дўстдорони каломи бадеъро ба худ кашид. Маҷмуаи нахустини нависандаи ҷавон «Ситораҳои сари танўр» (нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1984) бо ҳамин асари шоиставу хонданӣ шуруъ мешавад.
«Ситораҳои сари танўр» повестест, ки асосашро таҳлили амиқи психологӣ ташкил медиҳад. Онро хонда, кас ба хулосае меояд, ки Сайф Раҳим ба воқеабандиву сужетсозӣ он қадар мароқ надорад, балки ҳама ҳунару маҳораташ ба ифодаи дунёи ботинии қаҳрамонон равона аст. Аз ин рў, воқеаҳои асарҳои ў, ки дар доираву муҳити одиву табиии тоҷикӣ ҷараён доранд, аз ҷиҳати шиддати ботинии худ хеле фарогиранд. Ба дараҷае фарогиранд, ки кас хонанда буданашро фаромўш мекунад, ба муҳити асар дохил шуда, то анҷоми он ҳамроҳи қаҳрамонон амал менамояду дергоҳ дар дунёи онон мемонад.
Қаҳрамони асосии «Ситораҳои сари танўр» Робияи хурдсолу дилогоҳ аст. Повест аз забони ў нақл мешавад. Ин тарзи таълиф, яъне аз забони қаҳрамони хурдсол нақл кардани воқеаҳои асар на ҳамеша муваффақиятнок аст. Зеро дар повест лаҳзаву воқеа ва характерҳои зиёде ҳастанд, ки асосан аз назари қаҳрамони хурдсол баёну маънидод мешаванд. Хавф дар он ҷост, ки баъзан ин баёну маънидод ба синну сол ва ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии кўдак созгор нест, ки мисолаш дар адабиёт дучор меояд. Боиси хурсандист, ки Сайф аз уҳдаи мувофиқ кардани дунёи моддӣ ва дунёи дили қаҳрамони хурдсолаш ба хубӣ баромадааст, яъне, нақли Робияи рамузфаҳму доно басо табиӣ ва муассир аст.
Дарвоқеъ, дар дигар асарҳои нависандаи ҷавон (ҳикояи «Гунҷишки сафед») ҳам чунин қаҳрамонон амал мекунанд. Бо вуҷуди хурдсолӣ онҳо дунёро хеле калон мебинанд, бо масъалаҳои калони зиндагӣ сару кор доранд. Ба мушоҳидаи нозуки муаллифи сарсухани китоб Гулрухсор Сафиева «онҳо хатоҳои калонсолон, балки хатоҳои зиндагиро дарк мекунанд ва ба тариқи худ онҳоро таҳрир кардан мехоҳанд».
Робияи «хурдсоли калонкор» аз ҳамин қабил аст. Кўдаки ҳассосест ў, ки аз ҳар рўйдод рамзу маънии ниҳоне дармеёбад. Ў ҳосили хатои ҷавонии модар аст ва бе падар ба воя мерасад. Номаҳои куҳнаи сандуқ – мукотибаи деринаи волидон духтарак ва тавассути ў хонандаро аз ҳамаи воқеа бохабар мекунанд.
Сайрам – модари Робия ҷавонзани фирефта, вале оқилаву бофаросатест. Ў тан ба меҳнати ҳалол додааст ва ҷигаргўшаашро, ки ёди ишқи нахустинаш аст, бо нони ҳалол калон мекунад. Бо вуҷуди нобарории ишқу зиндагӣ дилмонда нест, аз касе наменолад, агарчи аз касе низ намеболад.
Дар повести нахустинаш Сайф Раҳим як силсилаи образҳои аҷибу хотирнишин офарида, дунёи ботиниашонро моҳирона кушодааст. Бояд гуфт, ки аксари онҳо бозёфти нависандаи ҷавонанд ва аз ҳунари хуби характерофарии ў гувоҳӣ медиҳанд.
Аз он ҷумла образи Қодир хеле ҷолиб аст. Ў узви бригадаи симчўббардорон аст ва ба деҳае, ки Робияву модараш зиндагӣ мекунанд, «рўшноӣ меоранд». Дили софу беғаш ва кўдаконае дорад ў. Ҳар кору рафтораш Робияро ба ў моил мекунад, дар дилаш меҳри ўро мепарварад, зеро кору рафтораш ҳама сода, табиӣ ва самимист.
Боиси меҳри тарафайни Қодиру Робия хислати муштарак – покии ниятҳояшон аст. Нависанда падидаҳои онро бо маҳорат ва хеле табиӣ нишон медиҳад. Суҳбати Қодир бо ин духтараки танҳо ва каме дилшикаста басо ҷолиб аст. «Мо барои ту рўшноӣ меорем» — мегўяд ў ва ба Робия лампочка туҳфа мекунад. Умуман, кулли рафтори ў рамзи сафедиву рўшноист.
Ҳамкори Қодир – Бекмурод бошад, тамоман баракси ўст. Робия, ҳамон дараҷае, ки ба Қодир меҳр бастааст, ба Бекмурод нафрат дорад. Ва, чӣ хеле ки меҳраш ба Қодир варзидаву шоиста аст, нафраташ ба Бекмурод низ ҳамон гуна сазовору барҷост. Қодир аз аввал ба дили кўчаки ў нишаст, Бекмурод аз аввал дили кўчакашро шикаст ва оқибат дар назари ў ба ҳайкали зиштӣ табдил ёфт. Ин марди дилсиёҳ ба ҳама неш мезанад, ба ҳама бо чашми шубҳа менигарад. Ана, Робия дар хусуси ў чӣ мегўяд: «Ман ҳам ба чашми ў нигоҳ кардам: чашмонаш тўтаи дудагирифтаи печка барин буданд – сиёҳ, чуқур, холӣ…»
Ҳамин тавр, образҳои повест хеле табииву самимианд. Ҷиҳати ҷолиби асар боз он аст, ки образҳо на бо тавсифу сухани муаллиф, балки бевосита – бо гуфтору кирдори худ кушода мешаванд. Ба он маънӣ, ки мунтазам дар амалиётанд. Зоҳиран на ҳамеша, вале ботинан ҳамеша дар ҳаракатанд онҳо.
Забони шевою зебо ва рамзу ишораҳои барҷо ҳусни повестро афзудаанд. Дарвоқеъ, рамзу киноя аз санъатҳоеанд, ки дар асарҳои Сайф хеле зиёд ва корагар истифода мешаванд. Ин ҳам як воситаи гурези адиб аст аз баёни муҷарраду бевоситаи воқеаву ҳодисаҳо. Масалан, нависандаи ҷавон ягон бор намегўяд, ки Валихўҷаи бригадир нони Сайрамро бисёр хўрдаасту намакашро пос намедорад. Вале як ҷумлаи бамаънӣ – «…ў ба даруни танўр нос туф карду ғазаболуд аз дарвоза берун рафт» — гувоҳи равшани ҳол аст ва тинати ин образро ба хубӣ нишон медиҳад. Тасвири мазкур ишораи моҳиронаи мақоли пурмаънии халқ аст. Баракси Валихўҷа, Қодир, ки бояд ба болои танўр лампочка бичаспонад, мегўяд: «Ман поямро ба лаби танўр намемонам». Ё худ мактубҳои куҳнаву пуралами модарро барои пешдаргирон овардани Робиячаи донову рамузфаҳм рамзи гузашти он сабақу рўзгори талх ва оғози зиндагии ширинест.
Дар маҷмуа боз ду ҳикоя ва ду очерки нависанда фароҳам омадаанд, ки аслан ҳамруҳу ҳамсадои повести «Ситораҳои сари танўр»- анд. Қаҳрамони ҳикояи «Гунҷишки сафед» ҳам чун Робия хаёлпарасту афсонасоз писаракест. Орзуи парвоз ўро ҳеҷ ором намегузорад, гунҷишки сафед шудан мехоҳад. Писарак дар хобу хаёлаш парвоз дорад. Хобҳояш ҳам аҷибанд: гоҳ бо аловков аз чашми ситораҳо шарора мерезонад, гоҳ дар даҳони моҳ садбаргҳо мебинад. Боре бо орзуи парвоз аз болои бом мепарад, ҳама аз ин рафтораш мушаввашу ҳайронанд, вале ў, бехуду беёд боз гунҷишки сафеду осмони кабудро хоб мебинад.
Ҳикояи дигари маҷмуа «Падруду пайғом» ном дорад. Ин ҳикоя аз ҷиҳати ҷамъбасти фалсафиву вусъати тафаккур басо ҷолиб аст ва онро метавон яке аз намунаҳои беҳтарини насри ҷавонон шумурд. Зоҳиран сужети ҳикоя одист: пирамарди ҳаштодуҳаштсола дар дами марг асту қаҳрамони ҳикоя Мардон ба аёдати ў омадааст. Мўсафед, ки гоҳ бахуд асту гоҳ бехуд, ҷавонро намешиносад ва бародари ҷавонмарги ўро ёд меорад. Бо вуҷуди фоҷиае, ки дар ҳикоя тасвир шудааст, маҳаки онро афкори баланди ҳаётдўстона ташкил медиҳад.
Дар ҳикоя, чун дар зиндагӣ, маргу ҳаёт, дирўзу имрўз, гиряву ханда, шодиву алам, гуселу истиқбол чунон ба ҳам омехтааст, ки аз сабаби ноошноии тарзи тасвир шояд ба як хондан пурра ҳазм нашавад, вале чун фаҳмидиву дарк кардӣ, мебинӣ, ки чӣ ҳикояи олиҷанобест ва саропо аз эҳсосу афкор баҳам омадааст.
Хуб аст, ки Сайф барин нависандаи хушзавқ баробари осори соф бадеӣ ба таълифи очерк майл дорад. Зеро он жанри зиндае буда, тавассуташ нависанда фаъолона ба ҳаёт мудохила мекунад, ба ин восита ҳаёту одамонро хубтар меомўзад. Боз як чиз хурсандибахш аст, ки очеркҳои Сайф ба очеркҳои дигар монанд нестанд. Онҳо бешубҳа ҳампояи ҳикояҳои хубеанд, ки характерҳои барҷаста доранд ва асосашонро таҳлили психологии дунёи қаҳрамон ташкил медиҳад. Қаҳрамонони очеркҳои «Як ниҳоле, чанд дарахте» ва «Момаи Олия» ба дараҷае фардианд, ки аз образҳои соф бадеӣ фарқ карданашон душвор аст. Ин, аз як тараф, нишонаи қобилияти баланд бошад, аз тарафи дигар, заҳматписандиву масъулияти нависандаи ҷавонро далолат мекунад.
Мурод аз ин қайдҳо таҳлили амиқи эҷоди нависандаи ҷавон нест ва ҳаргиз маънои онро надорад, ки асарҳои ў батамом бе камбуданд. Алҳол ҳаминро бояд гуфт, ки баъди мутолиаи повест чанд саволи беҷавоб пайдо мешавад. Аз ҷумла, хонанда ҳаёти Сайрам, махсусан, ҷараёни муҳаббати бебарори ўро, ки ҷузъи муҳимму муайянкунандаи ҳаёташ аст, батафсилтар донистан мехоҳад. Зеро ба чӣ сабаб ин тарз сурат гирифтани зиндагии ў ноаён аст. Аз повест бармеояд, ки Сайрам танҳо аз ноҷавонмардии ошиқаш чунин рўзгори танҳову ҳазин дорад, вале сабабу ҷиҳатҳои он батафсил таҳқиқ нашудааст. Ҳамчунин, кас мехоҳад, ки қаҳрамони асар – Сайрам дар зиндагӣ фаъолтар бошад. Мутаассифона, амалиёту рафтори ў аз доираи танги як зани рўзгордори аз оламу одам бехабар берун нарафтааст. Чизи дигаре, ки ба чашм мерасад, ҳамвора дар доира ва дар муҳити одамони тира тасвир шудани Сайрам аст. Таассуроте бармеояд, ки ў аз замину осмон канда аст, шахсе нест, ки ўро бубинаду бифаҳмад ва ў танҳо, худ ба худ, дар олами аламу ёдҳои гувору ногувораш умр мегузаронад.
Қаҳрамони асосии повест – Робияи хурдсол низ гоҳе аз ҳаде, ки хоси дунёи бачаи ин синну сол аст, мебарояд ва кас зуд ҳукми нависандаро бар образ ҳис мекунад. Масалан, Робия мегўяд: «Ман борҳо ба ў аз дунёи худ овоз додаам. Гоҳу ногоҳ ба дунёи бозиҳои ман ворид шудааст, медонад, ки он ҷо одамон мемиранд ва боз зинда мешаванд…» Ё худ: «… пичирроси шабаҳ бароям мафҳум аст».
Инчунин, аз баъзе ифодаҳои норавшан сарфи назар кардан мақбул менамояд: «Ман ба замин фурў нишастам», «…гоҳе ки нон дар танўр аст, бетоқат мешавам, нон мехоҳам, гоҳе ки сер бошам, гушнагӣ мехоҳам», «ин садоҳо сояҳоянд», «сояҳои шаффофи рангҳои шишаи зарифи болои танўр», «Нафаси кабуди баҳр ба рўям мерасад», «Сарам ба чарх меояд»…
Ҳамаи ин камбудиҳо ҷузъианд ва ислоҳашон меҳнати зиёде наметалабад. Муҳим он аст, ки Сайф Раҳим, бо вуҷуди ҷавонӣ, ҳама чиз дорад – таҷрибаи зиндагӣ, қобилияти хуби мушоҳида, истеъдоди нигорандагӣ, забону баёни ҷолиб. Ин умедворамон мекунад, ки аз ў асарҳои дилхоҳу шоистае чашмдор бошем.
Низом Қосим,
1984
Гунҷишки сафед
Барои Сайф Раҳим
Гунҷишки сафед хоб дидам,
Гунҷишки сафеди хушпару бол,
Гўё ки ҳамепарам ман аз пеш,
Ў бол ҳамезанад зи дунбол.
Гаҳ боли сафед бод дода,
Пеши назарам ҳамезанад пар,
Биме набувад зи раъду барқаш,
Борон шавад, ў намешавад тар.
Боде, ки маро расад дар ин дам,
Форам бувадам зи боли испед,
Аз боди параш ҳамезанад рў
Дар синаи ман ҳазор уммед.
Гуфтам, ки чи бошад он ба хобам,
Ҷустам зи ҳаёти хеш таъбир:
Аз бепариам магар нишон аст,
Бахт аст ва ё муҳаббати дер?
Таъбири наве чу пайки армон
Бар ёд расид айни руъё:
Гунҷишки сафедболи зебо
Рамзе бувадам аз орзуҳо.