Ҳамоиш: Баррасии навиштаҳои ҷавонони эҷодкор
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзуи «Баррасии ҳусну қубҳи эҷодиёти адибони ҷавон» ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуд.
Мудири бахши назми ИНТ Толиби Луқмон ба ҳамоиш оғоз бахшид.
– Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳусну қубҳ ва бурду бохти навиштаҳои адибони ҷавонро, ки дар чанд соли охир ҳам дар нашрияҳо, ҳам дар маҷмуаҳои алоҳидаву дастҷамъӣ ба чоп расидаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар 5-6 соли охир Раёсати Иттифоқи нависандагон аз миёни носирон, шоирон ва мунаққидони ҷавон зумраеро ба узвият пазируфт, ки онҳо минбаъд низ корҳои хуберо анҷом доданд. Ҳамин тавр, кор бо ҷавонадибон дар меҳвари фаъолияти Иттифоқи нависандагон қарор дорад, – гуфт номбурда.
Мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ Муҳриддин Сабурӣ дар бораи назми ҷавонон ва мудири бахши наср Сироҷиддин Икромӣ дар бораи насри ҷавонон маъруза пешкаш карданд.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, Шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон, адибон Абдурауф Муродӣ, Иззатбек Идизода, Насимбек Қурбонзода ва дигарон дар қисмати музокира андешаронӣ намуданд.
Камол Насрулло дар навбати худ гуфт:
– Шеъри сафед ҳамон вақт гуфта мешавад, ки сухани шоир дар қолаби шеъри суннатӣ нағунҷад. Шеъри сафеде, ки сухани баланд, бозёфти шоирона надошта бошад, ҳоҷати навиштанаш нест. Якчанд шоири ҷавони боистеъдод дорем, ки бояд адабиёти ҷаҳонро бештар омӯзанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук шоирони ҷавонро то андозае раҳгум кард, сатҳи шеърашонро паст намуд, зеро бе маслиҳату машварати устодон дар он ҷо мегузоранд. Ин шабака ба беҳтарин шоирони ҷавонамон ҳам зарар расонид.
Рустам Ваҳҳобзода иброз дошт, ки илҳомро бояд тарбият кард, қадрашро донист ва онро такмил дод. Дар гузаштаи начандон дури мо вақте Лоиқ Шералӣ ба адабиёт омад, узви ИНТ нагашта, қариб як китоб шеърҳои Сергей Есенинро тарҷума кард, ки хеле машҳур шуданд. Муъмин Қаноат ҳам дар ҷавонӣ ба тарҷума кардани эҷодиёти чандин адиби ҷаҳонӣ машғул буд. Тарҷумаи назму насри ҷаҳон ба адибони ҷавон мактаби дигар аст.
Абдурауф Муродӣ таъкид дошт, саҳифаҳои ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», моҳномаи «Садои Шарқ» ва то ҷое фейсбук гувоҳи он ҳастанд, ки навиштаҳои эҷодкорони ҷавон қобили хондан ва андешаронӣ намудан мебошанд. Лекин чунонки мегӯянд, «аз хуб ба хубтар шитобем». Бояд ҷавонон мутолиаи бештар ва мунаққиди сахтгири худро дар ҳар ҳолат дошта бошанд. Мехоҳам ҷавонон тавре ба адабиёт ворид шаванд, ки дар замони шуравӣ чандин нафар ворид шуда буданд. Вақте эҷодкор пайваста наомӯзад, то охир навқалам мемонад.
Ба андешаи Абдураҳмон Абдуманнон, дар эҷодиёти ҷавонон аввалин камбуде, ки ба чашм мерасад, сатҳи савод мебошад. Омӯзиш кам аст. Хондан ва азёд кардани осори арзишманд мусоидат менамояд, ки риояи забон, баён, мантиқу таносубро адиб омӯзад.
Ато Мирхоҷа дар хотимаи ҳамоиш зикр кард, ки, хушбахтона, шумори эҷодкорони ҷавони мо сол то сол зиёд мегардад. Ҳарчи дар ин ҷо гуфта шуд, ба суди онҳост. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат эҷод кардани ҷавонон муҳим аст.