Натиҷагирӣ аз соли куҳан ва омодагӣ ба соли нав
25 декабри соли 2024 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, мувофиқи рӯзномаи маҷлис, дар оғоз аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта гузориши муфассал дод. Дар гузориш роҷеъ ба фаъолияти яксолаи бахшҳо, нашрияҳо ва дигар сохторҳои марбут ба ИНТ маълумот дода шуд.
Дар идомаи маҷлис масъалаи дигар – қабули адибон ба узвият дар миён гузошта шуд. Баъди баррасӣ ва ибрози назарҳо аз бахши назм – Бахтиёр Раҳмониён, Меҳровари Масчоҳӣ, шоири ӯзбекзабон Мунира Камол, аз бахши наср Сайидо Шарафӣ, аз бахши нақду адабиётшиносӣ Абдулназари Абдулназар ва Хуршеди Эҳсон якдилона ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд.
Масъалаҳои дигари маҷлис: баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Раёсати ИНТ дар соли 2025; пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар бахши наср) ва Мирзо Турсунзода (дар бахши назм) барои соли 2025; тасдиқи нақшаи кори Комиссияи тафтишотии ИНТ барои соли 2025; инчунин вазъи риояи талаботи боби 10.7, банди «б»-и Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи пардохти ҳаққи узвият баррасӣ шуданд.
Дар маҷлис ҳамчунин масъалаи тасдиқи ҳайати Шурои кор бо ҷавонони эҷодкор ва кадрҳо баррасӣ шуд.
Аз ҷумла фармон доир ба таъйин намудани Толиби Луқмон ба вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва Саид Сафаров ба вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Памир»аз ҷониби аъзои Раёсат тасдиқ гардид.
Дар атрофи мавзуъҳои зикршуда ва масъалаҳои ҷории маҷлис аъзои Раёсат Абдураҳмон Абдуманнон, Муҳаммадюсуф Имомзода, Рустам Ваҳҳобзода, Равшан Махсумзод, Юнус Юсуфӣ ва Парда Ҳабиб изҳори назар карданд.