Наср заҳмати ҷонкоҳ мехоҳад

 Наср заҳмати ҷонкоҳ мехоҳад

Quill pen and a rolled papyrus sheet on a wooden table with old books, vintage effect

Хеле ташвишовар аст, ки имрӯз дар арсаи насри бадеӣ ҷавонон камшуморанд. Бетаваҷҷуҳии онҳо ба ин шохаи муҳими адабиёт аз чист ва чаро шумораашон нисбат ба шоирони ҷавон хеле кам аст? Устодон чунин посух доданд:

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон
Шеър кӯдаки эҳсос аст. Кӯдаки эҳсоси касе, ки табъи худододи модарзод  дошта бошад,бешак, бо омӯзиши пайвастаи шоҳкорҳои назми классикони адабиёт, саводу забон, осори шоирони номвари муосир, андӯхтани донишу малакаи фаровон, омӯхтани илми вазну қофия, ифшои эҳсоси дилангези гарму сӯзони ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ба воситаи суханҳои ноби пуробуранг, саршори тасвирҳои тару тозаи ҷаззоб, ки дар дилҳо ҷо бигираду дар зеҳнҳо нишинад ва ба руҳу равони инсонҳо ҳамоҳангу ҳамсадо шавад.

Наср бештар маҳсули таҷриба ва мушоҳидаи фаровони мактаби бузурги зиндагист. Ба фармуди устод Рӯдакӣ:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Яъне боистеъдодтарин нависандаи ҷавон низ бе андӯхтани таҷрибаи рӯзгор, бе сабру фурсат, донишу шинохти хулқу атвор, дарду армони инсонҳо, кору пайкори онҳо дар шебу фарози ҳаёт барои расидан ба армонҳои хеш, хизмати беғараз барои шукуфоии диёр, ба роҳи рости бошарафона ҳидоят кардани ҳамзамонон, албатта ба воситаи амалу ҷузъиётҳои  зебову боварбахш, нозукиҳои забону савод дар жанри ҳикоя, қисса ва роман якбора муъҷиза офарида наметавонад. Ба қавли ҳаким Саноӣ:

Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ
Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.

Ба майдони адабиёт наомадани носирони ҷавон табиист. Ҳам таҷриба бояд андӯхт, ҳам ба заҳмати сангини омӯзиши беохири босаброна нишастану офаридан омода бояд шуду тан бояд дод. На ҳар ҷавон бори гарони забономӯзӣ, савод, мардумшиносӣ, таҳрир, интизории нохуши нашри китобашро дар ин замон таҳаммул мекунад. Аз ин хотир бисёр шоирони маъруфи имрӯз пас аз гузаштани солҳо, андӯхтани таҷрибаву саводу дониш ба навиштани асарҳои насрӣ ва таҳқиқотӣ шурӯъ кардаанд.

Дар ҳар сурат беҳтар он аст, ки нависанда дер ояду шер ояд. Дар он мавзӯъҳои нав бо сабку забони дилнишин қаҳрамони замонавии хотирмон офараду аз ҷониби хонанда ва муҳити адабӣ пазироӣ ёбад.

Ато Ҳамдам, Нависандаи халқии  Тоҷикистон
Албатта, гуфта наметавонем, ки имрӯз нависандагони ҷавон тамоман нестанд. Ҳастанд ҷавононе, ки дар доираи қудрат ва тавоноии хеш паҳлуҳои зиндагии моро рӯи коғаз меоранд. Сабаби камтар ба бахши наср рӯй овардани қаламкашони ҷавон аз бемутолиагӣ ё кам хондани асарҳои адибони машҳури олам ва нависандагони мо мебошад.

Ҳар ҷавоне, ки ба даст қалам мегирад, вазифадор аст, ки барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи нигорандагии худ зиёдтар мутолиа намояд, дар маҳфилҳои эҷодӣ, муҳокимаи асарҳои ҳамсолони худ бештар иштирок кунад ва таҷрибаҳои нав андӯзад.

Солҳои пешин муҳокимаи китобҳои нахустини нависандагони ҷавон бо иштироки устодони варзида дар сатҳи баланд, ҷиддӣ ва таъсирбахш мегузашт. Асарҳои муҳокимашуда ва ба чоп тавсиягашта дар мувофиқа бо Иттифоқи нависандагон зери унвони «Навниҳолони боғи адабиёт»  ба нашр мерасиданд.

Бароти Абдураҳмон,  Нависандаи халқии  Тоҷикистон
Нависандагӣ ишқ аст, ишқи огандаи меҳру муҳаббати доимӣ. Ишқе, ки саршори ранҷу риёзати шабзиндадориву бедорхобиҳост. Меҳре, ки посухи ночиз дорад дар тимсоли ҳаққи заҳмат ва бо он пайсаҳои кам бори зиндагиро кашидани нависандаҳои ҷавон хеле душвор аст.

Нависандаи дӯстдоштаам Ҷек Лондон ба нависандаи ҷавони навроҳ панд медиҳад: «Нигарони фариштаи илҳом мабош! Пешаи нависандагӣ навад дар сад шабу рӯз заҳмати гарон кашидан аст».

Ин суханро Лев Толстой низ ба тарзи дигаре гуфта, меафзояд, ки барои нависандаи ҷавон, умуман барои ҳар эҷодкор, сарвати кофӣ доштан зарур аст. Дороӣ эҷодкорро аз ҳар ҷиҳат бениёз мекунад ва ӯ дар фикри дигар мушкилот нашуда, фидоии адабиёт мегардад.

Дар умум, ин роҳест душвору пурпечутоб. Кори нависандагӣ сангину заҳматталаб аст. Нависандаи ҷавонро мебояд, ки аз ҷиҳати моливу маънавӣ бениёз бошад.

Дигар хабарҳо