Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Насри Истиқлолро истиқлол мебояд
Адабиёти замони Истиқлол имтидоди адабиёти нави (модерни) тоҷикии ибтидои асри ХХ мелодӣ, вале аз марҳалаи ба куллӣ дигари ғоявию муҳтавоӣ ва то ҷое сифтан тозаи он мебошад. Вежагии асосии адабиёти ин марҳала воқеънигории таърихӣ, таваҷҷуҳ ба инсони иҷтимоии давру замони муайян ва гароиш ба сабки наздик ба диди мардум ва содагӣ дар тарзи баён, умуман гароиш ба мактаби воқегароӣ мебошад. Он аз замони равшангарӣ (маорифпарварӣ) ва ҷадидизм оғоз меёбад ва дар даврони шӯравӣ, ки бо номи «адабиёти советии тоҷик» мустаъмал аст (1918-1991) ва ниҳоят адабиёти тоҷикии замони Истиқлол (аз соли 1991 ба баъд) марҳалаҳои таҳаввулро мепаймояд.
Як нуктаи сазовор ба таъкид ин аст, ки ҳарчанд дар адабиёт дар мароҳили таърихӣ тағйири сифатӣ дар муҳтаво ва ғояву мавзуъ ба вуҷуд меояд, вале он наметавонад дар шаклу сабк ба сурати инқилобӣ ҷараён гирад. Аммо ҳар мактаби адабиро ҷиҳатҳои хосе ҳаст, ки онро аз дигар макотиб тамиз медиҳад. Мутобиқи мушоҳидаҳо, ин ҳам ҳамин аст, ки дар мактаби воқеъгаро насри бадеӣ мақоми хоссе дорад ва раванди тафаккури адабиро аз бисёр ҷиҳат муайян ҳам менамояд. Зиёда аз он, ҳар марҳалае аз ин адабиёти воқеъгаро ҷиҳатҳои умумии ҳадафманд ва дастурӣ будааст ва он ҳам то ҷое тағйири инқилобӣ дар ҳаракати адабӣ мебошад.
Ба ин маънӣ, адабиёти даврони Истиқлол низ мустасно намебошад. Аммо дар иртибот ба вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангие, ки дар ин даврон ба амал омад, шароите даст дод, ки заминаҳо барои озодии эҷодиёт, ворастан аз нуфузи ҳизбӣ ва побастагии идеологӣ, таваҷҷуҳ ба масоили миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ фароҳам омада, роҳ барои халлоқияти адабӣ боз гардид.
Ҳамин тавр, дар замони ба Истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили давлати мустақили тоҷикон адабиёти тоҷикӣ ба марҳалаи нав ворид шуд. Акнун масоили ҳунарӣ ва адабиёт ба ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфт. Албатта, бар асари ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 баъзе аз аҳли адаб аз пойтахт ба музофот ва кишварҳои дигар кӯч бастанд, ки ин боиси қувват гирифтани доираҳои адабӣ дар маҳалҳо гардид ва ҳодисаи хуб ҳам ҳаст, вале бо расидан ба Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи байни тоҷикон (1997), чанде аз онҳо ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Аммо фаъолияти иттиҳодияҳои адабӣ дар манотиқи гуногуну марказ ва иртиботи дуҷонибаи онҳо яке аз хусусиёти раванди адабии муосир ба шумор меояд.
Куллан, дар замони Истиқлол заминаҳои ҳуқуқии инкишофи афкори адабӣ гузошта шуд: Қонуни асосии ҶТ қабул гардид (6 ноябри соли 1994), ки дар он таъкид шудаааст, ҳар як шаҳрванд «…ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад». Ҳамчунин 5 октябри соли 2009 таҳрири нави Қонуни забон (таҳрири аввал соли 1989) «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ба тасвиб расид, ки аз ҳуҷҷатҳои бисёр муҳим барои рушди забону адабиёти тоҷикӣ ба шумор меояд. Таваҷҷуҳ ба адабиёт ва намояндагони он аз ҷузъҳои сиёсати Презденти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меояд. Эшон фармуда: «Адибон дар ҳар давру замон баёнгари орзуву омол, ҷонсӯз ва нангбардори миллат мешаванд. Онҳо дар тафаккури худ ҳикмати асру замонҳо ва халқро чун ганҷи бебаҳо маҳфуз медоранд ва ба воситаи асрҳояшон зебову хотирнишин ба мардум пешниҳожд мекунанд».
Ҳамин тавр, таваҷҷуҳ ба таърихи сиёсӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ ва илмиву адабӣ яке аз вежагиҳои замони Истиқлол аст. Ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён (1999), Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (2006), 1310-солагии зодрӯзи бунёдгузори мазҳаби ҳанафӣ – Имоми Аъзам Абуҳанифа (2009), 1150-солагии бунёдгузори адабиёти нави форсии тоҷикӣ – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008) ва таҷлили зодрӯзи нависандагон, донишмандон ва мутафаккирони гузаштаву муосири тоҷик чун 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 960-солагии Умари Хайём (2000), 2700-солагии «Авесто» (2001), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 800-солагии Ҷаллолуддини Балхӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ (2014), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011), Сотим Улуғзода (2012), 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров (2023) ва ғ. аз муҳимтарин тадбирҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабию мазҳабии ин давра буда, гувоҳ аз бахшҳои афзалиятноки сиёсати мукаммали Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду таҳкими худшиносии миллӣ ва маънавиёти ҷомеа мебошанд.
Адабиёти ин давра дар заминаи чунин омилҳои муассир рӯ ба рушд ниҳод. Мавзуъҳое чун оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, хушиҳои расидан ба Истиқлол, тавсифу тамҷиди расидан ба сулҳу субот, зиндагӣ ва кору созандагиҳои мардуми тоҷик дар арзи беш аз сӣ соли охир барои бунёди давлати миллии тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва тасвири таърихи дуру наздик, бознигарӣ ба ҳодисаҳои ҳафтод соли замони шӯравӣ бештар мавриди тасвир қарор гирифтанд.
Ба ин маънӣ, дар мундариҷа, муҳтаво, дарунмоя ва шаклу сабки адабиёт ва шохаҳои он, чи назму наср ва чи драмнависию адабиёти кӯдак, чи тарҷумаи адабӣ ва нақду адабиётшиносӣ дигаргуниҳи муҳимме ба амал омаданд.
Наср дар адабиёти замони Истиқлол аз ҳайси ҷустору бозёфт ва миқдори таълифот пурбор мебошад. Нависандагони соҳибтаҷриба, амсоли Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Абдулҳамиди Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдурофеъ Рабиев, Ато Ҳамдам, Юсуфҷон Аҳмадзода, Абдуғаффор Абдуҷаббор, нависандагони фақид Саттор Турсун, Абдумалик Баҳорӣ, Баҳманёр, Аъзам Сидқӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Ҷонибек Акобир, Равшани Ёрмуҳаммад, Шодон Ҳаниф, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муаззама, Муҳаммадзамони Солеҳ, Додоҷон Раҷабӣ, Иноят Насриддин ва дигарон бори насри тоҷикиро ба дӯши худ доштанд. Дар интиҳои қарни 20 ва ибтидои қарни 21 нависандагоне чун Бароти Абдураҳмон, Юнус Юсуфӣ, Мирзонасриддин, Додохон Эгамзод, Мирзо Шукурзода, Мансур Суруш, Аброри Зоҳир, Сипеҳри Ҳасанзод, Марямбону ва дигарон бо сабку симои вежаи худ дар майдони эҷод ҳунарнамоӣ карда истодаанд. Ҳамчунин Ато Мирхоҷа, Саидаҳмади Зардон, Диловари Мирзо, Сироҷиддин Икромӣ, Садриддин Ҳасанзода, Сироҷиддин Шарофиддин, Матлубаи Ёрмирзо, Маҷид Салим, Абдурауф Муродӣ, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Баҳманёр Муродӣ ва дигарон торафт бештар бо тарзу равиши хоси худ асар эҷод менамоянд ва рӯ ба камолот ниҳодаанд. Сол ба сол насли ҷавон ба сафи насрнависон ворид мешаванд, ки рушди баъдии наср ба фаъолияти онҳо иртибот мегирад. Бахусус навиштаҳои ҷавононе чун Ховари Пӯлод, Фурқат Низом, Сайидо Шарафӣ ва дигарон умедворкунанда аст.
Яке аз хусусиятҳои асосии насри имрӯза иборат аз он аст, ки нависандагон ба ҳамаи жанру навъҳои адабии адабиёти достонӣ асар эҷод мекунанд. Имрӯз ҳикоя, қисса, хотирот, румон, чеҳраофаринии адабӣ, таронаҳои ғиноӣ, намунаҳои насри ҳаҷвӣ, тамсилӣ, рамзиву сурреалистӣ, намунаҳои насри воқеъгарои ҷодуӣ аз шаклу жанрҳои маъмули наср ба шумор меоянд.
Дар даврони Истиқлол жанри таърихӣ ва хоса таълифи румони таърихӣ бештар ривоҷ пайдо кард. Аслан ин таваҷҷуҳ ба таърих дар тамоми адабиёт (чи назму чи драмнависӣ) ба соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот мегирад, зеро истиқлол ва бунёди давлати миллӣ тақозо мекунад, то дар бораи таърихи зиндагии иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавии гузаштаи мардум ба сифати зербинои кишвари мустақил и кунунӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Силсилаи асарҳои Сорбон дар бораи Искандар (китобҳои I–II «Достони писари Худо»), румони Бароти Абдураҳмон «Куруши Кабир, «Девори Хуросон»-и Муҳаммадзамони Солеҳ, «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр, «Ҳайҷо»-и У. Кӯҳзод, румонҳои Ато Ҳамдам ва Л. Чигрин («Роҳи Абрешим» , «Садди Суғд» ва «Садди Хатлон»), Аъзам Сидқӣ дар бори Камоли Хуҷандӣ, «Ишқи Рӯдакӣ»-и Равшани Ёрмуҳаммад, «Дар чорсӯи Хуршед»-и Шодон Ҳаниф, «Ҳафт шаҳри руъё»-и Ю. Аҳмадзода, «Гардиши девбод»-и Абдулҳамиди Самад, «Размоварони Ҳиндукуш»-и М. Шукурзода, «Вахш»-и С. Зардон, «Оташ дар хонаи қадим»-и Мирзонасриддин гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳз дар замони Истиқлол мавзуи таърихи дуру наздик аз мавзуъҳои густардаи насри муосир будааст. Ин миқдор румон (ба як шумурд теъдоди он зиёда аз чиҳилто мебошад) нисбат ба осори таърихии 70 соли дар замони шӯравӣ таълифшуда хеле зиёд аст. Вақоеъи гузашта ва аз мавқеи масоил ва арзишҳои имрӯз ба кор гирифтани он аз бисёр ҷиҳат тафаккури таърихӣ, ёду ҳофиза ва худшиносии миллиро тақвият мебахшанд.
Ҳоло аз ҳайси хасоиси жанрӣ румонҳои даврони Истиқлолро ба ин тариқ дастабандӣ кардан мумкин аст: румони ҳуҷҷатии биографӣ («Куруши Кабир», “Девори Хуросон”), ки аз далелу арқом, ҳуҷҷатҳо ва тахайюл бунёд ёфтааст; румони таърихии бадеӣ, ки бар санад ва шахсиятҳои таърихӣ такя дорад (румонҳои Сорбон, Ато Ҳамдам ва Л. Чигрин), рамони биографӣ ё зиндагиномаи адибон (асарҳои Равшани Ёрмуҳаммад дар бораи устод Рӯдакӣ, Аъзам Сидқӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ, Сорбон дар бораи Туғрал); румонҳои воқеъгароёнаи ахлоқиву иҷтимоӣ, ки тасвири бадеӣ бо унсурҳои этнографӣ (урфу расми мардум) омехтаанд (Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, С. Зардон) ва ниҳоят, румонҳои аз ҷиҳати шакл навоварона (Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр), намодин ва ҳозирамавзуъ (Юнус Юсуфӣ), ки бо тасвирҳои амиқи рӯҳию равонӣ ва омезиш додани сохторҳои гуногуни нақл асос ёфта, барои чандандешӣ замина фароҳам овардаанд. Ҷанбаи ҳуҷҷатӣ (такя ба сарчашмаву санадҳо) ва биографӣ ба аксари романҳои ин даврон хос буда, яке аз хасоиси поэтикаи онро ташкил медиҳанд. Дар ин давра нависанда Аброри Зоҳир дар таълифи румон пуркор будааст ва чун намунаи навиштаҳои вай «Охирин сайди сайёд» (2013), «Дунёи беамон» (2013) «Бозгашт» ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.
Насрнависон ба таърихи 70-солаи зиндагии мардум дар замони шӯравӣ ба сарнавишти аҳли илму адаб назари тозае андохта, асарҳои ҳуҷҷатӣ ва хотирот таълиф намуданд. Нависанда Додоҷон Раҷабӣ китоби очеркҳои «Осмони хамида»-ро ба табъ расонид, ки аз сарнавишти талхи зиёиён дар замони таъқиботи сталинии дар солҳои сиюми асри ХХ баҳс мекунад. Худи адибон низ ба ин масъала ҳассосият нишон доданд ва хотираҳои нависандаи пешрав, марҳум Ҷалол Икромӣ таҳти унвони «Он чи аз сар гузашт» (2006) аз ин қабил навиштаҳо мебошад. Дар воқеъ, дар ин солҳо таълифи ёддошту хотирот идома кард ва тавсеа ёфт ва асарҳои Холмурод Шарифов, Сорбон, Шодон Ҳаниф, Ҷонибек Акобиров, Абдуҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо аз кору рӯзгори одамони неки Тоҷикистон ва аҳли илму адаб баҳс мекунанд. Инчунин чанд хотироте дар бораи солҳои нооромӣ дар Тоҷикистон ба майдон омаданд, ки бисёр муҳим мебошанд.
Дигар аз жанрҳои маъмули насри замони Истиқлол қисса (повест) мебошад. Дар ин навъи адабӣ, ба як шумурд, наздик ба сад асар ба табъ расидааст. Қисса асосан ба тасвири мавзуъҳои муосир мутаваҷҷеҳ аст ва фарогири мувафаққиятҳои замони Истиқлол, ғаму дардҳои солҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳи тоҷикон будааст. Қиссаҳои Равшани Ёрмуҳаммад «Хоб ва бедорӣ» (2006), Равшан Махсумзод «Лавҳи сангин» (2006), Муҳиддин Хоҷазод «Розҳои дафтари умр» (2006), Ато Ҳамдам «Оби зери ях» (2006), Шералӣ Мӯсо «Одам будан мехоҳам» (2006), «Қомати сабзи имон» (2007), Ато Ҳамдам «Аризаро пас гирифтам» (2005), Лутфишоҳи Додо «Гуроз» (2008), Сорбон «Фоҷиаҳои доду дам» (2008), Саидаҳмади Зардон «Каҳдуди сӯзон» (2008), Мирзо Саттор «Нолаи хомӯш» (2008), Истад Қосимзода «Чӯпон ва милиса» (2007), «Ошиқ будем рӯзе» (2008), Матлубаи Ёрмирзо «Имон» (2008), Абдумалик Баҳорӣ «Дили гумҷӯ», «Соҳили мурод», «Баҳси нотамом» (2008), Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Дурӯғи сафед», Ато Ҳамдам «Зани дувум» (2008), Ҳанифаи Муҳаммадоҳир «Сангрезаҳои Сангтӯда» (2009), Маъруф Бобоҷон «Тавба» (2010), Марямбонуи Фарғонӣ «Шаҳбози хаёл» (2011) дар мавзуъҳои гуногуни замон навишта шудаанд.
Жанри ҳикоя низ бештар масоили рӯзро таҷассум карда, фаврияти инъикоси воқеаҳо ба он хос мебошад. Ҳикояҳои Сорбон, Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ аз намунаҳои хуби ин қолаби адабӣ ба шумор меоянд. Очерк ва мақолоти гоҳномаии (публитсистии) ин даврон бештар ба кору заҳмати сохтмончиёни роҳу нақбҳо ва аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бахшида шудаанд. Асарҳои ба ин сохтмонҳои муҳим бахшидаи Муҳиддин Хоҷазод, Бахтиёр Муртазо, Ҳанифаи Муҳаммадоҳир бо назари тоза ва тасвирҳои бадеии худ имтиёз доранд. Бояд қайд кард, ки дар баробари дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сохтмони роҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ ва хосса «Роғун», арин сохтмони азими аср насрнависони мо қарздоранд. Танҳо намои зоҳирӣ- тасвирии ин иншоот ва роҳсозиву тунелкушоӣ, деворбандиҳои бетонӣ, ки аз садҳо километр иборатанд, ҳамсон ба бунёди як шаҳри бузурги замонавӣ мебошанд, ки дар қуллаи кӯҳу зери замин сохта мешаванд. Дар он ҳазорҳо коргарони тоҷик касбу кор, дониш ва тафаккури ваҳдатофару ҷаҳонбинии фаннии муосирро азхуд мекунанд. Яъне насли нави коргарони тоҷик ва муҳандису бинокор, бунёдкунандагони НБО бо дунёи тозаи маънавӣ ба камол мерасанд, ки сазовор ба эҷоди румонҳо, балки ҳамосаи даврон мебошанд.
Дар насри давраи Истиқлол ва тамоми адабиёти тоҷик мавзуи ҷанги байниҳамдигарии тоҷикон низ мавқеи муҳим дорад. Асарҳои К. Мирзо «Дар ҷустуҷӯи падар», Ӯ. Кӯҳзод «Се раҳакӣ аз се ҳизб», А. Баҳорӣ «Қиссаи Нодир», «Лаб-лаби ҷар»-и Саттор Турсун, «Зан ва ҷанг»-и Гулрухсор, “Бозгашти кунгур”-и Мирзонасриддин, «Ишқро анҷом нест»-и М. Амиршоҳ ва чанде дигар ба таҳқиқи ибтидоии бадеии ин мавзуъ бахшида шудаанд.
Насри даврони Истиқлол бо зуҳур ва ташаккули тамоюлҳои эҷодӣ ва таҳаввули мактабҳои адабӣ низ ҷолиб мебошад. Насри зеҳнгарои Баҳманёр, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммадзамони Солеҳ, Юнус Юсуфӣ, Муҳаммараҳими Сайдар, Тоҳири Муҳаммадризо саҳифаи тозае дар адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Ҳамчунин, тасвири реалистӣ низ ба тағйири сифатӣ дучор омад ва воқеанигории асил (масалан «Санг дар бағал бо тӯфон»-и Саттор Турсун, «Дарди ишқ»-и К. Мирзо, «Сарои санг»-и А. Мирхоҷа) бештар мавқеъ пайдо намуд.
Тасвир ё сабки воқеъгаро аз усули маъмули адабиёти нави тоҷикист ва дар насри замони Истиқлол низ идома доштааст. Хусусияти муҳимми он тасвири воқеаҳои зиндагӣ мисли худаш, яъне таҷассуми ҳодисаҳои ҳаёт ва симои шахсиятҳои муосир ва замони гузаштаи таърихист. Ин сабк, ки онро нависандагоне чун Сорбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Бароти Абдураҳмон, Ӯрун Кӯҳзод, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Мирзо Насриддин ва дигарон бештар мавриди истифода қарор додаанд, ҳоло аз тамоюлҳои асосӣ ва муайянкунанда ба шумор меояд. Хусусияти барҷастаи сабки мазкур ба миён гузоштани масоили таърих ва рӯзгори муосир, тасвири манзараҳои зиндагӣ, такя ба ҷузъиёт, расму русум ва афкори мардуми одӣ аст. Нависандагони пешрав бо тасвири ҷузъиёти чашмнамо, воқеаҳои сахту сангин ва муқаррарӣ, зиддият ва масоили доғ аз ҳаводиси рӯзгори гузашта ва муосири моро нақл менамоянд, тасвири бамуддао ва таъкидҳо сари манзараву воқеаҳо ва рафтори одамон гаҳ-гоҳе онро хусусияти таъмимии ба худ хосе ё намодин ато менамояд.
Аммо бахше аз насрнависони воқеъгаро бештар бар сари масоили ахлоқӣ ва баёни ошкорои самтгиронаи нияти худ таъкид доранд ва мутаваҷеҳ кардани хонандаро ба воқеаҳои муассир аз вазоифи худ медонанд. Дар насри воқеъгаро гоҳе баёни содаи ҳодисаҳо боло мегирад ва куллан нақли муқаррарӣ аз шакли асосии тасвир аст. Ба ақидаи банда, бояд аз ин қабил содагароӣ раҳоӣ ёфта, ҷустуҷӯҳоро ба самти реализми асил ва сермаъно бояд равона сохт.
Дигар аз тамоюлҳои асосӣ дар насри замони Истиқлол ҳамоно таваҷҷуҳ ба зеҳниятгароӣ дар тасвир мебошад. Чунон ки таъкид шуд, ин тарзи навиштор низ ба адабиёти навини тоҷикӣ бегона набудааст. Ҷанбаи зеҳнгароёна (субъективӣ) дар адабиёти воқеъгаро, аз ҷумла дар сабки устод Айнӣ ва Ҷалол Икромӣ, аз ҷиҳатҳои муайянкунанда буд. Зеҳнгароӣ ба заминаи тасвири реалистӣ аз хусусиятҳои барҷастаи сабки Фазлиддин Муҳаммадиев низ мебошад.
Аммо зеҳниятгароии насри замони Истиқлол такя бар озодӣ аз воқеият дорад ва бар мабнои диди сурреалистии адабиёти ҷаҳонӣ зуҳур мекунад. Акнун нависандагон на ба тасвири дақиқи ҷузъиёти зиндагӣ ва айнии воқеият мепардозанд, балки онро бо такя ба хаёлоти худ месозанд. Ва ин сохтани воқеият низ фаровоқеӣ, яъне сурреалистӣ мебошад.
Дар адабиёти тоҷикӣ сурреализм тавассути тарҷумаҳои русии адабиёти Ғарб ва адабиёти ҳамзабонони мо, хосса адабиёти Эрон (масалан, асарҳои Содиқи Ҳидоят) роиҷ шуд. Тасвири сурреалистӣ бештар аз ҳама ба навиштаҳои Сайф Раҳимзод хос аст. Вай ба олами хаёлот ва хобу руъё бештар мепардозад ва ҳикояе дорад бо номи «Аз ёдҳо, азёдҳо», ки унвони он худ аз чӣ маводе фароҳам омадани достон ва сабки таълифоти ӯро бозгӯ мекунад. Руҷӯъ ва такя ба такгӯи ботинӣ (монологи дарунӣ) аз қиссаи нахустини вай «Ситораҳои сари танӯр» маълум буд ва духтарбачаи қаҳрамони ӯ зиндагиро асосан тавассути хаёлоти рангин ва олами орзуву афсонаҳояш ба андеша мегирад ва мешиносад. Сабки мазкур дар маҷмуаи Сайф «Дурӯғи сафед» ба вузӯҳ намудор аст. Ба ин равиш аз нависадагони навпардоз зоҳиран Матлубаи Ёрмирзо гароиш дорад.
Аммо нависандагоне чун Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Юнус Юсуфӣ, Тоҳири Муҳаммадризо ҳарчанд ки сабкашон сирф сурреалистӣ нест, вале аз имконоти ин тарзи тасвир бисёр кор мегиранд. Нависандагон дар ин маврид тавассути сужаҳои афсонамонанд ва баргирифта аз тасаввуру бовар ва хасоиси равонии мардум одамони бадгуҳару бераҳм ва умуман бадиро бамаротиб муассиру ибратбахш ба тасвир гирифтаву маҳкум менамоянд.
Ва ин тамоюл дар насри даврони Истиқлол бештар мавқеъ пайдо карда, ки дар нақди адабӣ бо воқеъгароии муъҷизоӣ ё ҷодуӣ (магический реализм) номзад шудааст. Дар ин қабил осор аносири муъҷиза бо манзараҳои воқеъии зиндагӣ ва олам тавъам ба тасвир меояд. Эҷодиёти нависандагони ин мактаб Карпентера, Хорхе Луис Борхес, Габриел Гарсиа Маркес, Хулио Кортасара ба адабиёти ҷаҳон таъсири чашмгире доштанд ва миёни нависандагони ҷавони тоҷики солҳои 80-90 шуҳрат доштанд ва хеле аз қиссаву ҳикоёти Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Анвар Олимов, Тоҳири Муҳаммадризо ва дигарон ба сабки мазкур таълиф шудаанд. Нависандагони тоҷик, пеш аз ҳама, суннату боварҳо ва тасаввури муъҷизоии мардуми деҳоти кӯҳистонро мавриди тасвир ва баёни андешаву мақосиди худ қарор медиҳанд. Ва ин, дар воқеъ, як амали табиист, зеро имрӯз низ боварҳои мардумӣ дар қатори андешаи ақлгаро дар кӯҳистон ва деҳоти тоҷикӣ (гоҳе шаҳрҳо низ мустасно нестанд) нуфузи зиёде доранд ва эътиқоди мардумро шарҳи бадеӣ кардан ба манфиати кори адабӣ аст. Зиёда аз он, ин ҳама бозгӯи истифодаи босамар аз мактабҳои адабии ҷаҳон аст, ки имрӯзҳо дар ин бора сухан бисёр аст.
Як нуктаи муҳим дар адабиёти муосири тоҷик кӯшиши таъкиди маънӣ, образ ва ҷузъиёт, ҳатто дар насри сирф воқеъгаро, агар бо муваффақият анҷомад, гаҳ-гоҳе ба рамз ва намоди бадеӣ табдил меёбад. Яъне нависанда ба рӯи лаҳзаҳои зиндагӣ ва хислатҳои одамон бештар мутаваҷҷеҳ мешавад ва ё ба мавзуъ аз назари куллитаре (шартиву рамзӣ) нигоҳ мекунад ва дар натиҷа тасвир ва ҷамъбасти бадеӣ сифати тозае касб менамояд. Аз ҷумла, нависандагон воқеаҳои дурушт, сангин ва талху фоҷиавии ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо аз назари воқеъгароии ошкор, балки меъёрҳои ахлоқии умумиинсонии набарди некиву бадӣ менигарад ва баҳо медиҳанд. Сорбон дар қиссаву ҳикояҳои маҷмуаҳои «Марди танҳо», «Якгӯша» ва «Пиндор» аз ҳамин назар кор гирифтааст. Қиссаи Ӯрун Кӯҳзод «Се роҳакӣ аз се ҳизб», ки ҳам шахсиятҳояш (Мирбақо, Мирсафо, Мирризо) ва ҳам макони вуқӯъи воқеаҳо (Себароз, Шаҳри шаҳрҳо) шартиву рамзӣ ҳастанд, як намунаи дигар аз тарзи нигориши зеҳнгароёна мебошад. Ҳатто мушаххасоти замон – унвони ҳизбҳои сиёсӣ бар ин шакли тасвир меафзояд. Вале ба назари банда, дар ин асарҳо мақсад аз камранг нишон додани мушаххасоти одамон ва ҳатто замону макон аз умумӣ будани ҳодисаҳо, таъкиди як амали сустбунёд ва бинобар ин, сазовор ба хандаву истеҳзо будани онҳост.
Дар насри тоҷикии муосир, бахусус замони Истиқлол, як тамоюли тозае бештар шакл мегирад, ки ин ҳам ташаккули насри занон ё ба майдони эҷод ворид омадани занони насрнавис ва умуман адабиёти занон (феминистӣ) дар фарҳанги муосири тоҷикист. Аз ҷумла Гулрухсор, Муаззама, Марямбонуи Фарғонӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Г. Муҳаммадиева ва дигаронро метавон ном бурд, ки ин тамоюли хосеро пайгирӣ менамоянд. Эҳсос мешавад, ки шохаи насри мо бо хасоисе чун дардошноӣ, ҳақгӯӣ, самимият ва ҳатто ошкор сохтани паҳлуҳои ноаёни зиндагӣ ва аз диди зан дидану баҳои воқеӣ додан ба зиндагӣ имтиёз дорад. Занони насрнавис бо ҷасорат ба роҳи ибтикороти адабӣ мераванд. Дар чанд соли охир боз як даста бонувони насрнавис ба майдони эҷод ворид гардиданд, ки қаламашон комил аст. Хусусан румону қиссаҳои Шаҳзодаи Самарқандиро, ки дар Ҳоланд чоп шудаву ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ дар кишарҳои Ғарб мунташр шудааст, хонандагон хеле хуб қабул доштанд. Ё силсилаи асарҳои Гулсифат Шаҳидӣ имрӯз хеле маълум ва ба бисёре аз забонҳои хориҷӣ чоп шудаву барандаи ҷоизаҳо гардидаанд.
Дигар хусусияти насри ин давра аз он иборат аст, ки бисёре аз шуаро ба таълифи насри адабию илмӣ пардохтанд ва ба забону тарзи баёни он оҳанги тозае илова намуданд. Аз ҷумла Гулрухсор, ки дар ин ҷода бо романи «Занони Сабзбаҳор» аввалқадам буд ва баъд «Зан ва ҷанг»-ро таълиф кард. Гулназар силсилаи насри адабӣ барои кӯдакон ва илмӣ (дар бораи Лоиқ) таълиф намуд, ҳамчунин Ш. Ёдгорӣ, Ғ. Мирзо, М. Ғоиб, З. Атоӣ, С. Зарафшонфар, А. Раҳим ҳикояву қисса ва романҳои ҷолибе эҷод карданд.
Ҳамин тавр, дар кулл метавон гуфт, ки насри замони Истиқлол, чи аз ҳайси дарунмоя ва чи шаклу сабк ва қолабҳои адабӣ, дар роҳи пӯяндагӣ ва ибтикорот қарор дорад. Аммо, чунонки гуфта омад, боз ҳам дар тасвиркорӣ, ибтикорот, масъалагузорӣ, умқи таҳқиқи бадеӣ, забону баён кору пайкори зиёд мебояд, то насри Истиқлол ба пояи истиқлоли воқеии ҳунарии худ бирасад.