НАВРӮЗ – ҷашни бедорӣ ва василаи муҳими ваҳдату ҳамбастагӣ
Бо чунин унвон 11-марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон конфронси илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур чеҳраи шинохтаи илму адаби тоҷик Камол Насрулло – шоири халқии Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа – муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҷумъа Қуддус – нависанда ва драматурги маъруф иштирок намуда, андешаҳои ҷолиби худро иброз намуданд.
Муовини ректор оид ба тарбия Бобохониён Зебиниссо маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Мавсуф дар бораи кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё намудани Наврӯз дар замони Истиқлол ёдовар шуд.
Ато Мирхоҷа, шоири шинохта, дар мавзуи «Наврӯз ифтихори миллии мост» муфассал сухан гуфта, иброз дошт, ки ба василаи Наврӯз ниёгони мо суннатҳову унсурҳои фарҳанги бостонии худро идома додаанд. Бинобарин Наврӯзро метавон маншаъи эҳёву фарогири фарҳанги бостон дар ҳар давру замон донист, ки волотарин унсурҳои фарҳангии мардумони эронитаборро ҷамъ овардааст. Наврӯзи оламаврӯз ҷашнест, ки аз марзҳо фаротар рафта, аз шимоли Чин то Аврупо доман густурдааст. Аз ин сабаб метавон онро ҷашни фаромиллӣ унвон кард
Шоири халқии Тоҷикистон – Камол Насрулло дар мавзуи «Наврӯз-сафобахши дилу дидаҳо» суханронӣ намуда, чанд шеъри тару тозаи наврӯзӣ қироат намуд, ки ба шунавандагон хуш қабул гардид. Иштирокчиён пас аз шеърхонии устод Камол Насрулло дурудароз кафкӯбӣ менамуданд.
Нависанда ва драматург Ҷумъа Қуддус дар мавзуи «Наврӯзи хуҷастапай» ибрози назар намуда, қайд кард, ки Наврӯз ҷашни покӣ, меҳрубонӣ, гармию муҳаббат аст. Аз ин ҷост, ки дар ҳама манотиқ ин ҷашнро бо шодӣ истиқбол менамоянд ва гиромӣ медоранд.
Маҳз ҳамин Наврӯз аст, ки мардумро ба ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу сафо, созандагиву ободкорӣ даъват менамояд. Аз ин рӯ метавон Наврӯзро сарчашмаи сулҳу дӯстӣ унвон кард.
Мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ дотсент Муллоаҳмадшо Чурғосиев низ дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва барқарор намудани ҷашни Наврӯз» суханронии муфассал намуда, таъкид намуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани ҷашни Наврӯз бисёр бузург аст. Зеро маҳз туфайли Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардид ва бо боварии комил метавон гуфт ки то дер дар хотири аҳли нишаст хоҳад монд.