Наврӯз зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон
9-уми март дар Филармонияи давлатї мањфили шеъри Шоири халќии Тољикистон Камол Насрулло барпо гардид, ки дар он сарояндагони маъруф Афзалшоњи Шодї, Файзалї Њасан, Хосияти Зарафшонї, Абдумаљид Бердиев ва дигарон иштирок доштанд.
Шеърњои ватандўстонаи шоир аз љониби њозирон бо хушнудї пазируфта шуданд.
10-уми март чунин мањфил бо иштироки Шоири халќии Тољикистон Њаќназар Ѓоиб дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский бо иштироки њунармандони номвари љумњурї доир шуд.
Шоир бо ашъори бањорию наврўзии худ ба мањфил равшанию зебої бахшид.
11-уми март бошад, дар «Хонаи адибон»-и Иттифоќи нависандагон мањфили ширу шакарро шоири тавоно Озар, њунармандон Мурод Одина ва… барпо намуданд.
Дар оѓози ин мањфил раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон Низом Ќосим дар бораи вижагињои асосии шеъри Озар сухан гуфт.
Ашъори ошиќонаи Озар аз љониби њамагон мавриди истиќбол ќарор гирифт.
Рўзи дигар мањфил дар Филармонияи давлатї бо иштироки шоири номвар Озарахш ва њунармандони шинохта Афзалшоњи Шодї, Хосияти Зарафшонї, Чилахон Холов, Алишер Ќаноатзода, сарояндагони љавон Тањмина Ниёзова, Дамирбек Олимов ва дигарон идома ёфт.
Шеъру сурудњои Озарахш, ки аз љониби худи ў низ иљро шуданд, ба дилњои њозирон сурур бахшиданд.
Дар охири мањфил шоир ба љавононе, ки ашъори ў ва дигар шоиронро ќироат карданд, диски шеъру срудњои худро таќдим намуд.
14-уми март бошад, мањфили шеъру суруди Шоири халќии Тољикистон Рањмат Назрї бо иштироки њунарманди мањбуб Бањодур Неъматов ва дастаи њунарии ў баргузор шуд.
Шоири маъруф дар ибтидо чанд сухан дар бораи Наврўз ва ойинњои он гуфт ва бузургони суханро ёдоварї намуд. Шеъру сурудњои ўро њамагон бо шавќу муњббати зиёд гўш карданд.