Наврӯзи ҷаҳон омад
19 март дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили якҷояи наврӯзии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз бахшида, ҷамъомадагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт ва аз эҷодиёти худ дар бораи Наврӯз шеърҳо қироат намуд.
Сипас раиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Барно Саидвализода суханронӣ карда, оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯз андешаҳояшро иброз дошт.
Гардонандаи маҳфил муовини аввали Раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, шоирон Хайрандеш, Абдуллоҳи Раҳнамо, Раънои Мубориз, Робиаи Холмирзо, Мафтуна, адиби афғонистонӣ Шамсулҳақи Ориёнфар ва дигарон шеърҳои наврӯзӣ хонданд ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва овозхон Сангалӣ Мирзоев таронасароӣ карданд.
Дар рафти маҳфил аз ҷониби раиси Бунёди ҳамёрии порсизабонон Карими Карим ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ Ҷоизаи “Қанди порсӣ” супорида шуд. Шоири маъруф аз соҳиби ин ҷоиза шуданаш изҳори хушнудӣ карда, ашъори тозаи худро пешкаши иштирокдорон намуд.