МУҲТАРАМ ӮРУН КӮҲЗОД!

 МУҲТАРАМ ӮРУН КӮҲЗОД!

БА МУНОСИБАТИ 85-СОЛАГИИ УСТОД ЎРУН КЎҲЗОД

Шумо баъд аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа таҳсили худро аввал дар Омўзишгоҳи омўзгории Панҷакент (1951-1955) ва баъдан дар Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1955-1959) идома дода, баъди хатми донишкада фаъолияти хешро ба ҳайси омўзгор дар мактаби миёнаи ба номи Иличи ноҳияи Кировобод (ҳозира н. Панҷ) ҳусни оғоз бахшидед.

Баъдан ба пойтахти кишвар омада, дар ибтидо ҳамчун корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ фаъолият намуда, сипас ба ҳайси корманди маҷаллаи «Хорпуштак», мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рўзномаи «Маориф ва маданият», муҳаррири калони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, мудири шуъбаи очерку публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои тўлонӣ заҳмат кашидаед. Фаъолият дар бахши наср созгор омад, ки дар тарбияи адибони ҷавон ва рушду густариши адабиётамон бештар саҳим бошед.

Шумо ҳанўз аз солҳои аскарӣ (1961) ба навиштани осори бадеӣ оғоз карда, нахустин офаридаҳоятон пайваста дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ мерасиданд. Бо рўи чоп омадани қиссаю ҳикояҳои хондании «Сареву савдое» (1971), «Роҳи ағба» («Ирфон», 1971), «Писанддара» («Ирфон», 1974), «Андешаҳо дар танҳоӣ» («Кини Хумор», «Ирфон», 1976), «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз» («Ирфон», 1979), «Ҳам шаҳри азим, ҳам кўҳи баланд» («Ирфон», 1983, дар таҳрири дуюм «Бандии озод»), «Тақвими раҳгум», «Як сару сад хаёл» («Ирфон», 1983), романи «Ҳайҷо» («Садои Шарқ», 2005, «Адиб», 2014) ганҷинаи адабиёти моро пурбортару рангинтар гардонида, бад-ин васила барои худшиносии мардум, бедории миллӣ, таблиғи расму оини волои суннатӣ ва тарбияи инсони комил хидмати бузургеро анҷом додаед. Талоши Шумо барои қолабшиканӣ, корбурди андешаҳои ҷадид ва тозагии забону ҳусни баён аз нахустин асарҳоятон бармало буд. Як вижагии фаъолияти эҷодии Шумо он аст, ки ҳамеша ба масъалаҳои доғи рўз рў оварда, дар асарҳои хурду бузургатон ғояҳои олии ватанхоҳӣ, башардўстӣ ва инсони комил будан мақоми баланд дорад.

Дар навиштани осори публитсистӣ ибтидои асри ХХI давраи сермаҳсултарини фаъолияти эҷодии Шумо маҳсуб меёбад. Қиссаю асарҳои публитсистии «Тоҷикони имрўза», «Лоҳутӣ ва баъди ў» («Адиб», 2002), «Ҷамъи парешон» («Адиб», 2003), «Ахлоқи воло – дафъи бало» (2003), «Акашариф – Борбади асри бист» («Адиб», 2005), «Ғайр аз хўрдану пўшидан» («ЭР-граф», 2018), «Гардани ғам бишканед» («ЭР-граф», 2018), ки яке паси дигар ба нашр расиданд, фарогири масъалаҳои басо муҳим ва дархури ҳама давру замон буда, аз тарафи хонанда хуб пазируфта шуданд.

Дар тарҷумаи тоҷикӣ ба дасти хонанда расидани осори Радое Доманович (Сербия) «Бозгашти Шоҳзода Марко», Азиз Несин (Туркия) «Мактубҳо аз он дунё», Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия) «Хазони умри одамхудо», Антон Чехов (Россия) «Дашт», ҳикояҳои К. Чандар, Ҳ. Ғулом, Л. Ленч, С. Хонзодян, В. Санги аз завқи баланди интихоб ва маҳорати волои тарҷумонии Шумо шаҳодат медиҳанд.

Асарҳои Шумо ба забони русӣ, украинӣ («Реванш» («Молодая гвардия», Москва, Киев) чехӣ, ўзбекӣ ва ғайра тарҷумаву нашр гардидаанд.

Хидматҳои бузурги Шумо бо унвонҳои баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ордени «Дўстӣ» қадр гардиданд.

Устоди гиромӣ, 85-умин солгарди умри пурбаракати Шуморо бо камоли самимият табрик гуфта, ба Шумо саломатии комил, табъи болида ва рўзгори осуда таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо