Номаи табрикии ИНТ ба Ҳикмат Раҳмат

 Номаи табрикии ИНТ ба Ҳикмат Раҳмат

Муҳтарам Ҳикмат Раҳмат!

Шумо аз қабили он адибони пуркоре мебошед, ки умри гаронмояи худро вақфи хидмат ба фарҳангу адабиёт кардаанд. Эҷодатон аз солҳои шастуми асри гузашта пешкаши хонанда гардида, ҳамон вақт шеъру мақолаҳоятон тавассути матуботи даврӣ интишор ёфтаанд. Ҳангоми фаъолият дар бахши  фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо назокат ва рамзу рози осори шифоҳии халқи тоҷик ошно шудед ва баъдан дар ин замина чанд асари хубе назири «Шоири халқ Бобоюнус Худойдодзода», баёзҳои «Базми гулҳо» ва «Зиндаёд» ва мақолаҳои пуршумореро таълифу таҳия намудед. Давраи муҳимму бобарори эҷодии Шумо дар рӯзномаи он замон машҳури «Маориф ва маданият» сипарӣ шудааст ва дар тули 30 сол матлабҳоятон перомуни масъалаҳои мухталифи фарҳангу маориф муттасил нашр шудаанд ва ба Шумо обрӯву эътибор овардаанд. Маҷмуаҳои ашъори «Гулбарг», «Занги оина», «Шабоҳанг», «Паймони вафо», «Шукуфаи сарнавишт» ва монанди инҳо гувоҳи табъи равону салиматон дар намунае аз каломи манзуматон мебошанд.

Муҳимтарин бахши эҷодиёти гуногунпаҳлуи Шумо тарҷумаи бадеӣ аст, ки симоятонро чун қаламкаши заҳматписанд ба хонандагон нишон додааст. Дар ин ҷода солҳои мадид асарҳои бисёри адибони мамлакатҳои гуногуни оламро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаед ва ба ин восита хонандагони тоҷикро бо ганҷҳое аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон ошно намудаед, ки шоёни эҳтиром ва арҷгузорист. Маҳорати хубатон ҳам дар тарҷумаи асарҳои манзум ва ҳам осори мансур равшан зоҳир шудааст ва дар ҳарду навъи тарҷума ҳама умр талош варзидаед. Китобҳои «Барф асту барф»-и А. Блок, «Харгӯши сайёд»-и И. А. Крилов, «Оё рост аст, ки мо абадӣ мемонем?»-и С. Козлов, «Санавбари хандон»-и Ю. Марсинкявичус, «Бобои ман»-и Расул Ғамзатов, «Нақши коммуна»-и Э. Потйэ, «Ҳиммати мард»-и М. Ҷалил, «Эъҷози табиат»-и А. Пӯлодов, достони «Университети Қазон»-и Е. Евтушенко, қиссаи «Хонае дар Шероз»-и Агата Кристи, романи «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд»-и Ч. Айтматов ва чандин китоби шеъру қиссаву ҳикоёти адибони машҳури дунё, ки дар тарҷумаи Шумо пешкаши хонандагони тоҷик гардидаанд, хазинаи тарҷумаи бадеии адабиёти муосири моро ғанитар кардаанд.

Дар эҷоди намоишнома низ қувва озмудаед ва осори дар ин қолаб навиштаатон дар театрҳои мамлакат ба саҳна гузошта шудаанд. Соли 2009 бо китоби «Овози ёре аз ҳар диёре», ки тарҷумаҳоятонро дар бар гирифтааст, соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардидед. Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед.

85-умин солгарди умратонро хуҷаста бод гуфта, ба Шумо саломатии бардавому саодати мустадом орзу мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо