МУҲТАРАМ ҲАЛИМ ШАРИФ!

 МУҲТАРАМ ҲАЛИМ ШАРИФ!

Шуморо хонандагон ҳамчун рўзноманигор ва драмнавис мешиносанд ва ба навиштаҳоятон ошноянд. Шумо баъди хатми мактаби миёнаи рақами 20-и деҳаатон Ғозиён ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии педагогии Хуҷанд дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намудед. Аз соли 1980 то соли 1988 ба ҳайси мухбири махсуси рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар вилояти Суғд фаъолият кардед.

Дар тўли фаъолияти меҳнатиатон дар матбуоти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бисёр очерку мақола, лавҳа ва ҳикояҳо навиштаед. Аввали солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба драматургия рўй овардед, асари нахустини драмавиатон бо номи «Бахт мехоҳам» дар саҳнаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ рўйи саҳна омад ва роҳи шуморо ба олами драматургия боз намуд.

Дар солҳои охир дар бахши драматургия пурмаҳсул кор карда, то ин дам беш аз 20 асари калонҳаҷми драмавӣ, бисёр қисса ва сенарияҳо эҷод кардед. Дар Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон солҳои 2019-2020 ғолиб омада, ба ҷоиза, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардидед. Драмаи «Пораи дили модар», ки аз ҷониби Театри наврасон ва ҷавонони ба номи Одилҷон Назаров рўйи саҳна омад, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» соли 2019 ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Асарҳои шумо ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ тарҷума ва аз ҷониби муштариён хуб пазируфта шудаанд. Самараи меҳнати шумо дар китобҳоятон «Зартеппа», «Кўзапушт» (2018), «Фоҷиаи тангроҳа» (2019), «Ту модари ман», «Пораи дили модар» (2020) ба нашр расиданд. Алъон ду китоби наватон омодаи нашранд.

Шумо аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1991 узви Иттифоқи ходимони театрӣ ва аз соли 2019 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошед.

Дўсти гиромиқадр! Инак, имрўз Шумо ба баҳори 70-умини умр қадам

мемонед. Мо Шуморо ба ин муносибат самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, умри дароз ва дар корҳои эҷодиатон барору пешравиҳо хоҳонем. Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо