МУҲТАРАМ ШОҲТОЛИБ ШОҲҚОСИМ!

 МУҲТАРАМ ШОҲТОЛИБ ШОҲҚОСИМ!

Шумо баъд аз хатми шуъбаи забони форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти эҷодиатонро соли 1975 дар рўзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» оғоз бахшида, солҳои зиёде мухбир, мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи мазкур будед. Аз соли 1996 дар дастгоҳи раиси ВМКБ вазифаҳои мухталифро иҷро кардед, вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ интихоб шудед. Аз соли 2002 мухбири махсуси «Садои мардум» дар Бадахшон буда, чун масъули бахши фарҳанги вилоят хидмат намудед.

Дар баробари иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои гуногун бо эҷоди асарҳои баландмазмуни публитсистӣ машғул шуда, китобҳои «Корномаи падарон», «Поси хотир», «Суруди бардавом», «Машъали сотсиализм дар Боми Ҷаҳон», «Вассофони Бадахшон» (дастаҷамъӣ), «Омўзгори асил» (дастаҷамъӣ), «Фидокорони Ватан» ва ғайраро таълиф намудед. Қаламфарсоӣ дар бахши публитсистика ва очерк кори басо пурмасъулият буда, пажўҳиши фаъолияти инсон, ҷустуҷўи роҳҳои рушди иҷтимоӣ ва маънавӣ, таҳқиқи рўзгори инсон ва аз ҷониби дигар, қаринӣ ва ҳамдамию ҳамнафасӣ бо мардуми меҳнатқарин ва ҷустуҷўҳои зиёди унсурҳои адабиро талаб мекунад.

Заҳмату дастранҷҳои эҷодиятон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1994), медали ҷашнии «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Созмони ҷавонони собиқ давлати Шўравӣ, Иттифоқи журналистон, нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «100-солагии матбуоти тоҷик» қадршиносӣ гардидааст.

Шумо чун публитсисту очеркнигори муваффақ соли 2009 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудед.

Ҳамқалами азиз, Шуморо ба муносибати ҷашни 70-солагиятон муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, саодати бардавом ва илҳоми саршор таманно мекунем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо