Номаи табрикии ИНТ ба Мирзо Насриддин
Муҳтарам Мирзо Насриддин!
Шумо баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ хизмат кардед. Баъдан, таҳсили худро идома дода, солид 1973 Техники политехники Душанбе в соли 1979 шуъбаи шабонаи факультеты автомобилей в хоҷагии автомобилей Донишкадаи политехники Тоҷикиростон хатм намудед. Ҳамзамон бо таҳсил дар автобазаи №2 Вазорати сохтмони ҷуҳурӣ ба ҳайси муҳандиси бехатарии роҳу сардори нуқтаи таъмир ва сардору сармуҳандиси автоколонаи № 2931 адои вазифа кардед. Солҳои 1982-1991 дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар вазифаҳои сармеханик, ҷонишини сарраёсати техникӣ, 1991-1993 сардори иттиҳодияи «Тоҷикавторемонт», 1993-1996 сарики иттиҳодияи «Тоҷик» золото», 1996-2000 гг. директории автобазаи Ширкати «Мадад» ва солҳой 2000-2005 гг. ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат фаъолият намудед. Меҳру муҳаббати беандоза ба адабиет Шуморо ба майдони эҷод овард. Аввалин ҳикояи Шумо бо номи «Фурӯғ» соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуд. Соли 1994 маҷаллаи «Садои Шарқ» қиссаи «Хирмани сӯхта»-и Шуморо ба нашр расонд, ки аз ҳаёти ҷавонони солҳои 80-ум нақл мекунад. Соли 2003 дар ҳамин маҷалла қиссаи дигари Шумо бо номи «Шаби душвор» чоп гардид, ки ба тасвири оқибатҳои ҷанги шаҳвандӣ бахшида шудааст. Соли 2004 қиссаи мазкурро маҷаллаи «Помир» ба забони русӣ мунташир сохта, соли 2004 нашириёти «Деваштич» дар шакли китоб интишор намуд. В 2008 году были написаны «Ирфон» и «Бозгашти Кунгур» в сочетании с Шуморо пешкаши Хондагон Гардонид. Нахустромани Шумо «Оташ дар хонаи қадим» дар бораи Инқилоби Бухоро ва барқароршавии Ҳокимияти Шуравӣ дар Самарқанду Бухорои шарқӣ ҳикоят мекунад. Заҳмати эҷодии Шумо бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадр гардидааст. Ҳамқалами гиромӣ, фарорасии 75-умин солгарди умрро ба Шумо самона табрик гуфта, сиҳатии комил ва саодати ҳамешагӣ таманно дорем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН