Номаи табрикии ИНТ ба Аҳмадҷони Раҳматзод

 Номаи табрикии ИНТ ба Аҳмадҷони Раҳматзод

Муҳтарам Аҳмадҷони Раҳматзод!

Хонандагони тоҷик Шуморо чун шоир ва рӯзноманигори пуркору хушсухан аз охири солҳои ҳафтод ва аввали солҳои ҳаштодуми қарни гузашта мешиносанд ва навиштаҳоятонро хуш пазируфтаанд. Чун аксари адибони пуртаҷрибаамон фаъолияти хидматиятон аз кори омӯзгорӣ дар мактабҳои миёна оғоз ёфтааст ва чанд соли умратон сарфи таълиму тарбияи насли наврас гардидааст, ки корест пуршарафу пурифтихор.

Сипас, соли 1976 ба ҳайси мухбир дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиати Суғд») ба кор пардохтед ва солҳои дароз дар ин нашрия заҳмат кашида, ҳамчун қаламкаши қависухан ному эътибори шоиста ёфтед.

Соли 1991, баъди таъсиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, раисии бахши онро дар вилояти Суғд ба уҳда гирифтед ва дар он марҳалаи душвор, ки Тоҷикистон нав ба Истиқлол расида буд ва арзишҳои миллиямон, аз ҷумла забони тоҷикӣ бояд рушду боландагиву полоиш меёфтанд, корҳои муҳиммеро анҷом додед ва маҳорати хуби мудирияту кордониятонро зоҳир намудед.

Дар ин давра бо ибтикори Шумо як силсила анҷуманҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки бешак, барои тарғибу тарвиҷи ҳарчи бештари забону адаби тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти афзун доштанд. Аз ҷумла, соли 1999 ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён анҷумане бо номи «Забони давлати тоҷикон» дар Хуҷанд баргузор гардид ва соли 2001 ба муносибати 10-солагии таъсиси бахши Бунёди забони форсии тоҷикӣ дар вилояти Суғд конфронси дигаре ороста шуд, ки дар он меҳмонон аз кишварҳои Русия, Олмон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Афғонистон иштирок доштанд.

Фаъолияти Шумо ҳамчун котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ (аз соли 2002) пурбору назаррас будааст ва то кунун ин вазифаро бо камоли масъулият иҷро мекунед. Дар нашри силсилаи китобҳои адибони шинохтаву  ҷавон, китобҳои муҳимми ҷашнӣ, дар баргузор намудани маҳфилҳои адибони маъруф ва дар тарбияи қаламкашони ҷавон саҳми Шумо равшану бориз аст. Китобҳои ашъоратон «Баҳори хаёл» (1987), «Шукуфасанг» (1990), «Ашки мармар» (2002), «Номаи сарво» (2008), «Номаи муҳрбанд» (2010), «Зуҳури ҳазрати Инсон» (2011), «Талху ширин» (2012), «Пояндабурс» (2015), «Шукуфарез» (2015), «Сад барги ғазал» (2022), «Ашъори мунтахаб» (2022) ва ғайра намоёнгари маҳорати хуби шоирӣ ва вусъати доираи донишу огоҳиятон аз таъриху фарҳангу адаб ва фалсафа мебошанд.

Соли 2012 бо маҷмуаи ашъори «Номаи сарво» соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидед. Дорандаи ордени «Шараф», Шоири халқии Тоҷикистон ва аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед.

Ҷашни 70-солагиятонро самимона шодбош гуфта, ба Шумо саломативу саодати ҳамешагӣ ва табъи саршор таманно дорем!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо