МУҲИТИ МО НАҚДПАРВАР НЕСТ

Мусоҳибаи хабарнигори «АС» Толиби Луқмон бо мунаққид ва адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон

-Устод, аввалан мехостам назари Шуморо перомуни фароянде, ки имрӯз дар нақди адабӣ идома дорад ва дар нашрияҳ ои адабиямон бозтоб меёбад, бидонам. 

— Як ҷанбаи нақде, ки қариб ду сол боз роиҷ шудааст, ин аст, ки ба адибон андак ҳ ушдор дод ва онҳ о фаҳ миданд, ки ҳ ар чизи пешомадаро гуфтану навиштан ҳ анӯз моли адабиёт будани асари шуморо ифода намекунад. Баъзеҳ о ягон чизи манзум менависанд, се-чор каси атрофашон, ки худашон аз нозукиҳ ои адабиёт бехабаранд, мегӯянд, ки ту шоир ҳ астӣ, шеъри ту бисёр хуб аст, баъд дигар онҳ о бовар мекунанд ва шоирони андак номдор шеърашонро аз назари ислоҳ у таҳ рир мегузаронанд, лекин он навиштаҳ о бо ин шеър намешаванд. Шояд онҳ о вазну қофия доранд, вале шеър нестанд, як ифодаву баёни шоирона, диду назари хос надоранд. Бинобар ин, нақде, ки дар «Адабиёт ва санъат» чоп мешавад, нақши мусбат ҳ ам дорад. Лекин  ҷиҳ атҳ ои ба ном техникии шеърро таҳ лил кардану камбуд ёфтан кори чандон ҷолиб ва меъёри ягонаи арзёбии шеър нест. Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки баъзе мунаққидони донишманд ба ҳ амин роҳ  рафтаанд. Ман дар китоби «Фурӯғи чеҳ раҳ о» дар мақолае навишта будам, ки Мубашшир Акбарзод шеърро хуб мефаҳ мад, лекин дар доираи нуктагирӣ ба хатоҳ ои техникии шеър маҳ дуд мондааст. Хатои вазну қофияву таносубро ёфтан ҳ анӯз  нақд нест. Ин танҳ о як ҷиҳ ати нақд аст. Дар ин доира маҳ дуд шудан мунаққидро ба роҳ и сарбаста мебарад, навиштаҳ ояш дилбазан ҳ ам мешаванд. Чунки адабиёт мафҳ уми васеътар аст, нафақат шакл, балки пеш аз ҳ ама муҳ тавову андешаву ҳ унар дорад.

Нақди адабии имрӯз мавқеи зарурии худро наёфта истодааст. Чунки он принсипҳ ое, ки дар замони шӯравӣ як дараҷа муқаррар шуда буданд, қариб риоя карда намешаванд. Аксаран одоби нақд халал меёбад. Нақд дар ҳ ар сурат бояд одилонаву холисона бошад. Ғараз, ки ҷой гирифт, одилонаву объективӣ  нест. Фикр мекунам,  дар нақди имрӯз хӯрдагирӣ бештар ба назар мерасад. Баъзе хӯрдагириҳ о дар масъалаи ҳ арфҳ ову ҳ иҷоҳ о ҳ астанд, ки ба хотири онҳ о ба  эҷодиёти адиб хати бутлон кашидан аз рӯи инсоф нест.

-Пас барои фош кардани беҳ унарӣ ва нишон додани заъфу нуқсони адиб боз кадом шеваи нақдро метавон ба кор бурд?

-Ман фикр мекунам, онҳ ое, ки саводи ибтидоии шеър надоранд, дар байни аъзои ИНТ он қадар бисёр нестанд. Онҳ о шояд дар баробари шеърҳ ои суст шеърҳ ои хуб ҳ ам доранд. Дар замони Шӯравӣ, замони раисии устод Турсунзода ҳ ам ҳ амин хел шоирон буданд. Инҳ оро барои он ба узвият қабул мекарданд, ки адабиёт дар маҳ алҳ о андак нафас дошта бошад ва дар музофот рӯҳ и адабпарварӣ аз байн наравад. Лекин агар шоир шеър надошта бошад, ҷойи гап нест. Нақди ашъори чунин шоирон дигар хӯрдагирӣ намешавад, балки нақди зарбазани фошкунанда аст. Манзури ман ин аст, ки танҳ о аз рӯи ҳ иҷоҳ ову ҳ арфҳ о ба шеър баҳ о додан дуруст нест. Чунин хатоҳ оро бо як-ду мисол бояд нишон дод, тамоми китобро тагурӯ карда, айби ҳ арфу ҳ иҷоҳ оро овардан аллакай хӯрдагирист. Қаблан ҳ амин хел буд, ки вақте камбудҳ о ба ҳ ам монанд буданд, 2-3-тои онҳ оро номбар мекардем ва мегуфтем, ки аз ҳ амин қабил хатоҳ о дар китоб кам нестанд.

-Пас куҷост ҳ амон нақди асиле, ки дар он адабиёти имрӯз баррасӣ шавад?

— Набудани ин гуна нақд омилҳ ои бисёр дорад.  Мунаққидон аз ҳ ар лиҳ оз ҳ авасманд нестанд. Як шеърро дар як шаб ё як рӯз навиштан мумкин аст, вале барои як мақола навиштан дар бораи шоир шумо бояд ҳ адди ақал як ҳ афта ё ду ҳ афта кор кунед. Ин қадар меҳ нату заҳ мат ҳ оло подош надорад.

-Бархе аз адибон ва хонандагон ба ин назаранд, ки аслан ба чунин нақдҳ о эҳ тиёҷ нест, замона худ хасу хошокро рӯи об мебарорад, Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

-Ман фикр мекунам, ки ба нақд ҳ оҷат ҳ аст. Адабиёт бояд сари вақт баррасӣ шавад. Албатта, таърих ва вақт худ ғалбер мекунад, чизи дуруст мемонаду чизи нодуруст аз байн меравад, лекин азбаски ҳ амин гуна шохаи адабиёт — нақди адабӣ дар тамоми ҷаҳ он вуҷуд дорад, вазифаи мунаққид  он аст, ки адабиёти рӯзро баррасӣ кунад. Лекин муҳ ити мо чандон нақдпарвар нест.

-Ин чӣ сабаб дорад?

-Омили асосӣ ин аст, ки муҳ ити «ҳ ай балегӯ»-е ба вуҷуд омадааст, ҳ амду санову таърифу тавсифро мепарварад. Мардуме, ки ба нақд машғуланд, бисёр ҳ ассос мешаванд. Ман шахсан аслан на дар нақд, на дар мақолаҳ ои публитсистӣ ситоишнома нанавиштаам. Дар мақолаҳ оям кӯшиш кардаам, ки холис бошам, ба иззати нафси касе нарасам. Ҳ атто дар сахттарин мубоҳ исаҳ о, агар шумо мушоҳ ида карда бошед, масалан, дар баҳ с бо Давлати Раҳ мониён ман ба иззати нафси ӯ нарасидаам, лекин сахту тунд гуфтаам, чунки оҳ ангу ҳ адафи мақолаи ӯ ҳ амин шеваи гуфторро тақозо мекард.  Вале Давлат аз ман наранҷид ва муносибати мо, чунон ки дӯстона буд,  боқӣ монд.

Ман фикр мекунам, ки имрӯз мунаққидон метавонанд кор кунанд. Ман мақолаҳ ои Мисбоҳ иддини Нарзиқул, Абдушукури Абдусаттор ва дигаронро мехонам, бо далел ва мунсифона муҳ окимаву арзёбӣ мекунанд, дар Хуҷанд ҳ ам баъзе мунаққидони хуби ҷавон ҳ астанд. 

-Бубахшед, то ҷое, ки огоҳ ем,  ҳ усну қубҳ и осори адибони имрӯз хеле кам ошкор карда мешавад. Чаро мунаққидони касбиямон хомӯшӣ ихтиёр кардаанд?

— Пештар нашрияҳ ои адабии мо дар ин маврид кор мекарданд, аз мунаққидон хоҳ иш мекарданд, ки китобҳ ои тозанашри тақризталабро баррасӣ кунанд. Ҳ оло, мутаассифона, чунин нест. Ҳ ол он ки ҳ амкории нашрияҳ о бо мунаққидон бисёр муҳ им аст. Бинобар ин, шуъбаҳ ои нақди нашрияҳ ои адабӣ бояд мақолаҳ ои интиқодӣ, хусусан тақризҳ оро бояд ташкил кунанд, барои ин соҳ а ва сатҳ у савияи кори мунаққидонро бидонанд.

— Баъзе хонандагон мегӯянд, ки нақд кори мунаққидони варзидаву пуртаҷриба аст ва ҷавонон набояд ба он машғул шаванд. Чунин ҳ арфҳ о бештар ба мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии ИНТ, шоиру ноқиди ҷавон М. Сабурӣ нигаронида мешаванд. Ин то чӣ андоза дуруст аст?

— Дар навиштани нақд синну сол он қадар муҳ им нест. Ман ёд дорам,  аввалин мақолаи баҳ сангезамро, ки вобаста ба як мақолаи мубоҳ исавии муаллим Шарифҷон Ҳ усейнзода дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» чоп шуда буд, дар ҷавониям навиштаам. Он мақола нуктаҳ ои танқидӣ дошт. Ҳ ол он ки он замон ба муаллим Ҳ усейнзода хурдтарин эрод гирифтан кори носавоб дониста мешуд. Бӯринисо Бердиева — сармуҳ аррири «Маориф ва маданият» ин мақолаи маро бо номи «Реализм ва мероси адабӣ» дар ҳ аҷми якуним саҳ ифа чоп кард. Баъди чопи он мақола ман бо бисёр мунаққидони шинохтаи давр ошноӣ пайдо кардам. Он вақт тақрибан 25 сол доштам, нав аз Маскав омада будам. Яъне ҷавонӣ ба навиштани нақд монеа буда наметавонад, лекин мунаққид, новобаста ба синну сол, аз назарияи нақд ва сохтори он бояд огоҳ ӣ дошта бошад. Барои ин адабиёти назариявиро ҳ атталимкон мутолиа карданаш лозим аст.

 М. Сабурӣ  шоир аст. Бештари шоирони мо, масалан, устод Гулназар, Камол Насрулло, Аҷамӣ, аз миёни ҷавонон худи М. Сабурӣ нақд ҳ ам менависанд. Матлабҳ ое, ки инҳ о менависанд, бисёр хубу муфиданд. Вақте шоир дар бораи шеър менависад, бисёр хуб аст. Аммо ин аз лиҳ ози касбият ҳ анӯз нақд нест. Ин бардошту таассуроти шоир аз эҷодиёти як нафар аст.

-Шумо оё шоир будани мунаққиди шеърро зарур медонед?

— Ман чунин гумон намекунам. Белинский шоир набуд, Ал. Михайлову Евгений Сидоров низ. Навиштаҳ ои шоироне, ки ман номбар кардам, мақолаҳ ои интиқодӣ нестанд, моли нақди адабӣ нестанд, лекин барои фаҳ му дарки шеър хеле муфиданд. Аксари мақолаҳ ои Низом Қосим дар китоби ӯ «Меҳ ру сеҳ ри шеър» моли нақди адабист, чунки таҳ лилу баррасӣ дорад. Вале нуктаи дигареро бояд бигӯям, маҷмӯаҳ ои шоирони гузаштае, ки аз ҷониби баъзе адабиётшиносону мунаққидон таҳ ия мешаванд, пурғалатанд. Дар баъзе  мақолаҳ ои адабиётшиносӣ низ шеърҳ о ғалат оварда мешаванд. Муаллифони чунин навиштаҳ о одитарин чизҳ о: вазн, қофия, таносубро намедонанд. Бинобар ин, мунаққиди шеър ақаллан як қамчин аз шоирӣ бояд дошта бошад. Агар шеърро дарку эҳ сос карда наметавонад, чизи хубе навиштанаш ба гумон аст.

— Гуфтед, ки одоби нақд дар баъзе мақолаҳ ои нашрияҳ ои адабиямон чандон риоя намешавад. Агар бо чунин мақолаҳ ои фошкунанда пеши бесарусомониҳ о гирифта нашавад, пас бо чӣ васила, бо кадом  роҳ  ин кор имконпазир аст?

— Бо роҳ и дуруст, яъне интихоби дуруст барои чоп дар нашрияву нашриётҳ о ва қабул ба узвияти ИНТ. Ман фикр мекунам, мақолаҳ ое, ки барои хориҷ намудан асос дониста мешаванд, бояд пеш аз чопашон аз назари ҳ айати таҳ ририя ва аъзои салоҳ иятдори Раёсати ИНТ гузаронида шаванд. Модом ки гап сари тақдири як нафар меравад, ақаллан фикри се-чор нафар адибони холис бояд ба эътибор гирифта шавад.

— Масъалаи дигар: то ҷое, ки огоҳ  ҳ астем, дар замони Шӯравӣ маҷмӯаҳ ои нахустини адибони ҷавон сари вақт нақду баррасӣ ва муаррифӣ мешуданд. Мақолаҳ ои бисёр хуби устод Раҳ им Ҳ ошимро дар бораи «Сари сабз»-и устод Лоиқ, дар бораи авваллин китобҳ ои Раҳ мат Назрӣ, Камол Насрулло метавон мисол овард. Чунин мақолаҳ о адибони ҷавонро дилгарму раҳ намоӣ мекарданд. Чаро имрӯз ин анъана то ҳ адде аз байн рафтааст?

— Он мақолаҳ оро ташкил мекарданд. Ман ҳ ам шояд бо супориши «Садои Шарқ» навишта будам. Бисёр чизҳ ое, ки замони сармуҳ арририи Убайд Раҷаб ва устод Лоиқ аз нақди адабӣ чоп шудаанд, аз рӯи хоҳ иш анҷом меёфтанд. Аз мо хоҳ иш мекарданд, ки бинависем. Ин чиз бисёр хуб буд. Боз мегӯям, ки шуъбаҳ ои нақди нашрияҳ о бояд хуб кор кунанд. 

Бояд гӯям, ки он вақт танқиди ғайрихолисона хатар ҳ ам дошт,  вокунишҳ ои сахт ба амал меомаданд. Аз ин рӯ мунаққидон эҳ тиёткорона менавиштанд. Онҳ ое ҳ ам буданд, ки танқидро хуб қабул мекарданд. Масалан, ман боре ба як китоби Қутбӣ Киром тақриз навиштам, ёдам ҳ аст, ки ба ибораи «хуни пайвандӣ» эрод гирифта будам, ки ин дуруст нест, «пайванди хунӣ» гуфтан саҳ еҳ  аст. Чанд эроди дигари ба ин монанд ҳ ам буд. Қутбӣ Киром наздам омаданд. Гумон кардам, ки шояд барои сарзаниш омаданд, вале, баръакс, сипосгузорӣ карданд.

Хуб аст, агар имрӯз адибони мо аз танқиди дурусту солим хурсанду сипосгузор бошанд.

-То чӣ андоза ба ояндаи нақди адабиямон хушбин ҳ астед?

-Нақди адабӣ аз ҳ узуру вуҷуди адабиёт бармеояд. Сифату сатҳ и нақд низ ба сифату сатҳ и адабиёт вобаста аст. Нақди сусту бесалиқаи осори хуби адабиро касе, ҳ еҷ доираи адабие намепазирад ва чунин нақд худ аз байн меравад. Хушбахтона, дар адабиёти кунунии мо, ҳ ам дар насру ҳ ам дар назм, падидаҳ ои бисёр ҷолиб зуҳ ур мекунанд, ки баррасиву таҳ қиқи онҳ о кору вазифаи ҷонию касбии мунаққидону адабиётшиносон аст. Аминаму умедворам, ки бо кӯшишу ғайрат ва омӯзиши ҷавонон нақди адабӣ ба роҳ и рисолати аслияш бармегардад. 

Дигар хабарҳо