Муҳиддин Фарҳат. Ашъор
КАМНАМОИ МАН
Аз кӣ пурсам, аз кӣ донам номи некӯи туро?
Аз кадомин кӯча ҷӯям қадди дилҷӯи туро?
Аз кадомин боғ бӯям атри гесӯи туро?
Дар куҷо бинам, азизам, дар куҷо рӯи туро?
Аз ҳамон рӯзе, ки дидам дафъаи аввал туро,
Дар сари роҳи ту ҳастам ҳар замон маътал туро,
Дида будам монда бар сар тоқии кундал туро,
Дида будам аз тамоми дилбарон афзал туро.
То кунун дар пеши чашмам ҷилвагар симои ту,
Ҷо шуда чун нахл дар дил қомати болои ту,
Хотирам боланда аз ҳар нозу истиғнои ту,
Ҳушу ёдам бар туву бар манзилу бар ҷои ту.
Шаҳри мо чун гулшан аст андар миёни кӯҳсор,
Даври мо онро шукуфон кард монанди баҳор,
Менамояд дар бараш боди сабо гаштугузор,
Ҳаст, гӯё, мисли ман боди сабо ҳам беқарор!
Дам ба дам аз худ бипурсам: он гуландомам куҷост?
Он нигори бурда аз дил сабру оромам куҷост?
Он баҳори ишқи ман, он чашмбодомам куҷост?
Он сурури ҷони ман, он ҷӯши илҳомам куҷост?
Камнамои ман, туро дар шаҳр бинмудам суроғ,
Шаҳрамон дар пеши чашмам ҷилвагар шуд мисли боғ,
Ҳар тараф дидам: намоянд одамон кору фароғ,
Хотири ошуфтаам гардид равшан чун чароғ.
Гарчи мегардам кунун дар ҷустуҷӯят рӯзу шаб,
Гарчи аз нодидани рӯи туам андар тааб,
Гарчи доим медиҳад гармии меҳрат тобу таб,
Дилбари ман, барнадорам дасти уммед аз талаб!
Гарчи аз чашмони ман, эй шӯх, мебошӣ ниҳон,
Гарчи ман аз ному аз ҷоят намеёбам нишон,
Гарчи чун зулфат парешон шуд дилам, ороми ҷон,
Меравам ҳар сӯ, туро шояд бубинам ногаҳон.
Боварӣ дорам, ки ёри меҳрубонам мешавӣ,
Дилситонам гаштаӣ, ороми ҷонам мешавӣ,
Барқи фикру равшании хонадонам мешавӣ,
Ҷовидонӣ кавкаби табъи равонам мешавӣ.
БО МЕҲРИ БЕАНДОЗА
Рӯдакӣ! Бо меҳри беандоза мебинам туро,
Зиндаи ҷовиди пуровоза мебинам туро,
Ҳамнафас бо ҳар баҳори тоза мебинам туро.
Шодӣ ангезад зи дилҳо хондани ашъори ту,
Ҳаст доим рӯҳафзо хондани ашъори ту.
Бишнавам аз обҳои чашмасор овози ту,
Аз насими субҳ оҳанги рубобу сози ту,
Дар тулуи меҳр бинам назми нуроғози ту.
Ҳикмати умри ту дар назми матинат акс ёфт,
Дар замири халқ ҳамчун шуълаи иқбол тофт.
Дар замони мо азизу муҳтарам мебинамат,
Сӯи истиқболи олӣ ҳамқадам мебинамат,
Боз устоди ҳама аҳли қалам мебинамат.
Бо камоли назм машҳури ҷаҳон гардидаӣ,
Ифтихори безаволи тоҷикон гардидаӣ.
Шуд забони порсӣ шаккаршикан бо номи ту,
Ёфт обуранги нав назму сухан бо номи ту,
Гашт мусиқии мо ғулғулфикан бо номи ту.
Аз каломат «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»,
Ёздаҳ аср аст дорад халқ чун ту ҳамдаме.
Ҷашн мегирад туро халқи ҷавонгардидаат,
Халқи дар ғайрат ба олам достонгардидаат,
Халқи бо меҳнат суруди шоирон гардидаат.
Халқи бо халқони дигар олами нав сохта,
Кохи илму фан чу шаъни худ баланд афрохта.
Чун ба ҷашни ту зи ҳар сӯ меҳмонон омада,
Меҳмонон рӯ ба сӯи Тоҷикистон омада,
Ҳар кадоме бо забони худ ғазалхон омада.
Дидаи мо аксгоҳи чеҳраҳои дӯстон,
Хонаи мо аз ҳузури дӯстон чун бӯстон.
ШОИР
Назме, ки ба дилҳо чу шафақ нур набахшад,
Бар бозуи мардони ҳунар зӯр набахшад,
Бар хотири ороми касе шӯр набахшад,
Бар дарди касе марҳами кофур набахшад,
Гӯед, чӣ даркор?
Назме, ки чу рухсори баҳорон нафурӯзад,
Ҳар як суханаш шамъи хирадвор насӯзад,
Чун тиру синон дидаи ағёр надӯзад,
Бар ҳоли бади одам агар сахт насӯзад,
Гӯед, чӣ даркор?
Шоир, дили ту баҳрсифат пурҳаяҷон аст,
Ҷо карда дар он шодию ғамҳои ҷаҳон аст,
Корат ҳама донистани асрори ниҳон аст,
Ҳар неку баде ҳаст, ба чашми ту аён аст.
Сарбози ҳаётӣ!
Он кун, ки зи назмат ба Ватан нафъ расонӣ,
Бо табъи шарарбор кунӣ шуълафишонӣ,
Бар шаъни замон аз дилу ҷон хома биронӣ,
Аз қофилаи халқ қафо ҳеҷ намонӣ,
Сарбози ҳаётӣ!
То ҳар нафси умри ту беҳуда набошад,
То ҳар суханат рахшаду олуда набошад,
Рав бо раҳи он назм, ки фарсуда набошад,
Руҳу дили ту ҳеҷ гаҳ осуда набошад,
Чун баҳри дамон бош!
Оғӯши ҳаёт аст, бидон, манзилу ҷоят,
Аз ҷаҳду талош аст ҳама нашъунамоят,
Меҳри Ватан омад дари илҳомкушоят,
Дар назми сазовори замон аст бақоят,
Чун баҳри дамон бош!