Бар сари турбати дўст
Марсия ва таърих ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо
Кадом боди самуме вазид ҷониби мо,
Рабуд бехабар аз мо Каромати Мирзо.
Рафиқи анҷуманорои гулситони адаб,
Суханваре, ки зи аҷдоди нек дошт насаб.
Адиби пешсафи насри даври Истиқлол,
Зи сабру заҳмати пайваста кард касби камол.
Муқими кунҷи қаноат, ҳафизи ганҷи адаб,
Ба сеҳри хома бино кард қасрҳои аҷаб.
Тулуъ кард зи табъаш «Ситораи уммед»,
«Маоши аввал»-аш аз ҳимматаш бидод навид.
Зи «Дарди ишқ» «Суруди муҳаббат»-аш чу расид,
«Дар орзуи падар» шуҳраташ намуд мазид.
Зи «Ишқи сархур»-у аз «Марги бегунаҳ» якчанд,
Зи «Дарси меҳру вафо» гуфт қиссаҳои баланд.
«Ситораи паси абр»-аш ба кӯйи субҳ расид,
Бирафт лек Каромат «Савори аспи сафед».
«Дар орзуи падар» соли реҳлаташ бипазир
Ва «Ишқи сархур» зам кун в-аз он «мадоқ» бигир.
Эзоҳ: 1. Дар нохунак номи асарҳои Кароматулло Мирзо зикр шудааст.
2. Мадоқ (мадоқа) – диққати зиёд дар ҳисоб.
3. «Дар орзуи падар», «Ишқи сархур» ва «мадоқ» ба ҳисоби абҷад моддаи таърихи вафоти адиб аст.
Кароматулло Олимзода
***
Бар сари турбати дўст
Дар мотами ў зи гўш бар гўш гузашт:
Умраш ҳама пур зи нешу камнўш гузашт.
Дар ҳолати офаридани ҳар асараш
Шуд сел сиришк, аз пули абрўш гузашт.
Дар кишвари ёд то ватандор шавад,
Ҷон канда, зи сад кўи фаромўш гузашт.
Ў гуфт зи «Марги бегуноҳ», осуда
Аз хирмани оташ чу Сиёвуш гузашт.
Гуфтанд, ки: – Қаҳрамони як қиссаи ўст,
Вақте ки зи кўча як сияҳпўш гузашт.
Гўё, ки зи бори ба сараш ҳам шунавам:
Бар сар бирасад, ҳар он чи аз дўш гузашт.
Пудинаи гулбоғи сухан буд магар?
Аз роҳи димоғ гўиё бўш гузашт.
То халқ ба ў гарм кушояд оғўш,
Аз баҳри ҳама лаззати оғўш гузашт.
Пур кард ҳама дафтари ҳастӣ зи сухан,
Худ лек чу лаббастаи хомўш гузашт.
Муҳаммад Ғоиб



