МУҲАММАДӢ АЛИШЕР

 МУҲАММАДӢ АЛИШЕР

АЛИШЕРИ МУҲАММАДӢ 22 июни соли 1977 дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1994 таҳсилоти миёнаи умумиро фаро гирифта, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардидааст. Баъди хатми мактаби олӣ фаъолияташро дар мактаби №1 шаҳраки Ғарм оғоз бахшида, сипас дар вазифаҳои директори мактаб, мушовири шуъбаи маориф, мудири шуъбаи фарҳангу маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» фаъолият бурдааст. Солҳои 2001-2005 котиби масъули рӯзномаи соҳавии шуъбаи маорифи ноҳия «Маърифат» будааст.

Аз моҳи феврали соли 2010 то августи 2014 директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар «Маркази тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси корманди шартномавӣ фаъолият варзидааст. Аз августи соли 2014 ба вазифаи мудири «Маркази тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ таъин гардидааст.

Нахустин шеърҳояшро солҳои донишҷӯйӣ эҷод намуда, баъдтар дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расондааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Никоҳи аҷуза» (2013), «Ранги ҳавасҳо» (2005) ва «Сафинаи зиё» (2009)-ст.

Соли 2013 барои маҷмӯаи ашъори «Сафинаи зиё» Барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Солҳои 2007-2011 аспиранти Пажӯҳиш­гоҳи фалсафаи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2012 асари муътабар «Возеҳ-ул-баён»-ро ба хатти форсӣ ва соли 2013 дар алифбои кириллӣ ба табъ расондааст.

Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

16 ноябри соли 2020 вафот кард.

Дигар хабарҳо