Муъмин Қаноат. ГУЛҲОИ ЗАРРИНИ ШЕЪР

 Муъмин Қаноат. ГУЛҲОИ ЗАРРИНИ ШЕЪР

Ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ

Зулфия ба шеъри пурҳодиса ва пурвалвалаи тоҷик бо отифа ва урфияти хоса ворид шуд. Олами шеъри ӯ олами пок ва беолоиш буд, ки  фазои онро меҳри модар, панди падар, устод ва ҳақу ҳамсоя, муҳити поки ахлоқӣ эҷод карда буданд. Ҳатто мӯрчае, ки бо меваҳои дастпарвари падар бо тайёра ба Маскав меравад, барои ӯ ҳамчун ҷони зиндаи ҳамдиёр азиз буд. Ҳамин хусусият дар эҷодиёти Зулфия то имрӯз чун яке аз риштаҳои заррини эҷодиёти ӯ боқӣ мондааст.

Мавзуи дигаре, ки шахсияти ӯро бо эҷодиёташ пайванд медиҳад, мавзуи зан, модар ва хоҳар будан аст. Ӯ ин се эҳсоси бузургро бо назокат ва нафосати хосе ифода мекунад. Дар шеъри ӯ шиорзанӣ ва даъвигароӣ нест, балки таровиши эҳсоси духтарона ё модарона чун меҳр ё чун шир ҳаст.

Ҳунари тасвиргарии ӯ нозук аст. Ӯ бо сӯзани тиллоӣ аз торҳои сапедаи саҳарӣ гулҳои симин, заррин ва нилӣ мекашад ё медӯзад. Бо мурури замон шеъри Зулфия фазои баландтаре ба худ кашф кард. Дарду доғи ҷомеаи парешон ва осебзада ба шеъри ӯ дард ва доғ овард. Ин дарду доғ шеъри ӯро ба олудагӣ намекашад, балки пок ва тамиз мекунад. Чун сиришти Зулфия покии зотӣ ва ҳақиқати мардумӣ дошт ва онро то имрӯз нигоҳ дошта тавонист.

 

Алиасғари Шеърдӯст,
сафири вақти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон

ШОИРАИ ТАВОНО ВА ГАРОНҚАДР

Шоирону нависандагони ҳар миллат бузургоне ҳастанд, ки дар ҳувиятбахшӣ бад-он миллат нақши таъйинкунанда доранд. Ва ҳузури онон дар арсаи фарҳанги миллӣ санади миллияти кишвар ва мардумашонро дар пешгоҳи таърих рақам мезанад. Ин нухбагони иҷтимоъ ва осорашон баландтарин, расотарин ва мондагортарин салоҳое аст, ки дар арсаи фарҳанги ҳар кишваре падид меоянд. Ва пажвоки садои онҳо дар ҳама ҷо танинафкан мешавад ва ҳар чи бар доманаи мухотабони осори онҳо афзуда мешавад, фарҳанги он кишвар дар сояи осори  қалами онон ба мондагорӣ ва ифтихор даст меёбад.

Устоди мутавозеъ, шахсияти номдори тоҷик Зулфия Атоӣ дар зумраи ин қабил бузургоне мебошад, ки бо табъи равон ва фурӯтании мисолзаданӣ мунодии бузургии тоҷикон ва фазилатҳои онон дар таи асрҳо ва қарнҳо аст. Ӯ, ки умри гаронбори хешро сарфи иттилоъ ва иззати тоҷикон кардааст, инак даврони пухтагӣ ва дар маърази қазоват ҳаёти пурсамари хешро, ки умуман масрафи хидмати фарҳангӣ гардидааст, пеши чашми мардумони фарҳангдӯст ва маорифпарвар гузоштааст.

Ҳар хасе аз ранги гуфторе бад-ин раҳ кай расид?
Дард бояд умрсӯзу мард бояд гомзан.
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Моҳҳо бояд, ки то як пунбадона з-обу хок
Шоҳидеро ҳулла гардад ё шаҳидеро кафан.
Рӯзҳо бояд, ки то як мушти пашм аз пушти меш
Зоҳидеро хирқа гардад ё ҳамориро расан.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ
Олиме гардад наку, ё шоире ширинсухан.

Барои устоди фарзона, саркорхонум Зулфия Атоӣ тавфиқоти рӯзафзун дар истимрори хидмати фарҳангӣ орзу мекунам ва умедворам, дарахти решадор ва пурбаҳори вуҷудашон ҳамвора чатри шукуфа бар сар кашад ва ҳар рӯз шоҳиди самароти ширин аз осори вуҷуди ин шахсияти мумтоз дар арсаи фарҳанги муштараки Эрон ва Тоҷикистон бошем.

Инҷониб, ки ошноӣ ва рафоқати эшонро ба унвони яке аз сармояҳои гаронқимати зиндагии худ мешуморам, аз ҷониби худам ва сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон барои эшон умри дароз тавъам бо муваффақият ва шодкомӣ орзумандам.

19 марти соли 2009,
ш. Душанбе

Дигар хабарҳо