Муроҷиатномаи Анҷумани XVI нависандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои муаззами миллат!
Мояи шукргузорӣ ва саодатмандист, ки Анҷумани 16-уми нависандагони Тоҷикистон дар фазои болидарӯҳӣ ва фараҳмандии халқамон баргузор мегардад ва ин ба фазои адабӣ низ бетаъсир намемонад. Чунин муҳити гарми зиндагию эҷод аз шарофати ғамхории пайваста ва заҳматҳои пурбори Шумо дар саросари кишвари азизамон фароҳам омадааст. Имрӯз, хушбахтона, сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакатамон, ки аз хиради волои Шумо сарчашма мегирад, барои рушду боландагии адабиёти миллиамон комилан созгор аст ва адибонамонро барои эҷоди асарҳои арзишманду дархури замон таҳрик медиҳад.
Адибони мо, хусусан дар панҷ соли охир, тамоми зарфиятҳои ҳунариву эҷодиашонро барои иншои асарҳое, ки ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии хонандагонро ташаккул медиҳанд, ба харҷ доданд ва минбаъд низ, бо илҳом аз ҳидоятҳои доимии Шумо, ин рисолатро иҷро хоҳанд кард.
Ҷойи шодмонии беинтиҳост, ки чанд сол боз бо эҳтимоми Шумо, Пешвои муҳтарами миллат, китобу адабиёту маънавиёт дар саросари кишвар ба маънии тамом тантана доранд ва таваҷҷуҳи ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон, ба китобхонӣ рӯзафзун аст. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз ибтикороти хирадмандонаи Шумост, далели раднопазири таваҷҷуҳу эҳтироматон ба фарҳангу адабиёт аст. Назири ин озмунро ҳатто дар кишварҳои дигари дунё касе ёд надорад.
Ҳамасола дар ин озмуни бузург дӯстдорони пуршумори китоб ширкат меварзанд ва олами маънавии худро ғанитар месозанд.
Тадбири хирадмандонаи дигаре, ки аз сӯйи Шумо роҳандозӣ гардид, чопи “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва тақдими он ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон мебошад. Ин кор, бешубҳа, ниҳояти арҷгузорӣ ба адабиёт ва мероси арзишманди бузургонамон аст. Озмуни “Шоҳномахонӣ”, ки соли оянда баргузор мегардад, далели тозаю равшани адабдӯстӣ ва фарҳангпарварии Шумост.
Ҳама ин ибтикороти беназир шаҳодат медиҳанд, ки мо дар замони шукуфоии фарҳанги миллиамон зиндагӣ мекунем ва Раҳбаре дорем, ки содиқонаву самимона ба таъриху адабиёт ва шахсиятҳои ифтихорофарини миллӣ арҷ мегузорад ва ҳам бо сухану ҳам бо амалаш моро ба офаринишу эҷодгарӣ дилгарм месозад.
Мо, вакилони Анҷуман, дар посух ба ин ғамхориҳо, ҳифзу таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва арзишҳои миллиро тавассути асарҳоямон рисолати асосии хеш медонем ва барои иҷрои ин вазифаи пуршараф бо масъулияти тамом хомаронӣ мекунем.
Ба Шумо, Пешвои муаззами миллат, барои таваҷҷуҳи доимиатон ҷиҳати тарғибу тарвиҷи фарҳангу адаб самимона изҳори сипос мекунем ва бароятон саломатии бардавом мехоҳем.



