МУРОДӢ АЛИМУҲАММАД
АЛИМУҲАММАД МУРОДӢ 3 августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омада, соҳиби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш гардидааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин аст. Солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Ҳоло дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кору зиндагӣ мекунад.
Маҳсули қалами Алимуҳаммад Муродӣ тавассути маҷмӯаҳои «Дастниҳол», «Боғи мурод», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор» ва чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ дастраси хонандагон гардидааст.
Соли 2005 барои китоби «Хайрбоди баҳор» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Шоири халқии Тоҷикистон (2020).
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.