МУЛЛО ҒАФФУР

 МУЛЛО ҒАФФУР

ҒАФФУР МУЛЛО (Муллоев) соли 1922 дар мавзеи зебоманзари Даштиҷуми собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1940 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш.Кӯлобро хатм карда барои кор ба Даштиҷум фиристода мешавад. Мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти Кумитаи ҳизби собиқ ноҳияи Даштиҷум шуда, адои вазифа менамояд. Солҳои 1945-1947 дар Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунии ш.Кӯлоб таҳсил менамояд. Баъд аз хатми донишкада солҳои зиёде ба касби пуршарафи дмӯзгорӣ машғул буд.

Нахустин шеърҳояш аз соли 1946 сар карда пешкаши хонандагон гардидааст. Шавқи шеъру шоирӣ ӯро ниҳоят ба даргоҳи рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи Маскав овард ва чанде ҳамчун муовини сармуҳаррир адои вазифа кардааст. Ҳамчунин мухбири рӯзномаи байниноҳиявии «Ҳаёти қишлоқ» дар ноҳияҳои Маскаву Фархор буд.

Маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Шадда» (1992) тавассути нашриёти «Адиб» пешкаши хонандагон гардидааст.

Соли 1992 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо