МУЗОКИРАҲО ВА МУЛОҲИЗАҲО

31 майи соли 2019 Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гашт, ки дар он масъалаи адабиёти бачагона муҳокима шуд. ширкаткунандагони ҷаласа доир ба вазъ ва дурнамои адабиёти бачагона мулоҳизаҳои худро баён доштанд, ки фишурдаи онро мо ин ҷо меорем.

Аскар ҲАКИМ: 

Маърўзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим масъалаҳои муҳимми рушди адабиёти бачаҳо, вазъи имрўзаи онро фаро гирифт, ки ба  такон бахшидани ин самт мусоидат мекунад.  Аҳаммияте, ки ба адабиёти бачаҳо дода шуд, ниҳоят саривақтӣ ва зарур аст. зеро муҳимтарин ҷузъи адабиёт адабиёти бачаҳо мебошад. Бузургтарин нависандагони дунё барои бачаҳо ҳам асар навиштаанд. Ба монанди Толстой, Пушкин, ё аз адибони худамон устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав. Агар адабиёти калонсолон танҳо барои калонсолон бошад, адабиёти бачаҳо барои калонсолон низ ҳаст. Зеро барои кўдак падару модар, бобову момо ва дигар наздиконаш асарҳои бачагона хонда медиҳанд. Яъне ин адабиёт барои тамоми наслҳо аст. Мо бояд барои онҳое, ки дар кўдакистон хондану навиштанро аз 3-4 солагӣ ёд мегиранд, шеъру ҳикояҳо нависем. Агар ба зудӣ ин корро карда натавонем, дар он ҳол бояд аз адабиёти ҷаҳон тарҷума кунем. Дар адабиёти ҷаҳон олитарин асарҳо барои бачаҳо ҳастанд.

Гулназар КЕЛДӢ

Нависанда ё шоир дар кадом сатҳе, ки бошад, барои бачаҳо низ дар ҳамон сатҳ асар менависад. Шеърҳои устодон Абдусалом Деҳотӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукўҳӣ ва дигарон ба гуфтаҳои ман мисол шуда метавонанд. Ман аз дўстони худ даъват мекунам, ки барои фарзандон, набераҳо ва абераҳои худ асар нависанд. Кори беҳтарин хоҳад шуд. Барои беҳтарин асарҳои бачагона мукофот дода мешавад. Хеле афсўс мехўрам, ки устод Лоиқ  барои бачаҳо асар нанавишт. Бозор Собир навишт. Мехоҳам, ки Фарзона ҳам барои бачаҳо шеър нависад. Тасаввур мекунам, ки агар устодон Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат менавиштанд, чӣ хел аҷиб мебуд.

Абдулҳамид САМАД:

Агар мо эҷодиёти адибонеро, ки солҳои зиёд аз ёд рафтаанд,аз эҷодиёти Мустафо Шарқӣ сар карда, ҷустуҷў кунем, навиштаҳоеро пайдо мекунем, ки меҳри хурдсолонро ҳам ба табиату инсон бештар мекунанд. Абдумалик Баҳорӣ нависандаи беҳтарини наврасон аст. Ё Аминҷон Шукўҳиву Пўлод Толису дигарҳо. Метавонем аз асарҳои адибони баркамоламон, аз романҳо, қиссаҳо, достонҳо, ҳатто драмаҳо пораҳоро барои кўдакону наврасон ҷудо кунем. Аз достонҳои устод Мирзо Турсунзода барои хурдсолон пораҳо бояд чоп кунем ё аз асарҳои устод Ғаффор Мирзо. Дар дохили роману повесту қиссаҳо лаҳзаҳои зиёде ҳастанд, ки метавонанд ҷойи холии адабиёти хурдсолонро то андозае пур кунанд. Қаҳрамонҳои онҳо кўдакону наврасонанд, ё калонсолоне, ки барои хурдсолон панд меомўзанд.

Зулфия АТОӢ: 

Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем, аммо вақте мавзўъҳои асарҳои адабиёти кўдакро имрўз мебинем, ба асри XX рост меоянд.Бояд мавзўъҳо тамоман дигар карда шаванд, то ин ки ба замони нав мувофиқат пайдо карда тавонанд.  Аз пешравиҳои тамоми соҳаҳои имрўза адибон дар асарҳои худ сухан кунанд.

Шарифи МУҲАММАДЁР: 

Аз адибоне, ки барои бачаҳо асар менависанд, даъват карда шавад, ки асарҳои саҳнавӣ низ биофаранд. Драматургияи бачагона қариб, ки ба назар намерасад. Вақтҳои охир эҷоди роман, қиссаю достон барои бачаҳо хеле кам аст. интишор ва муаррифӣ кардани асарҳои адибони хориҷӣ низ аз манфиат холӣ нест.

Юсуфҷон АҲМАДЗОДА:  

Барои бачаҳо офаридани одитарин чиз ҳам саҳлу осон набудааст. Бар ин тасмим натанҳо як дили поку андешаи пок, табъи салиму каломи ҳалим, балки як илҳоми худодода ҳам, тавъам бо фаросати фитрӣ басо зарур мебошад. Банда дигар бар ин назарам, ки тариқи эҷоди кўдакон билкул дигар…

Оҳистатару шоистатар…

Хуни дил хўрдану кандани ҷон…

Сад бор сангинтар аз эҷоди калонсолон… будааст.

Дареғо, ки навшоирон нахуст парвонаи шеъри кўдак мешаванд, ангор, саҳл аст. Аммо беҳтар он, ки аввалан дар ҷодаи назми калонсолон хуб парвардаву комил шуда, пасон, ба навиштани шеъри кўдак саъй мекарданд. Амсоли устод  Бозор Собиру Раҳмат Назрӣ ва Низом Қосим, ки барои бачаҳо шеъре саридастӣ надоранд. Баччабораку  баччахўрак, даккахўрак не. Оби равон. Ҳарфу ҳиҷо, савту садо, ҳаракату симо басо баҷо. Инак як далел аз як шеъри  Низом Қосим — «Қаҳрӣ». Вақте ки Аъзамҷони кўчак ба қаҳр меояд, ҳамаро: дарёву саҳрову момову бобову очаву додо, ҳатто хонаву шонаро азони худ мекунад;

«Лекин як-ду лаҳза баъд,

Аз қаҳраш, ки фуромад»…

дигар ҳамаро: хонаву шонаву саҳрову дарёву бибиву боборо ба Нуруллову Рухсораву Маҳпора бе ягон ҷангу ғавғо тақсим карда:

«Мешинад худаш беғаш,

Дастаконаш — таҳи каш».

Магар ин зеботарину содатарин шеър нест барои бачаҳо? Ҳатто барои калонсолон низ. Шеър, воқеан, хурдиву калонӣ надорад. Шеър шеър аст! Танҳо орди  гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо. Вобаста ба шоири шеър. Амсоли устод Гулназар, М. Ғоиб, А. Мирхоҷа, С. Маъмур, Г. Сафар, ки бештар барои калонсолон нависанд ҳам, хубтару хотирмон шеъру ҳикояҳо барои хурдтаракон низ доранд. Ин аст бурди адабиёти кўдак!

Имрўзҳо хавотирии мо аз набудани шогирдон, хосса, шоирони адабиёти бачаҳо аст, ки ҷон дорад, албатта. Лек чашмаи шеъри тоҷик хушкнашаванда аст! Чашмачаҳои ҷўшонаки мо ҳанўз ҳам бисёранд. Ҳангоми Фестивали  китоби ҳарсола бисёр дидаву шунидаем, ки умеди самарашон қавист. Танҳо сарҷамъу интишор кардани эҷоди онҳо мушкилоти замон аст. Хароҷоти беминнати моддиро тақозо мекунад.

Аммо хавотирии ман маҳз аз ин чанд чизи дигар аст…

Нахуст сирқат, яъне, шеърдуздӣ. Дар айни авҷ. Ҳама, шоир, оҳангсоз, сароянда. Менависанд, мехонанд, месароянд. Телевизиону  радио, маҷаллаву рўзномаҳо озод. Аммо замоне дар ҳар як шуъбаи  ин муассисаҳо на кам аз се-чор нависандаву шоир кор мекард. Масъулият буд, ки ин гуна берўиҳо набуд. Ҳоло аз шеъру суруди машҳур натанҳо як калимаву ибора, радифу қофия, балки мисраъҳоро пурра аз худ карда мехонанд. Чун имкон фаровон. Якеи он, турфа расме шуда, ки охирвақтҳо на дар телевизион, на дар консерту чорабиниҳои хурду калон ба чӣ ваҷҳе муаллифи асарро ном намебаранд.

Ва дигар ҳусни каломи бачагон дар радиою телевизион. Воқеан, ташвишовар! Аксаран он қадар норавон, ҳатто  бо фарёду фиғон. Хушрўву одитарин вожаи «дил»-ро аз деҳот бошанд ҳам, русиёна талаффуз мекунанд. Баройиву киройиро фақат «барои» «кирои» мехонанд. Магар рамузфаҳме нест?! Ҳама хомўш, мусаллам?!. Айб аст пеши ҳамзабононамон ин ҳама сактадорхониямон…

Ва мунтаҳо, чаро нашри китоби бачаҳо ҳанўз ҳам табъи дил нест?! Бо тамоми муҳтаво! Зеро дар ягон нашрияи бачаҳои  мо,  ҷуз «Истиқбол» ягон муҳаррири касбӣ нест, гарчи мусаввире ангуштшумор. Тафаққуде фармоянд, гоҳе даъват мекунанд. Дигар суратҳо аз интернет. Беҷон. Сунъӣ. Баҳона: пул нест! Ғамхориҳои маънавию моддие, ки Пешвои миллату Сарвари муаззами мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввал то ин замон бедареғ барои кўдакон  зоҳир мекунанд, оё шоистаи пайравӣ нест?!. Ин сандуқчаи зулбиёи  ҳамеша холӣ ҳамзамон ҳиммати олӣ,  дасти кушоду дарёдилӣ мехоҳад. Дар ҳоле ки чеҳраҳои шодмону чашмакони бегуноҳи гушнаилмону гушнадонишони ҳазор-ҳазор мактабу ҳазор-ҳазор боғчаҳои моро лаҳзае  пеши назар оред, магар даст аз сахои ин меҳру вафои ҷовидон метавон бардошт?!

Дигар хабарҳо