Муваррихи замон, маҳбуби шоирон

 Муваррихи замон, маҳбуби шоирон

Ба муносибати 100-солагии академик Аҳрор Мухторов 

Муваррихи маъруфи замон, академик Аҳрор Мухторов дар равнақи илми адабиётшиносӣ низ саҳми арзанда дорад. Ҳар боре ки ба ин ва ё он кишвари ҷаҳон сафар мекунад, дар баробари ҷустуҷӯйҳои маъхазҳои таърихӣ боз ба ҷустуҷӯи мероси адабии суханварони гузаштаи форсу тоҷик машғул мешавад. Натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯҳо бозёфтҳои тозаи мисраъҳои Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бозёфти мероси гаронбаҳои Бедил, Зебуннисо, Камоли Хуҷандӣ, паҳлуҳои ноаёни шарҳи ҳоли Носири Хусрав, тафсири катибаи рӯйи санги Амир Хусрави Деҳлавӣ, рӯйнависи катибаҳои рӯйи санги мазори Мавлоно Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва чандин бузургворони дигар ба аҳли илму адаби ҷаҳон маълуманд. Маҳз бо саъйу кӯшиш ва ҷустуҷӯи Аҳрор Мухторов маҷмуаи ашъор ва рисолаи таърихии Дилшоди Барно тақдими хонандагон гардид. Ӯ дар бораи мақому эътибори Анбархотун, Фано, Туғрал ва Шавқӣ низ тадқиқотҳо анҷом додааст.

Чанде пеш китоби нави академик А.Мухторов нашр шуд, ки он «Мероси ниёгон» ном гирифтааст. Асари номбурда як навъ давоми китоби «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» (Д.,1984) мебошад. Дар ин китоб низ муаллиф аз бозёфтҳои тозаи худ, ки аз ганҷинаҳои Афғонистону Ҳиндустон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон ёфт шудаанд, нақл мекунад, хонандаро бо эҷодиёти қаламкашони дигар, аз қабили Мавлоно Аҳмади Хуҷандӣ, Хаёлии Хуҷандӣ, Подшоҳхотун, Лолахотун, Саида, Оишаи Самарқандӣ шинос менамояд.

Академик Аҳрор Мухторов бо намояндагони аҳли адаб, аз қабили Муъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камол Айнӣ, Атахон Сайфуллоев, Гулназар, Фарзона ва дигарон дӯстии бевосита дорад, пайваста бо онҳо дар маслиҳату машварат аст. Бисёр қаламкашон, аз ҷумла Сотим Улуғзода, Соҳиб Табаров, Хуршеда Отахонова, Қутбӣ Киром, Аълохон Афсаҳзод, Ҳақназар Ғоиб, Муҳиддин Хоҷазод, Озод Аминзода китобҳои худро бо соядастҳои самимӣ ба ӯ тақдим кардаанд. Аз ҷумла шоири соҳибистеъдод Фарзона дар як маҷмуааш чунин соядаст навиштааст:
«Барои Аҳрор Мухторов – донишманди гавҳаршинос ва адофаҳм эҳдо шуд.

Чу хомушӣ навосоз аст имрӯз,
Ғубори сурма овоз аст имрӯз.»

Шоир Алӣ Бобоҷон чунин гуфтааст:

«Ҷавонбахте, ки дар таърих кашшофи фидокор аст,
Зи шогирдони Бобоҷон Ғафур – Аҳрори Мухтор аст.»

Хушбахт аст инсоне, ки заҳматҳои ӯро қадр кунанд, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо оранд ва боз дар ситоишаш шеърҳо эҷод намоянд. Устод Аҳрор Мухторов аз ҷумлаи чунин бузургон аст. Шоирони мо ӯро дар шеърҳои худ дидаи бинои таърих, «гавҳаршинос», «адофаҳм», «устоди гиромӣ», «муваррихи номӣ» ва ниҳоят «фарзанди халқ» хондаанд.

Сайидалӣ МАЪМУР,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

* * *

         Аз дилам сар мезанад                
                                                   Ба академик А. Мухторов

Чашмсори мурда рӯзе аз дилам сар мезанад,
Сабзаи афсурда рӯзе аз дилам сар мезанад.

Ман ба ёди меваҳои хомрез ошуфтаам,
Нахли сармохурда рӯзе аз дилам сар мезанад.

Абри беборон гузашту дидаи ман нам гирифт,
Ғунчаи пажмурда рӯзе аз дилам сар мезанад.

Аз баҳори хоки ман вайронаҳо гулзор шуд,
Кишти яғмобурда рӯзе аз дилам сар мезанад.

Гӯри аҷдодони ман осори озор асту бас,
Лолаи озурда рӯзе аз дилам сар мезанад.

Хондаам ман байти армони мазори хомушон,
Шеъри хунпарварда рӯзе аз дилам сар мезанад.

Мурдае ҳаргиз намирад то ки дорад соҳибе,
Чашмаҳои мурда рӯзе аз дилам сар мезанад.

ГУЛНАЗАР,
Шоири халқии Тоҷикистон

* * *

                   Таърихбон
                                    Ба эҳтироми Аҳрор Мухторов

Дида гар таърих бас дар тӯли худ таърихдон,
Кай бувад монанди ту моро яке таърихбон.
Ҷустаӣ таърихи моро сӯ ба сӯ аз чор сӯ,
Кӯ ба кӯ аз Кофиёну ҷӯ ба ҷӯ аз Чорҷӯ.
Ҳиммати волои табъат зинда созад аз дигар
Суғду Кӯшон, Ғӯру Сомон, Тохаристон, Бохтар.
Достони бостон ҳаргиз на осон ҷустаӣ,
Мисрае аз Балху байте аз Бадахшон ҷустаӣ.
Сангҳоро чашми хонои ту хонад чун баёз,
Хомуширо фикри бинои ту дарёбад чу роз.
Ҳар куҷо санге бубинӣ гар, таваққуф мекунӣ,
Ҳар куҷо нақше бубинӣ гар, таоруф мекунӣ.
Сангҳои қалъае дар ҷангҳо омад фурӯ,
Гӯиё афтодаанд он сангҳо бар дӯши ту.
Минати борону бод ар нақши сангонро зудуд,
Ҳиммати ту қимати ҳар порасангеро фузуд.
Сӯхта ҷое бубинӣ гар зи осоре асар,
Гӯиё бар оташе афшонӣ об аз чашми тар.
Ҳеҷ бар табъи баланди ту намеояд писанд,
Бедарак дар хок пинҳон монад осори баланд.
Дастхатҳое, ки пайдо кардаӣ аз бостон,
Чун забонхатҳо амонат монда аз  бигзаштагон.
Бонии таърих бошад бонии ояндаҳо,
Рафтагонро пос медорӣ ба поси зиндаҳо.
Зумрае таърихбозиҳо агар бинмудаанд,
Хоки худ аз қитъаи таърих бас афзудаанд.
Чун ту дар таърих мебояд забону чашму гӯш,
Низ монанди ту мебояд саводу ақлу ҳуш.
Хуб медонӣ, башар гардад забуну бебасар,
Чун ҳақиқат гар равад таърих аз ёди башар.
Хуб медонӣ, касе таърихро таҳриф кард,
Дасти таърихаш ҳаме дар ҷоҳилӣ таъриф кард.
Аз чи, медонам, гузорӣ бар замин оҳиста по,
То намонӣ бар сари таърих гоме нобаҷо.
Гар бузургон монда дар таърих нақше ёдгор,
Ёдгори хешро, устод, баҳри мо гузор.

Муҳтарам ҲОТАМ,
Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо