Минқори қалам ба ҳақнигорӣ

Ба муносибати 90-солагии Владимир Фролов
Боре дар маҷлисгоҳи мактаби миёнаи рақами 5-и Душанбе мулоқоти адибон бо хонандагон ва муалимон баргузор шуд. Ин адибон Иван Зарайский ва Павел Зорин буданд.
Владимир Фролов, ки бо шарикдарсони худ дар ин вохӯрӣ ширкат дошт, ҳамсояашон Павел Зоринро шинохт. Вале ӯ ҳаргиз гумон намекард, ки ин шахс шоир будаасту китобҳояш чоп шудаанд. Ҳоло ӯ моту мабҳут гардида, ба шеърхонии ҳамсояашон гӯш меандохт. Пас аз анҷом ёфтани мулоқот Володя ба назди Павел Зорин омад, шоир бо ӯ даст дода, аҳволпурсӣ намуд:
– Владимир, оё ту дар ҳамин мактаб мехонӣ? – пурсид адиб. Ӯ ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд. – Офарин, – шоир Павел Зорин дасти худро ба китфи Владимир ниҳод, – мактабатон дар шаҳри Сталинобод номдор аст, ту бояд фақат бо баҳои хубу аъло таҳсил бикунӣ.
Пас аз ин мулоқот ҳамсинфон ба Владимир хеле бо эҳтиром муносибат менамуданд. «Ӯро шоир мешинохтааст, – мегуфтанд онҳо, – акнун мумкин, ки Владимир ҳам шоир шавад».
Владимир ҳам аз ин суханони ҳамсабақҳо илҳом гирифта, ба муносибати Иди Якуми Май шеър навишт. Ин шеъри худро ӯ ба ҳамсояашон нишон дод. Шоир Павел Зорин шеъри нахустини Владимирро табрик намуда, онро хеле ислоҳ кард ва таъкидан гуфт, ки минбаъд бештар китобҳои бадеӣ бихонад. Владимир пас аз ислоҳи шоир шеъри худро покнавис намуда, ба муаллими адабиёт нишон дод. Дере нагузашта он шеър дар рӯзномаи девории мактаб чоп шуду бо ҳамин Володя аз тарафи ҳамсинфон «шоири мактаб» ном гирифт.
Мувофиқи маслиҳати шоир Павел Зорин Володя бисёр мутолиа мекард, дар китобхонаи мактабашон ягон китобе намонд, ки ӯ нахонда бошад. Биноан аз иншоҳое, ки дар мактаб менавишт, ҳамеша баҳои «аъло» мегирифт. Владимир ба рӯзномаи «Сталинская молодеж» (сипас «Комсомолетс Таджикистана») пайваста хабарҳо менигошт. Ва ба ҳамин васила мартабаи «шоиру нависандаи мактаб»-ро ба номи худ мустаҳкам нигоҳ медошт.
Вақте ки Владимир Фролов мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуд, боз ҳам бо маслиҳати шоир Павел Зорин тасмим гирифт, ки дар факултаи филологияи Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав таҳсил намояд. Дар ибтидои солҳои панҷоҳум поезд аз Сталинобод то Маскав шаш шабонарӯз ҳаракат мекард. Владимир дар минтақаи Строминкаи донишгоҳ соҳиби хобгоҳ шуда, ба имтиҳоноти қабул тайёрӣ дид. Ӯ кулли имтиҳони қабули шуъбаи забон ва адабиёти русро бо баҳои «аъло» ва «хуб» супорида бошад ҳам, ба унвони донишҷӯ мушарраф шуда натавонист. Он сол довталабон хеле зиёд омада, ба як ҷо бисту панҷ нафар хостор буданд.
Аммо ба шарофати одамияти баланди декани факулта Михаил Зодуля, ки ӯ собиқ қумондони ҳарбии Кремл буд, таҳсили ҷавони аз Тоҷикистони дурдаст омада, роҳи ҳаллу фасли худро ёфт. Декан иҷозат дод, ки Владимир Фролов то нимсолаи аввал ҳамчун шунаванда таҳсил намояд. Ва агар дар имтиҳоноти зимистона комёб шавад, пас ба унвони донишҷӯ шарафманд хоҳад шуд.
Ба ҳамин минвол Владимир Фролов панҷ имтиҳони зимистонаро фақат ба баҳои «аъло» супурда, донишҷӯи комилҳуқуқи Донишгоҳи Маскав гардид.
Ҳамсабақони ӯ Станислав Куняев (шоири машҳур, сармуҳаррири маҷаллаи «Современник»-и Маскав) ва Дал Орлов (драмнависи номӣ, наттоқи барномаи «Кинопанорама»-и телевизиони марказӣ) буда, ҳар се дар мактаби иловагии Хонаи журналисти Маскав низ таҳсил менамуданд.
Пас аз хатми донишгоҳ Владимир Фролов барои кор ба шаҳри Тамбов роҳхат мегирад. Вале ӯ зодгоҳи худ Тоҷикистонро ба ягон минтақаи дигар иваз кардан намехост. Дар ин ҷо падараш аз солҳои сиюм ба сифати ҳавопаймо хизмат менамуд. Владимир ният дошт, ки дар идораи ягон рӯзнома ба фаъолият оғоз бикунад.
Сармуҳаррири рӯзномаи ҷавонон «Камсомолетс Таджикистана» Анатолий Сонин ба Владимир Фролов пешниҳод намуд, ки барои чоп мақолае бинависад. Владимир тасмим гирифт, ки дар бораи ҳавопаймо лавҳа иншо бикунад. Зеро аз овони кӯдакӣ ҳаёту фаъолияти ҳавопаймоён барояш ошно буда, солҳои мактабхонӣ дар парвозҳои падараш ҳамроҳӣ менамуд. Ҳамин тавр мулоқоти рӯзноманигори навмашқ бо қумондони ҷавони киштии ҳавоӣ Александр Холин, ки аслан ӯ зодаи ноҳияи Ҷайҳун буд, дар фурудгоҳи пойтахт баргузор шуд.
Лавҳаи Фролов, ки маҳсули ин мулоқоти пурсамар буд, болои мизи котиби масъули рӯзнома шоир Иван Зарайский гузошта шуд. Солҳои пешин Иван Зарайский ҳамроҳи шоири машҳури оянда Александр Твардовский дар яке аз рӯзномаҳои Смоленск кор кардааст.
Котиби масъул чанд ҷумлаи лавҳаи Владимирро ислоҳ намуда, ба чоп иҷозат фармуд.
Пас аз чанд рӯз занги телефонии хонаи Фролов садо дод, чун ӯ гӯширо бардошт, котибаи қабулгоҳи сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомолетс Таджикистана» пурсон шуд:
– Барои чӣ шумо ба кор намеоед?
– Ба кадом кор? – ҳайрон шуд Владимир.
– Шумо ба вазифаи ходими адабии рӯзнома қабул шудаед…
Бад-ин минвол фаъолияти эҷодии вай оғоз гашт, ки он ба солҳои тӯлонии заҳмати нависандаи публитсист бадал ёфт.
Рӯзномаи «Комсомолетс Таджикистана» ҳафтае се маротиба ва бо теъдоди 15 ҳазор интишор гардида, дар он журналистони машҳури ҷумҳурӣ Виктор Байдерин, Михаил Табачников, Константин Лагунов, Александр Дебринин, Николай Роганов ва дигар муаллифони варзида фаъолият доштанд, ки онҳо дар ҷодаи адабиёт ҳам қувваозмоӣ мекарданд. Ҳамкорӣ бо устодони қалам ба рӯзноманигоре, ки дар арсаи эҷод қадамҳои нахустин мениҳод, албатта, беасар намегузашт.
Пас аз як соли фаъолияти худ дар рӯзномаи «Комсомолетс Таджикистана», яъне соли 1958 маҷаллаи адабии «Гулистон» очеркҳои Владимир Фроловро дарҷ менамояд. Ин очеркҳо дар фарҷоми сафари ӯ ба Ҷумҳурии Халқии Полша эҷод шуда буданд. Владимир Фролов дар ҳайати гурӯҳи аввалини ҷавонони кишвар ба ин мамлакат сафар намуд, ки онро КМ ЛКСМ Тоҷикистон ташкил карда буд.
Рӯзноманигори ҷавон бисёр шаҳрҳои Полшаро дидааст. Хусусан он минтақаи назди Варшава, ки Освенсим ном дорад, дар ёди Владимир Фролов нақши нозудуданӣ гузоштааст, зеро фашистони гитлерӣ дар ин макони марг қариб чор миллион нафар одамони бегуноҳро ваҳшиёна эъдом карда буданд. Ба кушишхонаҳои гази ин қатлгоҳ бидуни ларзиши ботинӣ ворид шудан мумкин набуд ва ин дастгоҳҳо возеҳ месохтанд, ки дар ин ҷо куштори пирамардон, занон, кӯдакон, асирони шӯравӣ шабу рӯз давом дошт. Ин воқеаҳои даҳшатнок дар очеркҳои ӯ тасвир ёфта буданд.
Зимни ин сафар боз як мулоқоти фаромӯшнашаванда дар шаҳри Гданск рух дода буд. Ҳамон вақт дар бандари баҳрӣ киштие меистод, ки номи пойтахти Тоҷикистон «Сталинобод»-ро дошт. Владимир Фролов имкон ёфта, ба саҳни ин киштӣ рафт ва бо капитану қумондонҳо ва маллоҳони он мулоқот намуд. Аҳли киштӣ дар бораи шаҳри Сталинобод ҳикояти рӯзноманигорро бо шавқ гӯш карданд.
Солҳои шастуми қарни гузашта Владимир Фролов ба вазифаи масъули рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» даъват шуд. Репортаж, мусоҳиба, очерк, мақолаҳои публитсистии Владимир Фролов дар баробари нашрияҳои ҷумҳурӣ дар бисёр рӯзномаю маҷаллаҳои Маскав низ дарҷ гардидаанд.
Мо очеркҳо, мақолаю мусоҳибаҳо ва репортажҳои Владимир Фроловро аз ҳаёти ангиштканони Шӯроб, кӯҳнавардони Помиру Олой, коргарони муассисаи сементи Душанбе, комбинати қолинбофии Қайроққум, пахтакорони Кӯлоб, боғпарварони Бадахшон мутолиа кардаем. Ӯ бунёдгарони неругоҳи Норак, тухмипарварони озмоишгоҳи минтақавии Вахш, бинокорони «филизи болдор»-и заводи арзизи Тоҷик, ҳавопаймоёни Душанбе ва Бохтар, чӯпонони Олимтой, сарҳадбонони шуҷоатманди Ватанро моҳирона мадҳу ситоиш намудааст. Мусоҳибаҳои ӯ бо олимони кимиёгар, астрофизикҳо, табиатшиносон ва риёзидонҳо моро мафтуну тасхир кардаанд.
Дар эҷодиёти ин нависандаи ҷӯянда инъикоси таърихи халқи тоҷик мавқеи хоса дорад. Дар ин боб бисёр очеркҳои ӯ ба оммаи васеи хонандагон писанд омадаанд.
Бародари ҳамқалами мо боз хосатан ба инъикоси ду мавзуъ шавқи беандоза парвардааст, ки инҳо сайёҳӣ ва варзиш мебошанд. Ҳамчун сайёҳ ва нависанда кӯҳҳои Фон, қуллаи Москваи Помир, инчунин қуллаҳои Ҳазрати Шоҳ, кӯҳҳои Ҳисорро дида, силсилаи очеркҳои худро дар васфи табиати Тоҷикистон эҷод намудааст, ки ин очеркҳо дар шакли китобҳо ба нашр расидаанд.
Ӯ чун нависандаи публитсист мавзуи варзишро хеле амиқ таҳлилу тасвир менамояд. Дар асарҳои Владимир Фролов аҳаммияти варзиш дар тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими дӯстию бародарии одамон нишон дода шудаанд. Вай мавзуи ширкати варзишгарони Тоҷикистонро дар бозиҳои Олимпӣ бо маҳорати баланд инъикос кардааст. Чи тавре ки маълум аст, Сардори давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти кумитаи Миллии Олимпӣ буда, ба инкишофи ин масъала аҳаммияти бузург медиҳанд.
Дар эҷодиёти Владимир Фролов қабл аз ҳама тасвири одамони фаъоли заҳматкаш ва орзую омоли онҳо маъқеи муҳим доранд.
Беҳтарин қиссаҳои мустанад ва очеркҳои Владимир Фролов дар китобҳои «Шоҳроҳи уқёнуси панҷум», «Ним аср савори «аспи оҳанин», «Корномаи пулемётчӣ», «Кӯлоб», «Нуру нори Вахшрӯд» (бо ҳаммуаллифӣ), «Аҳли заҳмати «Текстилмаш», «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ», «Бо заврақ дар гирди сайёра», «Ӯ ҷавону бо ҷавонӣ зинда аст», «Имрӯз рекорд, фардо меъёр», «Дӯсти мо ГТО», «Кишвари офтоб, кӯҳҳо ва сайёҳӣ» ва ғайра фароҳам омадаанд.
Владимир Василевич Фролов барои хизматҳои арзанда ба нишони «Дӯстӣ», медалҳо, ифтихорномаҳо мушарраф гардидааст.
– Шукрона дорам, ки дар умри тӯлонии худ тамоми шаҳру ноҳияҳо ва рустоҳои Тоҷикистони азизро тамошо кардаам, – гуфтааст Владимир Фролов, – дар ин мулку макон бо бисёр одамони некфитрат, покизасиришт, меҳнатдӯст ва садоқатманду ғамхор мулоқот намудаам. Китоби навам «Минқори қалам ба ҳақнигорӣ»-ро ба ҳамин гуна одамон бахшидаам.
Бахтиёр МУРТАЗО,
Нависандаи халқии Тоҷикистон