Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 26 майи соли 2023

 Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 26 майи соли 2023

МУШКИЛОТИ ЧОП ВА ИНТИШОРИ АСАРҲОИ БАДЕӢ

(Маърӯзаи муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Ато Мирхоҷа)

 Муҳтарам аъзои Садорат!

Роҳбари давлат дар робита ба китобу китобдорӣ барҳақ фармудаанд: “Халқи тоҷик аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро мо ҳифз карда, минбаъд низ бояд идома диҳем”. Воқеан ҳам, бақо ва устувории пояҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи донишу маърифати аҳолӣ вобаста аст. Агар маърифат набошад, ҷаҳолат ҷойгузини он мегардад ва оқибатҳои ногуворро ба бор меорад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи мавриди назар, яъне баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир месозад. Ҳикмати бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани як қатор озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар мисоли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва ғайра маҳз дар ҳамин таҷассум меёбад.

Мусаллам аст, ки бо вуҷуди рушди техникаву технология ва рӯйи кор омадани абзорҳои мухталифи иттилоърасонию иттилоъгирӣ китоб ҳамчун умдатарин василаи дарёфти маълумот ҷойгоҳи баланди хешро нигоҳ доштааст. Чи дар гузашта ва чи имрӯз ҳама миллатҳои огоҳ ба китоб арҷ мегузоштанду мегузоранд ва барои дастрасии ҳарчи бештари  аҳолӣ ба он шароити мусоид фароҳам меоваранд.  Ин бесабаб нест. Зеро маҳз китоб аст, ки гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳад.

Боиси хушҳолист, ки маҳз аз баракати сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари давлатамон, дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳам дар умури ноширӣ ва ҳам дар фаъолияти китобдорӣ, мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем. Барои тақвияти ин нукта мисол овардани бунёди Китобхонаи миллӣ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, кофист. Зеро хишти аввали он дар замоне гузошта шуда буд, ки мо навакак аз нооромиҳои дохилӣ раҳо ёфта, вазъи иқтисодии кишварамон чандон хуб набуд. Ин далели равшани хиради азалии Роҳбари давлат ва дурандешии Ҷаноби Олист.

Дар замони соҳибистқлолӣ бо роҳандозӣ гардидани фаъолияти бахши хусусӣ дар баробари бахши давлатӣ дар соҳаи табъу нашр даҳҳо чопхонаҳо ва муассисаҳои  хусусӣ рӯйи кор омаданд. Имрӯз бо итминон метавон ақида кард, ки чопхонаҳои хусусии “Муосир”, “ЭР-Граф”, “Хуросон”, “Ношир”, “Бебок” ва ғайра на танҳо бо маҳсулоти баландсифати худ бозори китоби моро пур мекунанд, балки қодир ҳастанд бо маҳсулоти хеш, ки ба тамоми меъёрҳо ва стандартҳои ҷаҳонии соҳа ҷавобгӯ ҳастанд, дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалии китоб санъати баланди китобчопкунии моро муаррифӣ намоянд. Ҳамин аст, ки чандин маротиба маҳсули заҳмати ноширони мо дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоб бо  “Шоҳҷоиза” қадрдонӣ гардидааст.

Мусаллам аст, ки фаъолияти ҳар як соҳаро санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба танзим медароранд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои соҳаи табъу нашр қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр”, “Дар бораи воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ” ва ғайра ба тасвиб расиданд, ки тадбири саривақтӣ буд ва соҳаро аз бебандуборӣ пешгирӣ намуд.

Гузашта аз ин, ҷумҳурии мо узви комилҳуққи ниҳодҳои сатҳи байналмилалии марбут ба соҳаи табъу нашр гардид.  Соли 2005 бо  пазируфта шудани ҷумҳурии мо ба узвияти Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб (ISBN), ки аз Лондон идора карда мешавад, аз ин шумор аст. Ҳамин боис гардид, ки ноширони мо барои ширкат дар намоишҳои байналмилалии китоб  ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонии китоб ҳуқуқ пайдо намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи табъу нашри кишвар, ҳам шохаи нашриявӣ ва ҳам полиграфии он, дар сӣ соли охир ба таври назаррас рушду густариш ёфт. Яъне ҳам ноширон ва ҳам чопгарони мо барои иҷрои талаботи ниёзмандони осори китобатшуда қодир ҳастанд.

Ҳозирини муҳтарам, ин ҷо мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба ду иқдоми наҷиби Роҳбари давлатамон ҷалб намоям: яке дастгирии ҳамасола ҷиҳати нашри осори адибони классику муосир, чопи панҷоҳҷилдаи силсилаи “Ахтарони адаб” ва ба таври ройгон мукаммал гардонидани захираҳои китобхонаҳои музофотӣ дар доираи “Корвони китоб” аст, ки ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанги кишвар роҳандозӣ мегардад.  Дар доираи ду барномаи давлатӣ – “Рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давоми 17 сол китобхонаҳои кишвар ба маблағи миллионҳо сомонӣ бо китоб ва дигар маводи барои фаъолияти китобдорӣ зарур таъмин гардиданд. Ин ду тадбир на танҳо дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки фаротар аз он низ назир надорад. Бе муҳобот метавон гуфт, ки агар роҳандозии “Корвони китоб” намебуд, китобхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар бе китоб мемонданд. Зеро таъмини китобхонаҳо бо китоб ва мукаммалгардонии захираи онҳо ба ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор буда, мутаассифона, барои харидани китоб на ҳамеша маблағ ҷудо кард мешавад. Агар шавад ҳам, ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳамин аст, ки то кунун навад дарсади захираи китобхонаҳоро китобҳои дар замони шўравӣ банашррасида, хоса китобҳои русӣ ташкил медиҳанд.

Бо мақсади ошноӣ ба кори китобхонаҳо ва вазъи дастрасии мардум ба китоб кормандони мо ба вилоятҳои Хатлону Суғд ва минтақаи Рашт сафарбар карда шуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки  вазъ дар ин самт дар ҳама минтақаҳои кишвар хеле нигаронкунанда буда, дидани тадбири ҷиддиро тақозо дорад.

Мувофиќи гузоришҳои пешниҳодшуда китобхонаҳои марказии шаҳру навоҳии кишвар ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳанд. Модоме чунин аст, бармало мегардад, ки харидории китоб ва мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр низ ба талабот ҷавобгӯ нест.  Мусаллам аст, ки вазъи филиалњо ба њолати китобхонаҳои марказї сахт вобастагї дорад. Хазинаи китобхонаи марказї њар ќадар ѓанї бошад, вазъи филиалњо њам бењтар мешавад. Барои мисол ҳукумати шањри Панҷакент барои харидории китоб ба Китобхонаи марказӣ дар як сол 8000 сомонї људо кардааст, ки ин, албатта, барои шањре, ки беш аз 300 000 ањолї дорад, хеле ночиз аст.

Дастрасии мардум ба китоби мавриди ниёз дар ин шањр ва дигар шаҳру навоҳӣ ба мушкили љиддї табдил ёфтааст ва ин њам дар њолест, ки ба гуфтаи китобдорон, дўстдорону шавќмандони мутолиаи китоб кам нестанд. Тавре таъкид шуд, барои мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо пеш аз ҳама ҳукуматҳои маҳаллӣ муваззафанд. Зеро барои харидани китоб онҳо маблағ ҷудо мекунанд (баъзе ноҳияҳо шояд ҷудо ҳам накунанд), ки хеле ночиз аст ва ба талабот ҷавобгӯ нест. Мисол, агар барои Китобхонаи марказие, ки 29 филиал дорад, ҷиҳати харидории китоб дар як сол 100000 сомонӣ ҷудо гардад ва ба ҳисоби миёна нархи як китоб 30 сомонӣ бошад, бо ин маблағ дар маҷмуъ 3333 китоб харида мешавад ва агар ин китобҳо ба 29 китобхонаҳои тобеи он тақсим карда шаванд, ба ҳар як китобхона 114  китоб мерасад. Ҳол он ки аз тарафи муассисаҳои нашриявии кишвар, сарфи назар аз шакли моликияташон ва дигар ниҳодҳое, ки ҳуқуқи чопи китобро доранд, дар як сол то 1000 номгӯй ё шояд бештар аз он китобҳо ба нашр мерасанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки захираи ягон китобхонаи кишварро наметавон бо китобҳои тозанашр мукаммал хонд.

Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии дастрасии беҳтари мардум ба асарҳои бадеӣ ба таври густарда ҷорӣ кардани корбурди шакли электронии китобҳо дар китобхонаҳост. Бояд китобхонаҳо фаъолияти худро ба замон мутобиқ гардонанд. Дар китобхонаҳо манбаи китобҳои электронӣ созмон ёбад ва аз нашриёту дигар ниҳодҳое, ки ба чопи китоб даст доранд, шакли электронии онҳоро дарёфт намоянд. Албатта, ин тадбир баъзе нозукиҳои худро дорад, аммо тарафҳо бо бастани шартномаи мавриди ниёз метавонанд ба ифоқа биоянд. Мусаллам аст, ки ҷаҳони муосир дар як ҳолати пешгӯйинашаванда қарор дорад, кишварҳоро буҳрони иқтисодӣ таҳдид мекунад, нархи маҳсулот, аз ҷумла, нархи маҳсулоти хоми чопӣ дар бозор торафт боло меравад. Ин ҳолат боиси боз ҳам баланд гардидани нархи китоб ва камтар гаштани  имкони харидани он барои мардуми мо мегардад.

Адибон он қишри ҷомеа мебошанд, ки амалу фаъолияташон ба таълифи асари бадеӣ, омода намудану чопи кардани он дар шакли китоб, расондани он ба мардум ва ҳатто дараҷаи мутолиаи он сахт марбут аст. Ба ибораи дигар, китоб барои шоир ва нависанда ҷузъи таркибии ҳаёти ӯст. Нависандаро бо мардум китоб мепайвандад. Бинобар ин, чопу интишори китоб барои ҳар як адиб ҳам масъалаи маънавист, ҳам ахлоқӣ, ҳам моддӣ, ҳам маишӣ.

 Бо тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ – аз сотсиалистӣ ба сармоядорӣ – табиист, ки чун дар дигар соҳаҳо, дар ин самт низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Нависанда дар баёни андеша озод шуд; сензура аз байн рафт; адабиёт аз принсипи реализми сотсиалистӣ даст кашид; дар баробари 5-6 нашриёти давлатие, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд доштанд, даҳҳо нашриётҳои хусусию саҳњомӣ арзи вуҷуд карданд; дастгоҳҳои пуриқтидори муосиртарини чоп ба кор андохта шуданд; соҳаи табъу нашр яке аз бахшҳои даромадноке гардид, ки тавассути он ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор гаштаанд.

Ин гуна имкониятҳои фарох ба адабиёти бадеӣ ҳам бетаъсир намонд. Адибон ба тасвири мавзуъҳое даст заданд, ки пештар дар бораашон фикру хаёл ҳам карда наметавонистанд. Ин аст, ки, барои мисол, агар дар 70 соли Шуравӣ нависандагони мо на бештар аз 30  роман навишта бошанд, дар 30 соли даврони Истиқлол бештар аз 300 роман навиштаю интишор ёфта, ба дасти хонандагон расид.

Ин дастовардҳо, албатта, шоистаи таҳсинанд. Мо ба онҳо арҷ мегузорем, онҳоро мисоли равшани бартарияти муносибатҳои иқтисоди бозорӣ нисбат ба низоми банақшагирию мудирияти маъмурӣ ба ҳисоб меорем. Аммо дар баробари ин гуна комёбиҳо, дар бахши чопу ба мардум расондани осори бадеӣ як қатор мушкилиҳое падид омаданд, ки солиёни зиёд боз адибони кишварро ба ташвиш овардаанд. Дар ин мавзуъҳо дар ВАО, дар ҷамъомадҳои сатҳҳои гуногун дер боз мубодилаи афкор сурат мегирад, вале, мутаассифона, ҳалли худро наёфта истодаанд.

Аз ин рӯ, Раёсати ИНТ дар ҷаласаи моҳи мартии худ қарор дод, ки масъалаи мазкурро омӯхта, онро дар маҷлиси Садорати ИН ба муҳокима гузорад. Мақсад аз он, ба таври воқеӣ нишон додани ҳолати чоп ва интишори осори бадеӣ дар ҷумҳурӣ буда, дар охир барои беҳбуд бахшидани вазъ ироаи пешниҳодҳо ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбута мебошад.

    Таҳия ва нашри китобҳо

Ба касе пӯшида нест, ки интихоби ҳама гуна мол дар бозор бо дарназардошти чӣ гуна сифат доштани он рабт мегирад.  Аз ҷумла китоб ҳам. Аз ин ҷо таҳия ва чопи китоб ду давраи бисёр муҳиме ҳастанд, ки барои амалишавии босамари давраи сеюм, яъне дастраскунии он замина мегузоранд. Албатта, дар ин ҷо нархи он низ нақши худро дорад, ки сари он поёнтар таваққуф хоҳем кард.

Шумо соҳибкитоб хастед ва хуб медонед, ки китобҳо аз ду роҳ рӯйи чоп меоянд. Роҳи аввал ин аст, ки муаллиф китобашро ба нашриёт месупорад ва  ҳама кори тасҳеҳу таҳриру саҳифабандию ороишу ғайра аз тарафи нашриёт сурат мегирад, ки чунин китобро нашри нашриётӣ мегӯянд. Роҳи дуюм нашри муаллифӣ аст. Яъне раванди омодасозии китоб берун аз нашриёт ва бо ибтикори худи муаллиф роҳандозӣ мешавад. Муаллифи чунин китоб ҳақ дорад, ки бо дарёфти тамғаи ягон нашриёт китобашро дар чопхона ба нашр расонад. Гоҳо бе овардани тамғаи нашриёт низ чунин китобҳо ба нашр мерасанд. Ин қоидаи роиҷ аст ва ҷойи нигаронӣ ҳам нест. Аммо таҳлилҳо нишон доданд, ки китобҳои аз роҳи дуюм рӯйи чопомада, дар бештари маврид ба талабот, меъёрҳо ва стандартҳои муқарраршудаи давлатӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Зеро ағлаби муаллифон аз сатандартҳо ва меъёрҳои барои таҳияи китоб пешбинишуда иттилои комил надоранд. Ин боиси он мегардад, дар ин гуна китобҳо Рақами стандарти байналмилалии китоб, Таснифи библиографӣ – китобхонавӣ, Таснифи даҳгонаи универсалӣ, ташреҳи мухтасар, аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ҷузъи чопӣ, адади нашр, суроғаи чопхона ва ғайра сарфи назар мегардад. Ба чунин ҳолат бештар осори бадеӣ мувоҷеҳ мешаванд. Бо ҷой доштани чунин омил наметавон омори матбуоти мо дақиқ роҳандозӣ шавад. Бо чунин шакл ба чоп расидани китобҳо кори китобдоронро низ мушкил мегардонад. Зеро таснифу ҷобаҷогузории китобҳо дар китобхонаҳо маҳз аз рӯйи меъёрҳову стандартҳои зикрёфта сурат мегирад. Гузашта аз ин,  чунин китобҳо аз нигоҳи муҳтаво, забон ва имлои қабулгардида аз камбуд орӣ нестанд. Мусаллам аст, ки ба муомила баромадани чунин китобҳо дар бозор ҷойгоҳи китобҳои аз роҳи якум банашррасидаро маҳдуд месозад. Зеро онҳо нисбат ба китобҳое, ки аз тариқи нашриёт ба нашр мерасанд, бо назардошти сурат нагирифтани корҳои таҳриру тасҳеҳ, арзиши арзонтар доранд. Ба хотири рафъи чунин камбудиҳо, ба назари мо, хуб мешуд, ки муассисаҳои нашриявӣ аз додани тамғаи худ ва Агентии миллии СБРСК–Хонаи китоби Тоҷикистон, аз пешниҳоди ISBN ба муаллифону ноширони ифродӣ худдорӣ намоянд. Агар нашриёт барои корбурди тамғаи худ ризоият медиҳад, бигузор, китоби пешниҳодшударо аз назар гузаронад, риояи ҳама талаботи умури ношириро таъмин намояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто муқарризони китобҳо низ китоби бо тамғаи нашриёт батабърасидаро маҳсули кори нашриёт медонанд. Ҳол он ки нашриёт танҳо истифода бурдани тамғаашро иҷозат додааст ва ба таҳриру ороишу муҳтавои он кор надорад. Агар ҳама китобҳо тавассути нашриётҳо бо мавриди омӯзиш, тасҳеҳ, таҳрир ва анҷоми корҳои таҳияву ороиш қарор гирифтан ба нашр бирасанд, метавон дилпур шуд, ки ҳар гуна китоби пастсифат ба бозори китоби мо роҳ нахоҳад ёфт.

Савдо ва расондани китоб

Дар кишвари мо айни ҳол ду роҳи ба фурӯш баровардани китобҳо мавҷуд аст: савдои давлатии китоб, ки аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ва муассисаҳои нашрявии давлатӣ роҳандозӣ мегардад ва ҳамчунин савдои ғайридавлатӣ, ки ба он муассисаҳои нашриявии хусусӣ, чопхонаҳои хусусӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва худи муаллифон даст доранд.

Омӯзиши масъалаи мавриди назар нишон дод, ки хусусишавии дуконҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ ва ба фурӯшгоҳҳои дигар маводи мавриди ниёзи истеъмолкунандагон табдил ёфтани онҳо ба дастрасии ҳамагонӣ ба китоб ва кори босамари савдои давлатии китоб монеа эҷод намудааст. Дар гузашта низоми ягонаи тавзеъ ва савдои китоб мавҷуд буд, ки аз тарафи Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб «Тоҷиккитоб» (имрӯза Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб») роҳандозӣ мегардид. Талаботи иқтисоди бозорӣ ин низомро аз миён бурд. Бо ҷой ёфтани чунин ҳолат, яъне дастрасии ҳамагонӣ ба фурӯши китоб доираи фаъолияти КВДТС «Китоб» рӯз то рӯз тангтар гардид. Иттилоъ ёфтем, ки раёсати дахлдори Вазорати фарҳанг масъалаи мавриди назарро пайгирӣ намуда, барои ҷорӣ кардани низоми ягонаи савдои давлатии китоб саъю талоши ҷиддӣ дорад.

Нархи китоб

Коршиносон яке аз сабабҳои асосии гарм набудани бозори китобро дар гаронии нархи китобҳо медонанд. То ҷое дуруст аст. На ҳама қудрати харидани баъзе китобҳоро доранд. Хоса, донишномаҳоро. Воқеан ҳам, донишномаҳо гаронарзишанд. Ин бесабаб нест. Омодасозии донишнома корест басо мушкил ва заҳматталаб. Банду басту ороиши хосаро тақозо дорад. Гузашта аз ин, дар  чопи онҳо маҳсулоти хоми чопӣ зиёд истифода мешавад. Аммо дар мавриди  китобҳои бадеӣ ҳаминро бояд гуфт, ки 70% онҳо бо муқоваи тунук ба нашр мерасанд. Агар аз нигоҳи мантиқ баҳо диҳем, нархи чунин китобҳо набояд гарон бошад. Омӯзиш ва пайгирии масъала нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии боло рафтани арзиши китобҳо ин нархгузории худсаронаи онҳо дар китобфурӯшиҳои хусусист. Нархгузории китоб ҳам қоидаи худро дорад ва он бояд бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шавад, аммо, мутаассифона, ин  куллан риоя намегардад. Вақти он расида, ки дар баробари чопхонаҳо фурӯшгоҳҳо низ аз тарафи ҳайати мураттабшуда аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ, Вазорати фарҳанг, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои масъул, ба таври муназзам мавриди санҷиш қарор дода шаванд. Ин иқдом барои ҷорӣ шудани тартиб дар нархгузории осори чопӣ ва ҷорӣ гардидани низоми муайян дар китобфурӯшиҳо мусоидат хоҳад кард.

Омили дигари баланд будани нархи китобҳо андозҳоест, ки барои чопхонаҳо муқаррар гардидааст. Вобаста ба сармояи доштаашон чопхонаҳо андоз аз арзиши иловашуда 15% ва бархе дигар бо усули содашуда 6% андоз месупоранд. Вобаста ба ин нархи маҳсулоти чопхонаҳо низ фарқ мекунад. Дигар анвои андозҳо низ пешбинӣ шудааст, ки ба арзиши маҳсулоти чопӣ бетаъсир намемонад.

Дигар ин, ки китобҳо бо теъдоди ниҳоят кам ба нашр мерасанд. Адади нашри китоб ба нархи он бетаъсир намемонад, зеро он ҳар қадар зиёд шавад, нархи хизматрасонии чопхона ва нархи худи китоб ҳамон қадар арзон мегардад.

Таваҷҷуҳ ба китоб ва сатҳи мутолиа

Коҳишёбии савдои китоб дар кишвар дар маҷмуъ ба касе пӯшида нест ва ин ҳолат ба кам шудани таваҷҷуҳ ба китоб ва мутолиаи он бастагӣ дорад. Муроди мо мутолиаи китобҳои бадеист. Мусаллам аст, ки чун мутолиа нест, бозори китобҳои бадеӣ низ гарм нахоҳад буд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кишварҳои пешрафта ва китобхон низ бар асари рӯйи кор омадани василаҳои муосири дарёфти иттилоот вазъ ҳамин гуна аст. Ба хотири ҷалби бештари таваҷҷуҳи мардум, хосса насли наврасу ҷавон ба китоб ва мутолиаи он мо бояд анъанаи китобхониро дар хона ва инчунин дар мактаб (муроди мо хониши асарҳои бадеӣ ҳангоми таътилҳост) ҷоннок намоем. Ин пеш аз ҳама ба мо, калонсолон ва омӯзгорони мактаб, вобаста аст. Агар насли калонсоли ҳар як хона китобхон бошад, хоҳ-нохоҳ, ин ба тафаккури кӯдакони он хонадон таъсири худро мегузорад. Агар падару модар китобдӯст ва аҳли мутолиа нестанд, фарзандонашон низ нисбат ба китобу мутолиаи он муҳаббат ва шавқу завқ пайдо намекунанд.

Боиси хурсандист, ки дар солҳои охир, андаке ҳам бошад, ба мутолиаи китоб рӯ овардани мардум ба мушоҳида мерасад. Ин раванд, бидуни шубҳа, натиҷаи алании Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад ва он ҳамасола таҳкиму тақвият меёбад.

Назарсанҷӣ мебояд, то талаботи хонанда дониста шавад

Бояд иқрор шуд, ки имрӯз бозори китоби тоҷик, сатҳи китобхонии мардум ва талаботи ӯ нисбат ба китоб мавриди омӯзишу таҳлилу таҳқиқ қарор надорад. Ба андешаи мо вақти он расида, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шуъбаи тадқиқоти сотсиологӣ ва мутолиаи китоб  таъсис дода шавад. Бо ин роҳ метавонем, ба муассисаҳои нашриявӣ дар чопи китобҳо ёрӣ расонем, чопи китобҳоро ба низоми муаяйн дарорем ва ба нашри он китобҳое иқдом намоем, ки хонандаи худро пайдо хоҳанд кард.

Назорати кори чопхонаҳо

Ба касе пӯшида нест, ки имрӯз ҳатто кӯдакони мактабхон, бидуни монеа метавонанд “маҷмуа”-и худро дар шакли ҷузваву китоб ба нашр расонанд. Ин ба он оварда расондааст, ки ҳама гуна китобҳои назмию насрӣ, ки наметавон онҳоро асари бадеӣ хонд ва сабаби коҳишёбии завқи бадеии хонанда мегарданд, дар гардиш қарор доранд. Ағлаби чунин китобҳо бидуни риояи муқаррароти умури ноширӣ, минҷумла корбурди тамғаи ношир ва номи чопхона ба нашр мерасанд. Бо ин роҳ чопхонаҳо бори масълиятро аз дӯши худ салб карданӣ мешаванд. Ба хотири пешгирӣ аз нашри чунин китобҳо, таъмини назорати фаъолияти чопхонаҳо, бароҳмонии ҳисоби дурусти омори матбуот ва пешниҳоди саривақтии нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ ба муассисаву ташкилотҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нусхаҳои ҳатмиро доранд, дар кулли чопхонаҳо (сарфи назар аз шакли моликияташон) корбурди ҳатмии дафтари рақамишудаи бақайдгирии супоришҳо ва баргаи пешниҳоди нусхаҳои ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад. Чунин иқдом шароит муҳайё месозад, ки кори чопхонаҳо мавриди назорат қарор бигирад, ҳар гуна китоби пастсифат ба бозор роҳ наёбад ва ҳам захираи Китобхонаи миллии кишвар ва бойгони матбуоти тоҷик, яъне Агентии миллии СБРСК–Хонаи китоби Тоҷикистон ба таври муназзам бо осори чопии тозанашршуда мукаммал гардонда шаванд.

Бо мақсади ҷоннок ва самарабахш гардидани савдои давлатии китоб ва бартарӣ ёфтани он дар қиёс ба савдои хусусӣ пешниҳод мешавад:

а) фаъолияти Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” бењтар карда шавад;

б) роҳбарони шаҳру навоҳӣ баҳри кушодани нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар қасрҳову кохҳои фарҳанг иқдом намоянд;

в) бо китобҳои тозанашр таъмин намудани ин гӯшаҳои китобфурӯшӣ бар уҳдаи КДТС “Китоб” вогузор гардад;

г) барои роҳандозии фурӯши сайёри китоб дар кулли қаламрави кишвар ба КДТС “Китоб” салоҳият дода шавад;

д) ба масъулини фурудгоҳҳо, терминалҳои мусофирбари шаҳру навоҳӣ, масҷидҳо супориш дода шавад, ки барои таъсиси нуқтаҳои фурӯши китобҳо, минҷумла китобҳои бадеӣ, тадбир ҷӯянд;

е) тамоми чопхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба он муваззаф гарданд, ки китобҳои бадеиро бидуни тавсияи бахши дахлдори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чоп накунанд:

ё) ба хотири нашри китобҳои босифат ва риояи муқаррароти умури ноширӣ пешниҳод мешавад, ки чопи китобҳои бадеӣ (бо тавсияи бахшҳои дахлдори ИНТ) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи нашриявии “Адиб”, китобҳои илмию соҳавӣ бо МН “Ирфон”, донишномаҳо бо “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик” ва луғот дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ва Кумитаи давлатии истилоҳот ба нашр бирасанд.

Бо роҳандозии чунин тадбирҳо имконияти бештари дастрасии аҳолии кишвар ба китобҳо муҳайё мегардаду шароити фурӯшу тавзеи китоб хубтар мешавад, мардум ҳарчи бештар ба мутолиаи китоб ҷалб мегарданд ва то ҷое барканорсозии насли ҷавону наврас аз корбурди бемеъёри интернет муҳайё мегардад.

ҚАРОРИ

маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

ш. Душанбе, 26 майи соли 2023 

  1. Маърўзаи муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар мавзӯи «Мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ»   ба эътибор гирифта шавад.
  2. Маърўза дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон чоп карда шавад.
  3. Ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои ба вуҷудомада дар роҳи чопу дастраси аҳолии мамлакат гардондани асарҳои бадеӣ Садорати Иттифоқи нависандагон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки:

а) шакли фаъолияти Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” аз худмаблағгузорӣ ба буҷавӣ табдил дода шавад;

б) роҳбарони шаҳру навоҳӣ баҳри кушодани нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар қасрҳову кохҳои фарҳанг чораҳои мушаххас бинанд; бо китобҳои тозанашр таъмин намудани ин гӯшаҳои китобфурӯшӣ бар уҳдаи КДТС “Китоб” вогузор гардад;

в) ба масъулини фурудгоҳҳо, терминалҳои мусофирбари шаҳру навоҳӣ, масҷидҳо супориш дода шавад, ки барои таъсиси нуқтаҳои фурӯши китобҳои бадеӣ гӯшаҳо ҷудо намоянд;

г) тамоми чопхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба он муваззаф гарданд, ки китобҳои бадеиро бидуни тавсияи бахши дахлдори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чоп накунанд:

д) ба хотири нашри китобҳои босифат ва риояи муқаррароти умури ноширӣ пешниҳод мешавад, ки чопи китобҳои бадеӣ (бо тавсияи бахшҳои дахлдори ИНТ) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи нашриявии “Адиб”, китобҳои илмию соҳавӣ бо МН “Ирфон”, донишномаҳо бо “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик” ва луғот дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ва Кумитаи давлатии истилоҳот ба нашр бирасанд.

е) бо мақсади тақвият бахшидани вазъи молиявии адибон аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар хусуси аз ҷониби нашриётҳо пардохтани ҳақи қалами адибон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

  1. Аз адибони аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъват ба амал оварда мешавад, ки шакли электронии китобҳои худро ба шуъбаҳои китобҳои электронии китобхонаҳо расонанд.

Мудири бахши сомонаи ИН вазифадор карда шавад, ки дар ин масъала ба адибоне, ки ба воситаҳои электронӣ дастрасӣ надоранд, ёрии амалӣ расонад.

  1. Нашрияҳои ИН вазифадор карда шаванд, ки перомуни мавзуи мазкур мунтазам маводҳо ба табъ расонанд ва барои чопашон дар нашрияҳои воситаҳои ахбори омма мусоидат намоянд.
  2. Бемасъулиятии котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷон Раҳматзод дар таъмини иштироки аъзои Садорати ИНТ аз вилояти Суғд ба маҷлиси Садорати ИНТ таъкид карда шавад.

Дигар хабарҳо