Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 27 майи соли 2022
27 майи соли равон маҷлиси навбатии Садорати ИНТ баргузор гардид. Сараввал Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба аъзои Садорат барору комёбӣ хоста, зикр намуд, ки адибони мамлакат истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги давлатиро сармашқи фаъолиятҳои адабию эҷодии худ қарор дода, баҳри офаридани осори арзишманди бадеӣ ва тарѓиби бунёдкориҳо ва таҳкими сулҳу ваҳдат саъю талош менамоянд.
Аъзои Садорат рӯзномаи кор ва тартиби пешбурди маҷлисро тасдиқ намуданд. Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода гузориши Садоратро дар хусуси «Вазъи нақди адабӣ дар даҳ соли охир» ироа намуд. Роҷеъ ба мавзуи мавриди назар аъзои Садорат Абдураҳмони Абдуманнон, Абдулҳамид Самад, Тоҷибой Султонӣ, Маҳмадулло Табарӣ, Абдурофеъ Рабизода, Озар, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло музокира намуданд (матни гузориш ва фишурдаи музокираҳо дар ҳафтанома пурра чоп мешаванд).
Дар ҳузури аъзои Садорат ба шоирони ҷавони тоҷик Толиби Луқмон ва Нурӣ Муҳаммади Истам дипломҳои барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Жолаи Исфаҳонӣ, ки дар Лондон, пойтахти Британияи Кабир, таъсис ёфтааст, супурда шуд. Шоирони ҷавон Шаҳёд Шарифӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Родмеҳри Сулаймонӣ, Шаҳриёр Олимӣ бо сипосномаҳои озмун сарфароз гардиданд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо суханони хулосавӣ кори маҷлиси Садоратро ҷамъбаст намуда, барои фаъолияти пурсамар ба иштироккунандагон сипоси худро баён дошт.