МАҶЛИСИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 31 МАРТИ СОЛИ 2021

31-уми марти соли равон маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз раиси ИНТ Низом Қосим аъзои Раёсатро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, масъалаи якумро вобаста ба даъвати маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагон дар миён гузошт. Узви Раёсат профессор Абдунабӣ Сатторзода пешниҳод кард, ки «Бозтоби масъалаҳои замони муосир дар адабиёти даврони Истиқлол» мавзўи маҷлиси Садорат бошад. Аъзои Раёсат пешниҳоди мазкурро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаи дигари маҷлис пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ИНТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2021 баъди мулоҳизарониҳои аъзои Раёсат қарор шуд, ки то моҳи июни соли 2021 9 асар барои муҳокимаи хонандагон пешниҳод гардад (Рўйихати асарҳо дар ҳамин шумора чоп шудааст). Дар рафти баррасии ин масъала Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмони Абдуманнон, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Давлат Сафарзода, Абдуллоҳи Раҳнамо ва дигарон андешаҳояшонро баён доштанд.

Аъзои Раёсат ҳайати нави шўроҳои адабии ИНТ ва ҳайати таҳрири нашрияҳои онро тасдиқ намуданд. Ҳамчунин рўйихати тавсиявии адабиёт барои озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ гардид. Дар ҷараёни маҷлис шоирони ҷавони боистеъдод Рустами Аҷамӣ, Мафтунаи Қосим ва Сафар Абдураҳим ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Зикр гардид, ки номи ин шоирони соҳибкитоб ба хонандагон ошно буда, намунаҳои ашъорашон борҳо дар нашрияҳои ИНТ ва дигар рўзномаву маҷаллаҳои кишвар интишор ёфтаанд ва баҳои хуб гирифтаанд.

Сипас аъзои Раёсат масъалаи дигар – баргузор намудани Конфронси илмиву адабиро ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода мавриди баррасӣ қарор доданд ва зикр гардид, ки конфронси мазкур бо иштироки шоирону адабиётшиносон ва хонандагон бояд дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.

Дигар хабарҳо