Маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева

 Маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид.

Раиси ИНТ Низом Қосим адибро ба муносибати 75-солагӣ ва ҳамзамон чопи 75-умин китобаш шодбош гуфта, дар бораи ҷойгоҳи адабии ӯ суҳбат кард. Аз ҷумла, зикр шуд, ки Латофат Кенҷаева солҳои тӯлонӣ дар самтҳои гуногуни эҷод – назму наср ва публитсистика заҳмат кашида, китобҳои зиёде ба чоп расондааст. Ҳунари ӯ махсусан дар эҷоди шеър барои кӯдакону наврасон бештар зоҳир шудааст. Мавсуф ҳам бо иншои ашъор ва ҳам бо фаъолияти густардаи ноширие, ки дар ин самт дорад,   барои рушди адабиёти кӯдакону наврасон хидматҳои назаррас кардааст.

Самти дигари фаъолияти хуби Латофат, ба гуфтаи Раиси ИНТ, тарбияи навқаламон ва нашри асарҳои онон мебошад. Баъзе аз шогирдони тарбиякардаи ӯ ба узвияти ИНТ низ пазируфта шудаанд.

Маҳфилро яке аз шогирдони Латофат Кенҷаева — шоир Бузургмеҳри Баҳодур гардонандагӣ кард.

Котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷон Раҳматзод бо намояндагӣ аз ҳукумати Вилояти Суғд Латофат Кенҷаеваро ба муносибати ҷашнаш муборакбод гуфт ва дар бораи хидматҳояш бо меҳр сухан ронд.

Сипас тарҷумони шинохта Нарзулло Назар чанд шеъри ба арабӣ тарҷумакардаашро аз Латофат пешкаш намуд, ки хуб истиқбол шуданд.

Қаламкашони ноҳияи Деваштич Эгамназари Соҳибназар, Адибаи Ҳабиб ва дигарон табрикоти раиси ноҳияро ба соҳибҷашн расонда, дар бораи ӯ суханронӣ ва шеърхонӣ карданд.

Хонандагони Литсейи кӯдакони болаёќати пойтахт ва Гимназияи тоҷикию русии ба номи Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ бо шеърҳои соҳибҷашн намоиши саҳнавие манзур карданд, ки гарму самимӣ буд.

Иҷрои сурудҳо бар матни Латофат аз сӯйи овозхонони шинохта Мастона Эргашева, Хуршед Иброҳимзода ва намояндаи бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич Сарвар Ёдгорӣ боиси гармтар шудани маҳфил гардид.

Сипас Латофат Кенҷаева 300 нусха китоби тозанашрашро ба кӯдакону наврасони толор тақдим намуда, бо шеърхонию суханронии хотимавӣ маҳфилро ҳусни анҷом бахшид.

Дигар хабарҳо