Маҳфили ширу шакар

 Маҳфили ширу шакар

Дар шаҳраки Қубодиён маҳфили ширу шакар ба муносибати 70-солагии узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири хушбаён Назокат Олимзода баргузор гардид.

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Фирӯза Асадуллозода оғоз ёфт. Зимни суханронии худ ӯ аз хидматҳои арзандаи шоир дар роҳи суханварӣ ва саҳмаш дар парвариши насли нав ёдовар шуда, зикр намуд, ки Назокат Олимзода солҳои зиёд ҳамчун директори мактаб дар маркази ноҳия фаъолият намуда, бо шавқ ва самимият ба хонандагон илму маърифат омӯзондааст.

Назокат Олимзода аз давраи ҷавонӣ ба шеър рӯ оварда, нахустин шеърҳояшро ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта дар рӯзномаҳои ноҳиявии “Октябр” ва “Шараф” ба нашр расон­дааст. Баъдан маҷмуаҳои ӯ «Ҳарири муҳаббат», «Оҳанги ёдҳо», «Парчами меҳр», «Пайғоми нур», «Чилучорчашма», «Дар раҳгузори ишқ» ва ғайра рӯи чоп омадаанд, ки ҳар кадоме ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳру вафо ва садоқат ба арзишҳои миллиро таҷассум кардаанд.

Дар маҳфил ҳамқаламони шоир Бахтиёр Муртазо, Нуқра Суннатниё, Робияи Холмирзо, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, Нуриннисо Акрамова ва дигар адибон ҳузур доштанд. Сараввал сухани табрикотӣ ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо дода шуд. Ӯ аз нахустин қадамҳои адабии Назокат Олимзода ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ашъори ибтидоии ӯ низ дорои таровати тоза буданд.

Бахтиёр Муртазо ҳамзамон паёми табрикии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ни­зом Қосимро ба ҳозирин расонда, ба соҳибҷашн илҳоми наву комёбиҳои тоза таманно намуд.

Дар идомаи маҳфил меҳмонон сухан гуфта, эҷодиёти шоирро аз дидгоҳҳои гуногун баррасӣ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки ашъори На­зокат Олимзода тараннумгари муҳаббати пок, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ мебошад.

Хонандагони мактабҳо аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангез ба маҳфил ранги тоза бахшиданд.

Ҳузуру суханронии намояндагони адабу ҳунари вилояти Хатлон низ ба ин маҳфил шукуҳи хос ато намуд. Онҳо саҳми ин бонуи суханварро дар рушди фарҳанги миллӣ ва маънавиёти ҷомеа арзишманд дониста, бо эҳтиром аз номи ҳам­касбони худ ӯро табрик гуфтанд.

Дигар хабарҳо