МАҲФИЛИ ШЕЪРИ ДИЛФУРЎЗ
15-уми окябри соли равон ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Раҳмат Назрӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили зебои адабӣ баргузор шуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким зимни ифтитоҳи маҳфил дар бораи мақоми Раҳмат Назрӣ дар шеъри муосир ва ҳунармандиҳои ў дар офариниши шеър сухан гуфта, аз ҷумла шеъри «Лабчанг»-ро мисол оварду гуфт, ки шоир ин шеъри зебову дилрасро дар ҳабдаҳсолагӣ сурудааст ва мо кам шоиреро медонем, ки дар ин синну сол чунин шеъри хонданӣ навишта бошад. Номбурда ҳамчунин бо истинод ба кито- бҳои ашъори соҳибҷашн изҳор дошт, ки шоир дар эҷоди ҳар навъи шеър дасти расо дорад ва ҳунари баланди шоирияш аз нахустин шеър то шеърҳои солҳои охираш бармало намудор аст.
Гардонандагии маҳфилро Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба уҳда дошт. Ў гуфт, ки Раҳмат Назрӣ шоири аз ҳар нигоҳ ҳунарманду навгарост ва шеъраш аз ҷиҳати забону баён, тасвирҳои шоирона, сувари хаёл қобили таваҷҷуҳи хос аст ва нақду пажўҳиши ҳамаҷониба мехоҳад. Устоди шеър Бозор Собир дар ҳаққи ў беваҷҳ нагуфтаанд: «Ман шеъри Раҳмат Назриро дар радифи шеъри шоирони маъруфи форсигў мутолиа мекунам»,- гуфт гардонандаи маҳфил. Номбурда аз дўстиҳо, ҳамсафариҳо ва ҳамкориҳои худ бо Раҳмат Назрӣ ёд карда, бо нақли баъзе пораҳо аз рўзгори шоир табъи ҳозиринро болида намуд.
Қироати шеърҳои ватандўстонаву ошиқона, кўдакона ва ҳаҷвияҳои намакин аз ҷониби шоир ба ҳамагон шавқу шўр бахшиду боиси гармии бештари маҳфил гардид.
Табиб ва шоир Алиакбар Сафар зимни суханронии табрикӣ изҳор дошт, ки аз пуштибониҳои Раҳмат Назрӣ дар роҳи эҷод бисёр бархўрдор шудааст ва ўро дар дўстиву садоқат беҳамто дидааст.
Сипас Ҳунарпешаи халқии Тоҷики- стон Ортиқи Қодир чанд шеъри Раҳмат Назриро бо маҳорати ба худаш хос ва муассиру дилнишин қироат кард ва ба ҳозирин як ҷаҳон лаззати маънавӣ бахшид.
Сарояндагони маъруф Саидқул Билолов, Баҳодур Неъматов, Хосияти Зарафшонӣ, Абдумаҷид Бердиев ва дигарон бо иҷрои сурудҳо аз матни шоир зебоии маҳфилро афзуданд.
Маҳфил бо суханронӣ ва шеърхонии шоир ба нишони сипосгузорӣ ба аҳли толор хотима пазируфт.
«АС»