Маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон”

 Маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон”

     

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” санаи 13 марти соли 2023 маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон” таҳти унвони “Давлатдории миллӣ ва нақши ҳаётии он дар сарнавишти таърихии тоҷикон” баргузор гардид. Маҳфилро муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” Раҷабзода Зарнигор ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Давлатдории миллии тоҷикон ва нақши ҳаётии он дар сарнавишти таърихии тоҷикон” суханронии пурмӯҳтаво намуда, зикр кард, ки имрӯз дар ҷаҳон фақат ҳудуди 2 фоизи миллатҳо соҳиби давлатанд, боқӣ 98 дар сади қавму миллатҳои ҷаҳон давлат надоранд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки арзишҳои миллии худро пос дорем.
Дар фарҷоми маҳфили мазкур миёни иштирокчиён ва меҳмонон музокира ташкил карда шуд, ки дар рафти он ҳозирин ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Роҳбари маҳфили “Сиёсатшиноси ҷавон” Туҳфа Муқимзода аз сиёсатшиносони ҷавон даъват ба амал овард, ки барои такмил додани дониши худ ба маҳфили “Сиёсатшиноси ҷавон” бипайванданд. Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ ба сиёсатшиноси варзида Абдуллоҳи Раҳнамо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Дигар хабарҳо