Маҳфили саршор аз ҷавонӣ

 Маҳфили саршор аз ҷавонӣ

 20-уми майи соли равон ба муноси­бати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили муштараки адабию фарҳан­гии ИНТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси ИНТ ба маҳфил оғоз бахшида, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик кард ва аз фаъолияти адибони ҷавон сухан гуфта, эҷодиёти онҳоро хуб арзёбӣ намуд. Сипас Дилошӯб Розиқзо­да, сардори раёсати рушди иҷтимоиии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон аз мавқеъи назарраси ҷавонон дар ҷомеа ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар нисбати онҳо суханронӣ кард.

Дар идома адибони ҷавон Бахтиёр Раҳмониён, Бузургмеҳри Ҳаким, Сайидо Шарафӣ, Шукронаи Эраҷ, Беҳрӯз Қайюмӣ, Гулзода Шералӣ ва Моҳистон Сафарзода шеъру ҳикояҳои тозаи худро хонданд, ки аз ҷониби ҳозирин хуб пазируфта шуд.

Дар охир ба як қатор адибони ҷавон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сипосномаҳо ва туҳ­фаҳо тақдим гардиданд

Дигар хабарҳо